бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 марти соли 2025,
№ 210 тасдиқ шудааст
Ёддошти тафаҳҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт (минбаъд ба таври дастаҷамъӣ ва инфиродӣ Тарафҳо ва Тараф). Бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар ва хоҳиши онҳо барои васеъ ва амиқтар кардани дониш ва фаҳмиши мутақобила тавассути ташвиқи табодули таҷриба ва ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.
Тарафҳо ба мувофиқаи зерин омаданд:
Моддаи 1
Тарафҳо кӯшиш мекунанд, ки байни худ дар соҳаи варзиш ҳамчун воситаи таҳкими сулх ва дӯстӣ дар ҳар ду кишвар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ барпо кунанд.
Моддаи 2
Тарафҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи ҷавонон ва варзиш тақвият бахшида, дар самтҳои зерин ҳамкорӣ менамоянд:
1)Мубодилаи таҷриба байни варзишгарон ва мураббиён дар ҳама соҳаҳои варзиш, ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам байналмилалӣ.
2)Мубодилаи таҷриба оид ба гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва фестивалҳо дар соҳаи варзиши байналмилалӣ дар ҳар ду кишвар.
3)Мубодилаи таҷриба дар рушди иншооти варзишӣ ва беҳтар намудани инфрахсохтори онҳо.
4)Мубодилаи таҷриба дар самти марказҳои таълимии роҳбарони варзиш.
5)Мубодилаи таҷриба дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи варзиш аз ҳисоби занон.
6)Мубодилаи таҷриба дар самти расонаҳои варзишии аудиовизуалӣ, хондашаванда ва электронӣ.
7)Мубодилаи таҷриба ва тадқиқот даро соҳаи зиддидопинг ва андозагирии физиологӣ.
8)Табодули таҷриба дар соҳаи варзиши маъюбон, аз ҷумла маъюбони руҳӣ ва ҷисмонӣ, ношунавоён ва нобиноён.
9)Мубодилаи таҷриба дар соҳаи сармоягузорӣ ва иншооти варзишӣ ва хусусигардонии клубҳои варзишӣ.
10)Мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузории маҳаллӣ ва байналмилалии вазишӣ.
11)Мубодилаи таҷриба дар соҳаи тибби варзишӣ ва ҷарроҳии махсус дар соҳаи ҷароҳатҳои варзишӣ бо истифодаи усулҳои муосири тиббӣ.
12)Мусоидат дар соҳаи коммуникатсияи аудио ва визуалӣ, бо мақсади огоҳ кардани тарафҳо дар бораи рушди варзиш.
13)Мубодилаи китобҳои марбут ба омӯзиши соҳаи варзиш дар ҳар ду кишвар.
14)Табодули қонунҳо ва санадҳои меъёрии марбут ба варзиш дар ҳар ду кишвар.
15)Мубодилаи таҷриба дар соҳаи арбитражи варзишӣ.
16)Мубодилаи чорабиниҳои марбут ба варзиш дар ҳар ду кишвар.
Моддаи 3
1.Тарафҳо кумитаи муштаракеро, ки барои назорати иҷрои ёддошти тафоҳуми мазкур мулоқот мекунанд иборат аз се нафар аз ниҳоди салоҳиятдори ҳар як кишвар оид ба варзиш таъсис медиҳанд.
2.Санаҳои баргузории ҷаласаҳои кумитаи муштарак тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд.
Моддаи 4
Мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати иҷрои Ёддошти тафоҳуми мазкур:
аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз ҷониби Ҳукумати Давлати Кувайт - Вазорати варзиши Кувайт
Моддаи 5
Мубодилаи ҳайатҳои варзишии Тарафҳо мувофиқи шартҳои зерини молиявӣ сурат мегирад:
1.Хароҷоти молиявии марбут ба амалӣ кардани муқаррароти Ёддошти тафоҳум мутобиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо дар доираи имконияти мавҷудаи молиявии ба соҳаҳои дахлдор ҷудогардида, агар дар ҳар як ҳолати мушаххас дигар созиш мувофиқа нашуда бошад, пардохт карда мешавад.
2.Ёддошти тафоҳуми мазкур ҷаҳорчӯби умумии ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи варзиш муайян намуда, имзои он ҳеҷ гуна уҳдадориҳои молиявиро талаб намекунад.
3.Ҳама фаъолиятҳое, ки дар ин Ёддошти тафоҳум зикр шудаанд, бояд ба қонунҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар мувофиқат кунанд.
Моддаи 6
Ҳар як баҳси марбут ба тафсири ё иҷрои Ёддошти тафоҳум ба таври дӯстона бо роҳи машварат ва гуфту шунид тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал карда мешавад.
Моддаи 7
Ёддошти тафоҳуми мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.
Бо розигии мутақобилаи Тарафҳо ба Ёддошти тафоҳуми мазкур метавонад тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Тағйироту иловаҳои мазкур бо тартиби муқарраргардидаи банди якуми моддаи мазкур эътибор пайдо менамоянд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур ба муҳлати се сол баста мешавад ва худ ба худ ба давраҳои панҷсолаи минбаъда тамдид меёбад, агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо оид ба нияти худ дар мавриди катъи амали он на дертар аз шаш моҳ то гузаштани давраи навбатӣ ба Тарафи дигар бо роҳҳои дипломатӣ огоҳиномаи хаттӣ ирсол накунад.
Қатъи амали Ёддошти тафоҳуми мазкур ба иҷрои лоиҳаҳо, чорабиниҳои муштарак ва барномаҳои мубодилавии дар доираи ин Ёддошти тафоҳум, ки дар лаҳзаи қатъи он пурра иҷро нашудаанд, таъсир намерасонад.
Дар шаҳри Кувайт 3 ноябри соли 2024 дар ду нусха, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расонида шуда, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори яксон доранд, дар ҳолати ба миён омадани ихтилоф, ба матни англисӣ бартарӣ дода мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | Аз ҷониби Ҳукумати Давлати Кувайт |