ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ маъқул дониста шавад.
2. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Кувайт мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 209
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ, ки 3 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кувайт ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби кувайтиро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар шахси Мақомоти давлатии қувваи корӣ, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
муносибатҳои дӯстонаи байни ҳукумат ва халкҳои ҳарду кишварро тасдиқ намуда,
бо хоҳиши ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба дар асоси манфиатҳои муштарак ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи мубодилаи меҳнат,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Ҳадафи ин Ёддошти тафоҳум таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл ва рушди нерӯи корӣ, таъкид кардани аҳамияти ҳифзи коргарони хориҷӣ дар бахши хусусӣ тибқи қонунҳо ва қонунгузории амалкунандаи ҳар ду кишвар мебошад.
Моддаи 2
Тарафҳо талаботи хизматрасониҳои дахлдорро барои қабул ва рушди чунин ҳамкорӣ дар доираи қонунҳо, қоида ва қонунгузории мавҷудаи ҳар ду кишвар сода менамоянд.
Моддаи 3
Тарафҳо интиқол ва ҷалби нерӯи корӣ байни ду кишварро дар доираи қонун, қоида ва қонунгузории мавҷудаи ҳар ду кишвар сода менамоянд.
Моддаи 4
Сафар ва машваратҳо байни ҳар ду кишвар, аз ҷумла мубодилаи дониш ва таҷриба дар соҳаи рушди меҳнат ва имкониятҳои таъсиси ҷойҳои корӣ мубодила карда мешаванд.
Моддаи 5
Шартҳои асосии меҳнат ва ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва корманд дар ҷойи кор дар қарордоди меҳнатӣ бояд тибқи қонунгузории давлати қабулкунанда муайян ва амалӣ карда шаванд.
Моддаи 6
Дар сурати ба миён омадани баҳс миёни корфармо ва корманд, тибқи қоидаҳо ва қонунгузории амалкунандаи кишвари қабулкунанда қарори мусолиматомез қабул карда мешавад. Дар сурати қабул нагардидани қарори мусолиматомез, ҳалли баҳс ба мақомоти судии маҳалли баҳс фиристода мешавад.
Моддаи 7
Ба кормандони Тарафҳо иҷозат дода мешавад, ки маблағҳои ба даст овардашударо тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар ба кишвари иқомати доимӣ интиқол диҳанд.
Моддаи 8
Барои иҷрои вазифаҳои зерин гурӯҳи кории муштарак таъсис дода мешавад:
1.Пайгирӣ ва таъкиди татбиқи Ёддошти тафоҳум.
2. Дар мавриди зарурӣ барои ҳалли мушкилот ва камбудиҳо ба Ёддошти тафоҳуми мазкур тағйиру иловаҳое ворид карда мешаванд, ки татбиқи муқаррароти Ёддоштро халалдор намесозанд.
3. Таҳлили имкониятҳои меҳнатӣ ва пешниҳоди ҳамкориҳои техникӣ ва рушди малакаҳо, инчунин таъмини тамоми соҳаҳо бо мутахассисони баландихтисоси техникӣ бо мақсади ноил шудан ба манфиатҳои мутақобилаи Тарафҳо.
Гурӯҳи кории муштарак соле як маротиба бо навбат дар ҳар як кишвар ва бо дархости яке аз Тарафҳо мулоқот мекунад.
Моддаи 9
1. Ин Ёддошти тафоҳум ба уҳдадориҳои санадҳои байналмилалии дуҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки Тарафҳо иштирокчии он мебошанд, таъсир намерасонад.
2. Тарафҳо Ёддошти тафоҳумро мутобиқи қонунҳо ва қоидаҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар татбиқ менамоянд.
3. Ҳама баҳсҳое, ки аз натиҷаи тафсир ва татбиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур бармеоянд, аз ҷониби Тарафҳо бо роҳи мусолиматомез тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 10
Ёддошти тафоҳуми мазкур пас аз бо роҳҳои дипломатӣ гирифтани огоҳиномаи хаттӣ оид ба анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ аз ҷониби Тарафҳо, ки барои амалисозии он заруранд, эътибор пайдо мекунад.
Ин Ёддошти тафоҳум панҷ сол эътибор дорад ва ба таври автоматӣ ба ҳамон давра ё давраҳо тамдид карда мешавад, агар яке аз Тарафҳо дар бораи хоҳиши худ оид ба қатъ кардани амали Ёддошти тафоҳум шаш моҳ пеш аз санаи пешниҳодшудаи қатъи амал Тарафи дигарро тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳ насозанд.
Қатъи амали Ёддошти тафоҳуми мазкур тибқи муқаррарот ба рафти ягон лоиҳа, чорабинии муштарак ё барномаи табодулӣ таъсир намерасонад, агар Тарафҳо тартиби дигареро мувофиқа накарда бошанд.
Дар шаҳри Кувайт санаи 3 ноябри соли 2024 дар ду нусхаи асл бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расонида, ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд.
Дар сурати ба вуҷуд омадани ихтилофот дар тафсир ё татбиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур, матни забони англисӣ афзалият дорад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | Аз ҷониби Хукумати Давлати Кувайт |
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Меморандуме о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт по обмене рабочей силы в частном секторе
В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Представить на ратификацию в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Меморандум о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт по обмену рабочей силы в частном секторе, подписанный 3 ноября 2024 года в городе Кувейт.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 декабря 2025 года №209
Проект
Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
О ратификации Меморандума о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт по обмену рабочей силы в частном секторе
В соответствии со статьей 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
1. Ратифицировать Меморандум о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт по обмену рабочей силы в частном секторе, подписанный 3 ноября 2024 года в городе Кувейт.
2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке информировать кувейтскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Меморандума о взаимопонимании.
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
Прилагается на тадж.яз