Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистонн Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон) ва дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус (танҳо барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ)

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 26 марти соли 2025, № 208
тасдиқ шудааст

 

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистонн Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон) ва дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус (танҳо барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо саъю кӯшиши тарафҳо барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар,

бо хоҳиши сода кардани раванди рафтуомади шаҳрвандон ҳарду кишвар дар асоси принсипи мутақобила,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Шаҳрвандони ҳар кадоме аз Тарафҳо метавонанд (ҳангоми сафари хизматӣ ё хусусӣ) ба ҳудуди Тарафи дигар бидуни раводид барои будубоши давомдор ё бисёркарата на бештар аз навад (90) рӯз дар давоми яксаду ҳаштод (180) рӯз аз санаи вуруди аввалинашон, ки дорандагони шиносномаи амалкунандаи дипломатӣ ё хизматӣ (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон) ва дорандагони шиносномаи дипломатӣ ва махсус (танҳо барои шаҳрвандони Саудӣ) мебошанд, ворид гарданд.

а) барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон: шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, ки на кам аз шаш моҳ эътибор доранд.

б) барои шаҳрвандони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ: шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус, ки на кам аз шаш моҳ эътибор доранд;

Моддаи 2

Шахрвандони ҳар кадоме аз Тарафҳо, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус мебошанд, бо барои гирифтани раводид ҳангоми будубоши давомдор ё иқомати чандкарата, ки аз муҳлати дар моддаи (1) ҳамин Ёддошти тафоҳум зикршуда зиёд аст, дархост менамояд.

Моддаи 3

Шаҳрвандони Тарафҳо ҳангоми ворид шудан ва дар муҳлати будубош ба ҳудуди Тарафи дигар тибқи муқаррароти моддаи (1) ҳамин Ёддошти тафоҳум бояд қонунгузории миллии ҳар кадом Тараф ва шартномаҳои байналмилалиро, ки давлатҳои Тарафҳо эътироф кардаанд, риоя намоянд.

Моддаи 4

Муқаррароти моддаи (1) ҳамин Ёддошти тафоҳум нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо мақсади адои маросими ҳаҷ ё умра меоянд, татбиқ намегардад ва бояд бо ин мақсад бояд раводиди махсус гирифта шавад.

Моддаи 5

Тарафҳо ташрифи шаҳрвандонеро, ки ба ин ё он давлат ба сафари расмӣ меоянд, қаблан миёни ҳамдигар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг менамоянд.

Моддаи 6

Мутобиқи муқаррароти моддаи (1) ҳамин Ёддошти тафоҳум, ба шаҳрвандони ҳар як Тараф, ки ба давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, иҷозат дода намешавад, ки дар давоми будубош бо ягон тиҷорат машғул шаванд, агар он ба қонунгузорӣ ва қоидаҳои давлати Тарафи қабулкунанда мухолифат кунад.

Моддаи 7

Тарафҳо бо роҳҳои дипломатӣ бо шаклҳои нав ё ислоҳшудаи шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматии худ мубодила мекунанд. Ҳар як Тараф ба Тарафи дигар оид ба шартҳои таҳия ва истифодаи чунин шиносномаҳо хабар медиҳад. Ҳар як Тараф ба Тарафи дигар дар бораи ҳама гуна ислоҳот вобаста ба шакли чунин шиносномаҳо ва шартҳои додан ё истифода ба қадри имкон на камтар аз шаст рӯз қабл аз санаи ворид намудани тағйирот хабар хоҳад дод ва дар ҳамин муҳлат оид ба ҳама гуна ҳодисаҳои дуздӣ, гум кардан ё бекор кардани шиносномаҳо хабар медиҳад.

Моддаи 8

Тарафҳо кушиш менамоянд, ки маълумот ва ҳуҷҷатҳои мубодилаи байни онҳо танҳо барои мақсадҳое, ки мувофиқи Созишнома ба онҳо дода шудааст, истифода гардад. Чунин маълумот ва ҳуҷҷатҳо набояд ба ягон шахси сеюм бе розигии хаттии Тарафи дахлдор дода шаванд.

Моддаи 9

Ҳар як Тараф ҳуқуқ дорад амалӣ ин Ёддошти тафоҳумро пурра ё қисман бо сабабҳои амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё саломатии аҳолӣ фавран боздорад. Чунин боздоштан пас аз ба таври хаттӣ огоҳ кардани Тарафи дигар тавассути роҳҳои дипломатӣ эътибор пайдо мекунад. Бо розигии Тарафҳо ба Ёддошти тафоҳуми мазкур метавонанд тағйирот ворид карда шавад.

Моддаи 10

1.Ёддошти тафоҳуми мазкур метавонад бо мувофиқаи Тарафҳо тибқи расмиёти қонунгузории дахлдори онҳо тағйир дода шавад;

2.Тарафҳо ҳама гуна баҳсҳоеро, ки вобаста ба тафсир ё татбиқи ин Ёддошти тафоҳум ба миён меоянд, тавассути машварат ва роҳҳои дипломатӣ ва бо мақсади ба манфиатҳои умумии онҳо хизмат кардан ҳал мекунанд. Ҳама гуна баҳсҳои байни тарафҳо наметавонанд тариқи суд, мақомот ё мақомоти дигар барои ҳалли онҳо пешниҳод карда шаванд;

3.Ёддошти тафоҳуми мазкур аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирини мутақобилаи байни Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ эътибор пайдо мекунад, гирифтани чунин огоҳинома анҷоми расмиёти зарурии дохилидавлатиро барои эътибор пайдо кардани он тасдиқ мекунад.

4.Ёддошти тафоҳуми мазкур ба муҳлати панҷ сол эътибор дорад ва худ аз худ ба давраи дигар ё ба ҳамин давраҳои пай дар пай тамдид карда мешавад, агар яке аз Тарафҳо ба Тарафи дигар огоҳиномаи хаттиро дар бораи нияти худ оид ба қатъ ё тамдид накардани Ёддошти тафоҳум на камтар аз шаш моҳ қабл аз ба охир расидани муҳлати он ирсол намояд.

Ёддошти тафоҳуми мазкур дар ш. Ню-Йорк 27 сентябри 2024 дар ду нусхаи асл, ҳар яке бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ омода шуда, ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар сурати ба миён омадани ихтилофот дар тафсири он, афзалият ба матни забони англисӣ дода мешавад.


Аз ҷониби Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Ҳукумати 

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ



Утвержден
постановлением Правительство
Республики Таджикистан
от 26 марта 2025 года  №208


Меморандум о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Королевства Саудовской Аравии о взаимной отмене визовых требований для владельцев дипломатических и служебных паспортов (только для граждан Таджикистана) и владельцев дипломатических и специальных паспортов (только для граждан Саудовской Аравии) 

Прилагается на тадж.яз