Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2025, № 207 "Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он


Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он, ки 12 феврали соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 207
Лоиҳа

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он


Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он, ки 12 феврали соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (минбаъд «Тарафҳо» ва дар алоҳидагӣ «Тараф» номида мешаванд);

муносибатҳои миёни Тарафҳоро ба инобат гирифта;

бо хоҳиши барқарор намудани ҳамкориҳои мутақобила дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он;

бо эҳтиром доштан ба низоми ҳуқуқии миллӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишварҳояшон;

бо эҳтиром гузоштан ба истиқлолияти миллии кишварҳо;

дар доираи салоҳиятҳо, ки дар асоси онҳо амал мекунанд, ба мувофиқаи зайл расиданд.

Моддаи 1

Мақсади Созишнома ҳамоҳанг ва рушди ҳамкориҳо миёни Тарафҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он мебошад.

Моддаи 2

Тарафҳо дар доираи Созишномаи мазкур, ки соҳаҳои зеринро дар бар мегирад, ҳамкорӣ менамоянд:

1.Мубодилаи маълумот оид ба амалҳои террористӣ ва маблағгузории он, ки ба муқобили яке аз Тарафҳо дар ҳудуди Тарафи дигар ё ҷониби сеюм омода мешаванд;

2.Мубодилаи маълумот оид ба ашхоси гумонбар дар содир намудани амалҳои террористӣ ё маблағгузории он, маълумотҳои тарҷумаҳолии онҳо, инчунин маълумотҳои бонкӣ;

3.Мубодилаи маълумот доир ба саҳифаҳо, сомонаҳо ва шахсони алоҳида, ки тавассути шабакаи интернет ғояҳои террористиро ташвиқу тарғиб менамоянд;

4.Мубодилаи маълумот оид ба шахсияти террористон, гурӯҳҳо ё ташкилот, махсусан оид ба сохтор, фаъолият, сарчашмаи маблағгузорӣ ва воситаҳои алоқаи онҳо;

5.Бо дархости Тарафи дигар, бурдани ҷустуҷӯ, фаъолияти разведкавӣ ва ҷамъоварии ҳамагуна маълумот, ки ба терроризм ва маблағгузории он алоқамандӣ доранд;

6.Мубодилаи маълумот оид ба ҳамлу нақли молҳои шубҳанок, ки меъёрҳои Қатъномаи Шӯрои амниятро, ки мутобиқи боби 7-и Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, вайрон мекунад;

7.Дар асоси дархост, огоҳ намудани Тарафи дигар оид ба натиҷаҳои мурофиаи судӣ, санадҳои қабулнамудаи суд, ки ба муқобили шаҳрвандонаш равона шудааст.

8.Мубодилаи маълумот, мулоқотҳо, сафарҳо, ташхисҳо, инчунин ташкили конфронсҳо ва намоишҳо дар доираи Созишномаи мазкур;

9.Ташкили вохӯрии коршиносони Тарафҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он;

10.Ҳамоҳангсозии амалиётҳои муштарак дар самти мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он;

11.Дар доираи Созишномаи мазкур расонидани ёрии техникӣ ва технологӣ, махсусан ташкили алоқаи рамзӣ, ҷиҳати ба роҳ мондани мубодилаи маълумот байни Тарафҳо;

12.Ба роҳ мондани чорабиниҳои омӯзишӣ дар соҳаи амният, тавассути:

а) ташкили барномаҳо ва курсҳои омӯзишӣ;

б) ташкили сафарҳои коршиносон ва таҷрибаомӯзон;

с) мубодилаи таҷрибаи Тарафҳо доир ба чорабиниҳои омӯзишӣ;

13.Дигар намуди ҳамкорӣ, ки Тарафҳо дар доираи Созишномаи мазкур ба тавофуқ мерасанд.

Моддаи 3

1. Ҳар як Тараф метавонад аз ҳамкорӣ пурра ё қисман даст кашад, агар чунин ҳамкорӣ:

а) истиқлолият ва амнияташро халалдор кунад;

б) ба қонунҳои дохилиаш мухолифат намояд;

в) ба уҳдадориҳои байналмилалиаш мухолиф бошад;

г) ба ҳукми суд ё ҳалномаи дар ҳудудаш бароварда мухолиф аст;

д) тафтишот ё мурофиаи худро халалдор мекунад;

е) иҷрои амали аз доираи уҳдадориҳои дар Созишномаи мазкур дарҷшуда берунро талаб намояд.

Дар сурати яке аз Тарафҳо пурра ё қисман аз иҷрои дархост оид ба ҳамкориҳо даст мекашад, роҷеъ ба қарори қабулкардааш Тарафи дигарро фавран огоҳ месозад.

2.Созишномаи мазкур ба ҳукуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо, ки аз ҳама гуна барнома ё созишномаи мавҷудаи ҳамкорӣ бармеоянд, дахолат намекунад, ки яке ё ҳарду Тараф иштирокчии он мебошанд.

3.Ҳама гуна ёддоштҳои тафоҳум ва барномаҳои ҳамкории байни Тарафҳо ба ин Созишнома мутобиқ карда мешаванд.

Моддаи 4

Тарафҳо метавонанд, дар ҳолати зарурӣ, аз ҳисоби мутахассисони ботаҷрибаи ҳарду кишвар гуруҳи корӣ таъсис диҳанд, ки ба зиммаи он баррасии масоили ҳамкорӣ оид ба барномаҳои таълимӣ ва тавсияҳо ба мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо, вогузор карда мешаванд.

Моддаи 5

Тарафҳо махфияти иттилоотеро, ки тибқи ҳамин Созишнома мубодила мешаванд, нигоҳ медоранд. Пешниҳоди маълумот ба ҷониби сеюм бе розигии хаттии Тарафи омодакардаи он манъ мебошад. Тарафҳо дар сурати қатъ ё ба охир расидани муҳлати ин Созишнома татбиқи муқаррароти ҳамин моддаро давом медиҳанд.

Моддаи 6

Дараҷаи махфияти мукотибот байни Тарафҳо чунин аст:


КДАМ ҶТ

ХАД ШАС

Фавқулодда муҳим

Комилан махфӣ

Комилан махфй

Бисёр махфӣ

Махфӣ

Махфӣ

 

Пинҳонӣ


Моддаи 7

Тарафҳо бояд кафолат диҳанд, ки маводи байни онҳо мубодила мешавад, танҳо бо мақсади муайяншуда истифода мегардад.

Моддаи 8

Тарафҳо хароҷотҳоро, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои дар доираи ҳамин Созишнома ба вуҷуд омадаанд, аз сарчашмаҳои дастраси худ пардохт менамоянд.

Моддаи 9

Тарафҳо бо розигии мутақобила метавонанд ба муқаррароти ин Созишнома тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки бо протоколи алоҳида ба расмият дароварда шуда, ҷузъи ҷудонопазири ин Созишнома ба ҳисоб рафта, тибқи тартиби моддаи 12 он эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 10

Тамоми баҳсҳо, ки дар натиҷаи тафсир ё иҷрои Созишномаи мазкур ба миён меоянд, дар доираи ҳусни тафоҳум байни Тарафҳо бо роҳи машварат ҳаллу фасл гардида, манфиати ҳар ду Тараф ба инобат гирифта мешавад. Дар сурати ба даст наомадани тавофуқ, баҳсҳо бо роҳҳои дипломатӣ, бе муроҷиат ба суд, трибунал ё ҷониби сеюм ҳал карда мешаванд.

Моддаи 11

Ҳар як Тараф як ниҳоди салоҳиятдор ё ҳамоҳангсозро барои иҷрои ин Созишнома муайян мекунад ва Тарафи дигарро дар бораи ҳама гуна тағйирот дар он огоҳ мекунад.

Моддаи 12

Созишномаи мазкур аз рӯзи гирифтани огоҳномаи охирини хаттӣ дар хусуси ба анҷом расонидани расмиёти дохилии зарурӣ аз ҷониби Тарафҳо эътибор пайдо мекунад.

2.Созишномаи мазкур аз санаи пайдо кардани эътибор ба муддати (5) сол фаъолият мекунад ва ба таври худкор ба ҳамин давра (ҳо) тамдид карда мешавад, агар яке аз Тарафҳо шаш моҳ қабл аз анҷоми муҳлати он Тарафи дигарро ба таври хаттӣ дар бораи хоҳиши худ оид ба қатъ кардан ё тамдид накардани муҳлати он, хабардор накунад.

3.Дар сурати қатъ намудан ё тамдид накардани Созишнома, муқаррароти он нисбат ба барномаҳо ва чорабиниҳои анҷомдодашуда ё ҷорӣ, ки дар асоси ҳамин Созишнома таҳия шудаанд, ҳуқуқҳое, ки тибқи муқаррароти он танзим нашудаанд ё дархосте, ки дар давоми амали он оғоз шудаанд, эътибори худро нигоҳ медоранд.

Ин Созишнома дар шаҳри Душанбе санаи 12.02.2024 дар ду нусхаи асл бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори яксон доранд, ба имзо расид. Дар сурати ба миён омадани ихтилоф дар тафсир ё татбиқи ин Созишнома бартарӣ ба матни англисӣ дода мешавад.


Аз ҷониби

Кумитаи давлатии амнияти миллии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби

Хадамоти амнияти давлатии

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ



Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Соглашении о сотрудничестве между Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан и Службой государственной безопасности Королевства Саудовской Аравии в борьбе с терроризмом и его финансированием

В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Представить на ратификацию в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Соглашение о сотрудничестве между Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан и Службой государственной безопасности Королевства Саудовской Аравии в борьбе с терроризмом и его финансированием, подписанное 12 февраля 2024 года в городе Душанбе.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 марта 2025 года №207
Проект

Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

О ратификации Соглашения о сотрудничестве между Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан и Службой государственной безопасности Королевства Саудовской Аравии в борьбе с терроризмом и его финансированием

В соответствии со статьей 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Соглашение о сотрудничестве между Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан и Службой государственной безопасности Королевства Саудовской Аравии в борьбе с терроризмом и его финансированием, подписанное 12 февраля 2024 года в городе Душанбе.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Королевству Саудовской Аравии о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.


Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан 

Прилагается на тадж.яз