Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2025, № 206 "Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя


Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ки 3 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кувайт ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 206
Лоиҳа

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя


Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ки 3 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кувайт ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Кувайтро дар бораи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 1

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Давлати Кувайт ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид баканорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ азсупоридани андозҳо аз даромад ва сармоя

Ҳукумати Давлати Кувайт ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо хоҳиши бастани Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Ҳукумати Давлати Кувайт ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ки 23 июни соли 2013 дар шаҳри Кувайт ба имзо расидааст (минбаъд - Созишнома),

Ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Сарлавҳа ва муқаддимаи Созишнома хориҷ карда шуда, ба чунин шакл тағйир дода шавад:

«СОЗИШНОМАИ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БАРТАРАФ НАМУДАНИ АНДОЗБАНДИИ ДУКАРАТА НИСБАТ БА АНДОЗ АЗ ДАРОМАД ВА САРМОЯ, ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ САРКАШӢ ВА КАНОРАГИРӢ АЗ СУПОРИДАНИ АНДОЗҲО

Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Бо хоҳиши рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои андозҳо,

Бо нияти бартараф намудани андозбандии дукарата нисбат ба андозҳои дар Созишномаи мазкур пешбинишуда, бе ба вуҷуд овардани имкониятҳо барои ситонидани андозҳо ва ё бе кам намудани андозбандӣ бо роҳи саркашӣ ё канорагирии андозбандӣ аз пардохти андозҳо (аз ҷумла бо роҳи бастани қарордоди созишнома барои гирифтани имтиёз, ки дар ин Созишнома пешбинӣ шудааст, нисбати даромади ғайримустақим ба фоидаи (манфиати) резидентҳои кишварҳои сеюм,

Ба мувофиқаи зайл расиданд:»

Моддаи 2

Банди 3 моддаи 2 (Андозҳое, ки нисбати Созишнома татбиқ мегардад) хориҷ карда шуда, ба чунин шакл тағйир дода шавад:

«3. Ба андозҳои амалкунандае, ки амали Созишнома татбиқ мегардад, аз ҷумла инҳо мансубанд:

a)дар Давлати Кувайт:

(1)андози корпоративии даромад мутобиқ ба Фармони №3 аз соли 1955 бо тағийроти Қонуни №2 аз соли 2008;

(2)андоз мутобиқ ба Қонуни №23 аз соли 1961 дар бораи минтақаи бетараф; ва

(3)андоз мутобиқ ба Қонуни №19 аз соли 2000 дар бораи дастгирии кормандони миллӣ;

(ки минбаъд «андозҳои Кувайт» номида мешаванд).»

b)дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

(1)андоз аз даромад; ва

(2)андоз аз молу мулк

(ки минбаъд «андозҳои Тоҷикистон» номида мешаванд);

Моддаи 3

Зербанди а) банди 1 моддаи 4 (Резидент) хориҷ карда шуда, ба таври зайл тағйир дода шавад:

«а) ҳангоми истифода нисбати Кувайт:

(1)шаҳрванди Кувайт ва ширкат ё ташкилоте, ки дар Кувайт ба қайд гирифта шудааст, ва

(2)шахси воқеии дар Кувайт дар муддати ё муддатҳои, ки дар соли молиявии дахлдор дар маҷмӯъ на камтар аз 183 рӯзро ташкил медиҳад, ҳузур дорад.»

Моддаи 4

Банди 1 моддаи 25 (Расмиёти мувофиқаи тарафайн) хориҷ карда шуда, ба чунин шакл тағйир дода шавад:

«1. Агар шахс чунин шуморад, ки амали як ё ҳар ду Давлати Аҳдкунанда боиси он гардидааст ё мегардад, ки андозбандии шахси мазкур хилофи муқаррароти ҳамин Созишнома мебошад, ҳамин шахс сарфи назар аз воситаҳои ҳимоявии пешбининамудаи қонунгузории миллии ин Давлати Аҳдкунанда, метавонад масъалаи бавуҷудомадаро ба мақомоти салоҳиятдори ҳар Давлати Ахдкунанда ирсол намояд. Масъала бояд дар муҳлати се сол аз лаҳзаи ирсоли огоҳиномаи аввал дар хусуси амалҳое, ки боиси андозбандии хилофи муқаррароти ҳамин Созишнома мегарданд, пешниҳод карда шавад.»

Моддаи 5

Моддаи 26 (Табодули иттилоот) хориҷ карда шуда, ба чунин шакл тағйир дода шавад:

«Моддаи 26
Табодули иттилоот

1.Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Ахдкунанда иттилооти дахлдорро ҷиҳати иҷрои муқаррароти Созишномаи мазкур ё идоракунӣ ё таъмини иҷрои қонунгузории миллии марбут ба андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмие, ки аз номи Давлатҳои Аҳдкунанда ё воҳидҳои маъмурии худудии онҳо ё мақомоти маҳаллии ҳокимият ба ҳамон андозае, ки ин гуна андозбандӣ хилофи созишномаи мазкур намебошад, мубодила хоҳанд кард. Мубодилаи иттилоот тибқи моддаҳои 1 ва 2 махдуд намегардад.

2.Ҳама гуна иттилооте, ки Давлати Ахдкунанда мутобиқи банди 1 ба даст меорад, ҳамчун иттилооте, ки дар доираи қонунгузории миллии ҳамин Давлат ба даст омадааст, махфӣ ҳисобида мешавад ва метавонад танҳо ба ҳамон шахсон ва мақомоте (аз ҷумла судҳо ва мақомоти маъмурӣ), ки бо арзёбӣ ё ҷамъоварӣ, ситонидан ё таъқиби судӣ, ё ин ки баррасии аризаҳои вобаста ба андзозҳои дар банди 1 моддаи мазкур зикргардида машғуланд, ошкор карда шавад. Чунин шахсон ё мақомот ин иттилоотро бояд танҳо барои ҳамин гуна мақсадҳо истифода баранд. Онҳо ин иттилоотро метавонанд дар ҷараёни мурофиаи ошкорои судӣ ё дар қарорҳои судӣ фош намоянд.

3.Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд тафсири муқаррароти бандҳои 1 ва 2 Давлатҳои Аҳдкунандаро ба уҳдадориҳои зерин вогузор намояд:

a)гузаронидани чораҳои маъмурӣ хилофи қонунгузорӣ ё таҷрибаи ин ё он Давлати Аҳдкунанда;

b)пешниҳоди иттилооте, ки онро мувофиқи қонунгузорӣ ё дар ҷараёни амалияи маъмулии маъмурии ин ё он Давлати Ахдкунанда гирифтан мумкин нест;

c)пешниҳоди иттилооте, ки метавонад ягон сирри савдо, соҳибкорӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва касбӣ, ё раванди тиҷоратиро фош намояд ё иттилоотеро диҳад, ки ошкор сохтани он хилофи сиёсати давлат мебошад (тартиботи ҷамъиятӣ) мебошад.

4.Агар иттилоот мутобиқи моддаи мазкур аз ҷониби яке аз Давлати Аҳдкунанда талаб гардад, Давлати дигари Аҳдкунанда, ҳатто ба даст овардани чунин иттилоотро барои мақсадҳои андозбандии худ зарур наҳисобад ҳам, бояд барои ҷамъоварии иттилооти талабшуда чораҷӯӣ намояд. Уҳдадории дар ҷумлаи қаблӣ овардашуда бо муқаррарори банди 3 моддаи мазкур маҳдуд гардидааст, валс чунин маҳдудиятҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҳамчун иҷозатдиҳанда ба Давлати Аҳдкунанда барои саркашӣ аз пешкаш намудани иттилоот танҳо бо сабабе, ки ба ин иттилоот манфияти шахсӣ надорад, баррасӣ карда шавад.

5.Ба ҳеҷ ваҷҳ муқаррароти банди 3 ҳамчун иҷозатдиҳанда ба Давлати Аҳдкунанда барои рад кардани пешниҳоди иттилоот танҳо бо сабаби он, ки соҳиби иттилоот бонк, муассисаи дигари молиявӣ, дорандаи номиналӣ ё шахси ба сифати агент ё вакил амалкунанда мебошад ё бинобар он, ки мансуб ба ҳуқуқҳои молумулкии шахс аст, баррасӣ карда намешавад.»

Моддаи 6

Моддаи 27 А (Ҳуқуқ ба гирифтани имтиёзҳо) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 27 А
Ҳуқуқ ба гирифтани имтиёзҳо

Сарфи назар аз дигар муқаррароти ҳамин Созишнома, имтиёзҳо тибқи Созишномаи мазкур нисбати даромад татбиқ намегардад, агар хулосаҳои аниқ бо дарназардошти тамоми далелҳо ва ҳолати муносиб, ки гирифтани ҳамин имтиёз яке аз мақсадҳои асосии ҳар шартнома ё қарордод, ки мустақим ё ғайримустақим ба гирифтани ҳамин имтиёз оварда расонад, мавҷуд бошад ва агар муқаррар нашуда бошад, ки пешниҳоди имтиёз дар чунин ҳолат ба объект ва мақсади муқаррароти дахлдори ҳамин Созишнома мутобиқ бошад.»

Моддаи 7

Давлатҳои Аҳдкунанда бояд ҳамдигарро оид ба анҷом додани уҳдадориҳои худ ва иҷрои тартиботи дохилӣ ҷиҳати эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур ба таври хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳ намоянд. Протоколи мазкур, ки ҷузъи ҷудонопазири Созишнома ба ҳисоб меравад, аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирин эътибор пайдо мекунад ва ҳамин тавр аз рӯзи ба эътибор даромаданаш, амал мекунад.

Барои тасдиқи ҳамин, зеримзокунандагон, ки ба таври дахлдор аз тарафи ҳукуматҳои худ ваколатдор шудаанд, Протоколи мазкурро ба имзо расониданд.

Протоколи мазкур дар шаҳри Кувейт санаи 3 ноябри соли 2024 дар ду нусха бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ, ки эътибори баробари ҳуқуқӣ доранд, ба имзо расонида шуд. Дар сурати ихтилоф, ба матни англисӣ афзалият дода мешавад.

Аз ҷониби

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби

Ҳукумати Давлати Кувайт




Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Протоколе о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт об избежании двойного налогообложения и предотвращении уклонения от уплаты налогов на доходы и капитал

В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Представить на ратификацию в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Протокол о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт об избежании двойного налогообложения и предотвращении уклонения от уплаты налогов на доходы и капитал, подписанное 3 ноября 2024 года в городе Кувейт.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 марта 2025 года №206
Проект

Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

О ратификации Протокола о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт об избежании двойного налогообложения и предотвращении уклонения от уплаты налогов на доходы и капитал

В соответствии со статьей 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Протокол о внесении изменений и дополнений в Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт об избежании двойного налогообложения и предотвращении уклонения от уплаты налогов на доходы и капитал, подписанное 3 ноября 2024 года в городе Кувейт.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить кувейтскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур необходимых для вступления в силу настоящего Протокола.

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан