Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо аз 26 марти соли 2025, № 213

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 марти соли 2025, № 213
тасдиқ шудааст

Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби ба навъи кишгигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо (минбаъд - Тартиби мазкур) тартиби аз ҷониби мақомоти нақлиёти обӣ ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳоро муайян мекунад.

2.Тартиби мазкур нисбат ба ҳамаи дарёҳо, кӯлу обанборҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, татбиқ мегардад.

3.Амали Тартиби мазкур нисбат ба роҳҳои обии наздисарҳадӣ ҳангоми бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ татбиқ мегардад.

4.Шино кардани киштиҳо дар роҳҳои обии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.

5.Ба навъи киштигард мансуб донистани объектҳои обӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои таҳлили мувофиқи мақсад будани ба навъи киштигард мансуб донистани объектҳои обӣ ва ба рӯйхати роҳҳои обии киштигард дохил намудани объектҳои обӣ ё қитъаҳои онҳо (бо нишон додани сарҳад) амалӣ мегардад.

6.Рӯйхати объектҳои обие, ки ба навъи роҳҳои киштигард мансуб дониста мешаванд, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

2.РОҲҲОИ ОБӢ

7.Ҳама роҳҳои обии дохилӣ роҳҳои истифодаи умум мебошанд.

8.Роҳҳои обии дохилӣ ба роҳҳои табиӣ (дарёҳо, кӯлҳо) ва сунъӣ (каналҳо, қитъаҳои дарғотҳои обпарто, обанборҳо) ҷудо мешаванд.

...
Утвержден 
постановлением Правительства 
Республики Таджикистан 
от «26» марта 2025 года, №213

Порядок отнесения водных путей к категории судоходных и правила их эксплуатации

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок отнесения водных путей к категории судоходных и правила их эксплуатации (далее - настоящий Порядок), определяет порядок отнесения органами водного транспорта водных путей к категории судоходных и правила их эксплуатации.

2. Настоящий Порядок применяется ко всем рекам, озерам и водохранилищам, находящимся на территории Республики Таджикистан.

3. Действие настоящего Порядка применяется к приграничным водным путям при заключении международных договоров Республики Таджикистан с зарубежными государствами.

4. Плавание судов по внутренним водным путям Республики Таджикистан допускается под флагом Республики Таджикистан.

5. Отнесение водных объектов к категории судоходных осуществляется Министерством транспорта Республики Таджикистан по согласованию с Министерством энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан и Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан на основании результатов анализа о целесообразности отнесения водных объектов к категории судоходных и включения водных объектов или их участков (с указанием границ) в перечень судоходных водных путей.

6. Перечень водных объектов, отнесенных к категории водных путей разрабатывается и утверждается Министерством транспорта Республики Таджикистан в согласовании с Министерством энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан и Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

2.ВОДНЫЕ ПУТИ

7. Все внутренние водные пути являются путями общего пользования.

8. Внутренние водные пути подразделяются на естественные (реки, озера) и искусственные (каналы, шлюзованные участки рек, водохранилища).

...