ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, ки 23 апрели соли 2024 дар шаҳри Рим ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 205
Лоиҳа
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, ки 23 апрели соли 2024 дар шаҳри Рим ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Италияро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният
Муқаддима
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия, ки минбаъд “Тарафҳо” ва дар алоҳидагӣ “Тараф” номида мешаванд:
оқибатҳои манфии ҷиноятро бо ҳамаи шаклҳояш ба тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, инчунин ба некуаҳволии шаҳрвандон дарк намуда;
аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалиро байни мақомоти салоҳиятдори ҳарду ҷониб дар муқовимат бо ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ва терроризм эътироф карда;
бо такя ба қатъномаи №45/123 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 14 декабри 1990 оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил, Конвенсияи ягона оид ба маводи мухаддир (Ню-Йорк, 30 марти соли 1961), бо тағйиротҳо дар протоколи иловагӣ (Женева, 25 марти соли 1972), Конвенсия оид ба моддаҳои психотропӣ (Вена, 21 феврали соли 1971), Конвенсия оид ба мубориза ба муқобили маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ (Вена, 20 декабри соли 1988), Конвенсияи СММ ба муқобили ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ (Ню-Йорк, 15 ноябри соли 2000) ва бо Протоколҳои иловагӣ оид ба муқовимат ба муқобили савдои одамон, асосан занон ва кӯдакон ва ҷазо нисбати он (Ню-Йорк, 15 ноябри соли 2000), алайҳи воридоти ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ё ҳаво (Ню-Йорк, 15 ноябри соли 2000), Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсия (Ню-Йорк, 31 октябри соли 2003) ҳамзамон қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Конвенсияи зидди терроризм, ки зери ҳимояи СММ қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия иштирокчии онҳо мебошанд;
бо дарназардошти муқаррароти қисми 8 Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки аз як тараф муносибатҳои шарикиро байни Иттиҳоди Аврупоӣ ва давлатҳои аъзои онҳо ва аз тарафи дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Люксембург 11 октябри соли 2004 ба имзо расидааст, муқаррар менамояд;
бо хоҳиши мустаҳкам кардани муносибати дӯстона дар асоси принсипҳои баробарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки миёни ду кишвар мавҷуд аст;
бо эҳтиром доштани низоми ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалии давлатҳои Тарафҳо, ҳамчун уҳдадориҳои Тарафи итолиёвӣ, ки аз аъзогии он дар Иттиҳоди Аврупо бармеоянд;
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1 Мақсад
Тарафҳо ба мувофиқа меоянд, ки мақсади ҳамин Созишнома мусоидат кардан, вусъат бахшидан ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ҷиҳати огоҳонидан ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳамаи шаклҳои он ва мубориза бо терроризм мебошад.
Моддаи 2 Мақомоти салоҳиятдор
Мақомоти салоҳиятдори иҷрои Созишномаи мазкур инҳоянд:
а) аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) аз тарафи Ҷумҳурии Италия - Вазорати корҳои дохилӣ - Департаменти бехатарии ҷамъиятӣ.
Моддаи 3 Доираҳои ҳамкорӣ
1. Тарафҳо тибқи қонунгузории миллии худ ва уҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии давлатҳои дахлдори худ ҳамкорӣ намуда, бо мақсади пешгирии зухуроти ҷиддӣ ва пайдошудаи ҷиноятӣ, инчунин ҷинояткории трансмиллӣ (фаромиллӣ) дар шаклҳои гуногуни он ва мубориза бо онҳо ҳамкорӣ намуда, ба соҳаҳои зерин диққати махсус медиҳанд:
а) ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ (фаромиллӣ);
б) ҷиноятҳо ба муқобили шахсият;
в) муомилот ва истеҳсоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва моддаҳои асосии кимиёвӣ, ки дар раванди истеҳсолот истифода мешаванд, инчунин истеҳсолоти доруҳое, ки дар таркибашон маводҳои психотропӣ ва маводҳои навъи психоактивӣ доранд (МНП), инчунин маҳсулотҳое, ки дорои мавод барои истифодаи допинг мебошанд;
г) савдои одамон, воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
д) муомилоти ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, ядроӣ, радиоактивӣ ва маводҳои заҳрдор;
е) ҷиноятҳои киберӣ ва пахши порнографияи кӯдакона;
ё) ҷиноятҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, аз ҷумла шустушӯи пул ва баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ;
ж) ҷиноятҳои молумулкӣ, аз ҷумла ҳимояи арзишҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
з) ҷиноятҳои экологӣ;
и) коррупсия;
й) қалбакӣ намудани пул ва сохтакорӣ дар умум.
2.Ғайр аз он, Тарафҳо дар пешгирии терроризм, аз ҷумла кибертерроризм ва экстремизми хушунатомез ва маблағгузории онҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.
3.Тарафҳо инчунин дар таҳкими иқтидор бо мақсади таҳкими амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламравҳои худ тавассути мусоидат, тибқи салоҳиятҳо ва конунгузории миллии худ, ҳамкории синергетикӣ (амалиёти якҷоя) ва табодули таҷрибаи пешқадам, инчунин таҳияи лоиҳаҳои муштараки таълимии касбӣ дар ҳама соҳаҳои салоҳият ҳамкорӣ хоҳанд кард.
4.Мақомоти салоҳиятдор метавонанд протоколҳои техникӣ банданд, ки муқаррароти онҳо ҳамкории Тарафҳоро дар соҳаҳои муайяни мубориза бо ҷинояткорӣ муайян мекунанд.
5.Созишномаи мазкур ба масъалаҳои истирдод ва ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дахолат намекунад.
Моддаи 4 Шаклҳои ҳамкорӣ
1.Шаклҳои ҳамкорӣ дар доираи ин Созишнома инҳоянд:
A) мубодилаи иттилоот:
а.дар бораи ҷиноятҳо, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, гурӯҳҳои сохторӣ ва шахсони ба онҳо алоқаманд, инчунин дар бораи сохт, идоракунӣ ва тарзи фаъолияти онҳо;
б.мубодилаи иттилоот оид ба кофтукови фирориён;
в.дар бораи гурӯҳҳои террористӣ, ки дар қаламравҳои дахлдори худ амал мекунанд ва субъектҳои ҷалбшуда, инчунин дар бораи усулҳои кори онҳо;
г.дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, прекурсорҳо ва моддаҳои кимиёвӣ алоқаманданд;
д.барои муайян ва маҳаллисозии дороиҳои пайдоиши ғайриқонунӣ;
е.дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
ё. дар шиносномаҳо ва дигар хуҷҷатҳои сафар, раводид, мӯҳрҳои вуруд ва баромад барои ошкор кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ;
ж.барои мубориза бо киберҷинояткорӣ, аз ҷумла истисмори ҷинсии кӯдакон ва порнографияи кӯдакон дар Интернет;
з.мубодилаи иттилооти дигаре, ки барои мақомоти салоҳиятдор таваҷҷӯҳи тарафайн доранд.
B)таҳдили падидаҳои ҷиноятӣ, ки таваҷҷӯҳи умумӣ доранд, мубодилаи воситаҳои оперативӣ ва таҷрибаи пешқадам, аз ҷумла,
а.барои идоракунии дороиҳои боздоштшуда ва мусодирашуда;
б.дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишварҳои дахлдори худ, дар бораи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои кимиёвии онҳо ва ҷиноятҳои марбут ба онҳо, инчунин дар бораи гардиши байналмилалии моддаҳои зикршуда, аз ҷумла тавассути шабакаҳои электронӣ ва натиҷаҳои таҳлили намунаҳои гирифташудаи маводи мухаддир;
в.дар бораи воситаҳои ҳуқуқӣ ва илмии мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла усулҳои тафтишот ва таҳлили илмӣ;
г.дар бораи усулҳо ва амалияи оперативии пешгирӣ ва пешгирии воридшавии ҷиноятӣ ба ширкатҳое, ки дар тендерҳои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд;
д.дар бораи усулҳои мубориза бо хариду фурӯши инсон ва воридоти ғайриқонунии муҳоҷирон;
е.дар бораи муайян ва бозпасгардонии шаҳрвандони худ, ки тибқи қонунгузории муҳоҷират ғайриқонунӣ дар қаламрави давлати дигар қарор доранд, бо имконияти таҳияи протоколи татбиқ, ки дорои расмиёти амалиётӣ барои самараноктар амалӣ намудани ҳамкории зикршуда мебошад.
C)андешидани чораҳои зарурӣ барои ҳамоҳангсозии татбиқи усулҳои махсуси тафтишот, ба монанди таҳвили назоратшаванда, назорати электронӣ ё дигар намудҳои назорат ва амалиёти махфӣ;
В) иҷрои дархостҳои кумак тибқи моддаи 5;
Е) ҳамкории стратегӣ:
а.омӯзиш ва таҷрибаи пешқадам дар тайёр кардани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
б.мубодилаи маводи таҳлилӣ, таҷриба ва коршиносон дар соҳаи омӯзиш, иқтидори эҷодӣ ва таҳияи стратегияҳои амният;
в.ташкили курсҳо, тренингҳо ва чорабиниҳои муштарак;
г.ташкили боздидҳо, семинарҳо ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам;
д.мубодилаи иттилоот дар бораи воситаҳои ҳуқуқӣ, илмӣ ва технологӣ, ташкил ва идоракунӣ, таҳқиқот ва навовариҳои технологӣ, таҳлили таҳдидҳои амниятӣ, инчунин таҳияи сиёсат ва стратегияҳо барои нигоҳ доштани онҳо.
2.Тарафҳо, тибқи қонунгузории миллии худ, дар бораи табодули мутақобилаи коршиносон бо мақсади гузаронидани тафтишот, инчунин барои мусоидат ба муносибатҳои ҳамкорӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки ниҳодҳо мувофиқа кунанд.
3.Тарафе, ки дар қаламрави он усулҳои махсуси тафтишот, аз ҷумла амалиёти махфии дар банди 1 D) ҳамин модда ва амалиёти муштараки ниҳодҳо, ки дар банди 2 ҳамин модда истифода мешавад, ба мақомоти Тарафи дигар кумаки кормандони худ ва сатҳи ҳимояи онҳоро пешниҳод менамояд.
4.Ҳамкорӣ дар доираи ин Созишнома тавассути нуқтаҳои тамоми аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тибқи моддаи 2 таъин шудаанд, амалӣ карда мешавад.
5.Мубодилаи иттилоот ва натиҷаҳои тафтишот, инчунин дархостҳо дар бораи ҳамкории оперативӣ, ки тибқи ин Созишнома фиристода мешаванд, тавассути Каналҳои Интерпол ё бо ҷалби коршиносони дахлдори амниятӣ ва/ё кормандони алоқа амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 5 Дархост барои кумак
1.Ҳамкориҳои пешбининамудаи Созишномаи мазкур дар асоси дархост дар бораи кумак, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ё бо ташаббуси мақоми салоҳиятдор, ки пешниҳоди ҳамин кумакро барои мақоми салоҳиятдори Тарафи дигар зарур мешуморад, амалӣ мегардад.
2.Дархостҳо дар бораи кумак дар шакли хаттӣ бо ҳамон тарзе, ки имконияти баҳо додани аслияти онҳо мавҷуд бошад, тартиб дода мешаванд. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир дархостҳо метавонанд шифоҳӣ бошанд, аммо на дертар аз 7 (ҳафт) рӯзи корӣ бояд тариқи хаттӣ тасдиқ карда шаванд.
3.Дархостҳо дар бораи кумак бояд маълумоти зеринро дошта бошанд:
а) номи мақомоти салоҳиятдори дархосткунанда;
б) номи мақомоти салоҳиятдори қабулкунандаи дархост дар бораи кумак;
в) шарҳи муфассали кор;
г) мақсад ва сабабҳои дархост;
д) дарҷи дархости талабшаванда;
е) дигар маълумоте, ки метавонад барои иҷрои самараноки дархост мусоидат намояд.
Моддаи 6 Даст кашидан аз кумак
1.Расонидани кумак дар доираи ҳамин Созишнома метавонад рад карда шавад, агар мақомоти салоҳиятдори дархостшаванда чунин шуморад, ки иҷрои дархост ба ҳуқуку озодиҳои асосии инсон, соҳибихтиёрӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ё дигар манфиатҳои муҳим зиён меоварад, ё он ба қонунгузории миллӣ ва ё ба уҳдадориҳои байналмилалӣ мухолиф мебошад.
2.Инчунин кумак метавонад рад карда шавад, агар иҷроиши дархост хароҷоти калони молиявии мақомоти салоҳиятдори дархостшавандаро ба бор орад.
3.Мақомоти салоҳиятдори дархостшаванда, метавонад қабл аз даст кашидан аз кумак, бо мақомоти салоҳиятдори дархосткунанда оид ба расонидани кумак мутобиқи шароите, ки онҳо зарур мешуморанд, машварат намояд. Агар мақомоти салоҳиятдори ҳарду ҷониб бо шароити зикргардида розӣ гарданд, уҳдадор мешаванд онро риоя намоянд.
4.Мақомоти салоҳиятдори дархостшаванда оиди пурра ё қисман рад гардидани кумак бо нишон додани сабабҳои рад, мақомоти салоҳиятдори дархосткунандаро бояд тариқи хаттӣ огоҳ намояд.
Моддаи 7 Иҷрои дархостҳо
1.Мақомотҳои салоҳиятдор барои таъмини иҷрои дархостҳо оид ба кумак чораҳои зарурӣ меандешанд.
2.Мақомоти салоҳиятдори дархосткунанда оид ба ҳамагуна ҳолатҳо, ки метавонанд барои иҷрои дархост дар бораи кумак монеа шаванд ё иҷроиши онро ба таъхир гузоранд, бояд фавран хабардор карда шавад.
3.Агар иҷроиши дархост дар бораи кумак берун аз салоҳияти мақомоти дархостшаванда бошад, вай бояд фавран дар ин бора мақомоти дархосткунандаро хабардор кунад.
4.Мақомоти салоҳиятдори дархостшаванда аз мақомоти салоҳиятдори дархосткунанда метавонад маълумоти иловагӣ талаб намояд, агар инро барои иҷроиши дархост ва ё мусоидат зарур шуморад.
5.Мақомоти салоҳиятдори дархостшаванда аз натиҷаи иҷрои дархост дар бораи кумак ҳарчи зудтар мақомоти салоҳиятдори дархосткунандаро бояд огоҳ намояд.
Моддаи 8 Коркарди маълумоти шахсӣ
1. Маълумоти шахсӣ тибқи моддаи 4 ҳамин Созишнома интиқол дода мешавад. Моддаи 4 бандҳои А-D-и ин Созишнома ва протоколҳои техникии дахлдор тибқи моддаҳои 3, 4 бояд танҳо барои мақсадҳои дар моддаи 1 пешбинишуда ва тибқи муқаррароти интиқоли онҳо дар Замимаи 1, ки қисми ҷудонашавандаи ин Созишнома мебошад, коркард карда шаванд.
2. Ҳар як тараф ҳифзи маълумоти шахсии кормандони худ ва кормандони Тарафи дигарро, ки бо мақсади татбиқи Созишномаи мазкур ва протоколҳои техникии ба он алоқаманд ба даст оварда шудаанд, таъмин намуда, уҳдадор мегардад, ки онҳоро бо шахсони сеюм насупорад ва дар ҳеҷ сурат бидуни розигии пешакии тарафи дигар онҳоро бо усули хилофи талаботи Созишномаи мазкур коркард нанамояд.
Моддаи 9 Гурӯҳҳои муштарак
1.Бо мақсади татбиқи ин Созишнома, инчунин арзёбӣ ва такмил додани ҳамкорӣ, Тарафҳо Кумитаи ҳамкории стратегӣ таъсис медиҳанд, ки ҳадди ақал як маротиба дар як сол бо намояндагии баробар, аз ҷумла тавассути видеоконфронс, барои мувофиқа кардани нақшаи амалҳои муштарак, ки бояд анҷом дода шаванд, инчунин бо ҳама гуна ташаббуси минбаъда, ки барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои амниятӣ муфид дониста мешавад, баргузор гардад.
2.Бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, мақомоти салоҳиятдор метавонанд гурӯҳҳои корӣ ва татқиқотӣ дар асоси эҳтиёҷоти баамаломадаи оперативӣ таъсис диҳанд, ки онҳо дар давраи муайян барои вазифаҳои машваратӣ, кумакрасонӣ, таҳлилӣ ва дигар иқтидорҳое, ки дар қонунгузории миллии онҳо пешбинӣ шудаанд, зарурат доранд.
Моддаи 10 Вохӯриҳо ва машваратҳо
Намояндагони мақомоти салоҳиятдор метавонанд, дар ҳолатҳои зарурӣ вохӯрӣ ва машваратҳо, инчунин видеоконфронсҳо баргузор намоянд.
Моддаи 11 Хароҷот
1.Хароҷотҳои ҷорӣ барои иҷрои дархост дар бораи кумак аз тарафи мақомоти салоҳиятдори қабулкунанда пардохт мешавад, агар мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар шакли хаттӣ ба созиши дигар наоянд. Агар дархост барои кумак хароҷоти калонро дар бар гирад, он гоҳ мақомоти салоҳиятдор барои муайян кардани шароите, ки дархост коркард мегардад, тақсимоти хароҷотро бо роҳи машварат ҳал менамоянд.
2.Агар тартиби дигаре бо ризоияти тарафайни мақомоти салоҳиятдор ҳал нашавад, хароҷоти вохӯриро мақомоти салоҳиятдори қабулкунанда ва хароҷоти сафар ва истиқоматро мақомоти салоҳиятдори роҳнамо ба дӯш мегирад.
Моддаи 12 Забони корӣ
Бо мақсади ҳамкорӣ дар доираи ин Созишнома Тарафҳо розӣ мешаванд, ки забонҳои тоҷикӣ, итолиёвӣ ва англисиро ҳамчун забонҳои корӣ истифода баранд.
Моддаи 13 Ҳалли баҳсҳо
Ҳама гуна баҳси байни Тарафҳо, ки дар робита бо тафсир ва/ё иҷрои ин Созишнома ба миён меояд, тавассути машваратҳои мустақим ва гуфтушунидҳо байни Тарафҳо ҳал карда мешавад.
Моддаи 14 Қонунгузории татбиқшаванда
Ин Созишнома тибқи меъёрҳои татбиқшавандаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибати ҷониби Италия бо уҳдадориҳое, ки аз узвияти он дар Итгиҳоди Аврупо бармеоянд, татбиқ карда мешавад.
Моддаи 15 Муқаррароти хотимавӣ
1.Созишномаи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, ба қувваи амал медарояд. Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста мешавад, агар яке аз Тарафҳо дар муҳлати на дертар аз 6 (шаш) моҳ оид ба нияти бекор кардани амали он Тарафи дигарро тариқи хаттӣ ва бо рохҳои дипломатӣ хабардор намояд.
2.Ба Созишномаи мазкур бо розигии мутақобилаи Тарафҳо метавонад тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд ва мутобиқи талаботи қисми 1 ҳамин модда эътибор пайдо мекунанд.
3.Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки 21 майи соли 2003 дар Рим ба имзо расидааст, баъди қувваи қонунӣ пайдо кардани Созишномаи мазкур, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Созишномаи мазкур дар шаҳри Рим санаи 23 апрели соли 2024 дар ду нусхаи асл бо забонҳои тоҷикӣ, итолиёвӣ ва англисӣ ба имзо расида, ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар сурати ба миён омадани ихтилофот дар тафсири Созишномаи мазкур, бартарият ба забони англисӣ дода мешавад.
Бо ТАСДИҚИ ОН, ки шахсони дар зер имзокунанда, ки ба таври бояду шояд ваколатдор шудаанд, Созишномаи мазкурро имзо карданд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Италия |
Замимаи 1
Муқаррарот дар бораи интиқоли маълумоти шахсӣ байни мақомотисалоҳиятдор тибқи моддаи 2-и Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ
Бо дарназардошти банди 33. 1, номаи Декрети қонунгузории № 51/2018 Ҷумҳурии Италия, ки (ИА) фармони 2016/680 оид ба ҳифзи шахсони воқеӣ дар робита ба коркарди маълумоти шахсӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор бо мақсади пешгирӣ, тафтиш, ошкор ё таъқиби ҷиноятҳои ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дар бораи муомилоти озоди чунин маълумоти фасли_______ (нишон додани истиноди ҳукуқии дахлдори дар мавриди ҳифзи маълумоти шахсӣ дар чорчубаи ҳамкории милитсия), амалӣ менамояд, ҳар як «мақомоти салоҳиятдор»-и Тарафҳо (минбаъд-мақомот), ки тибқи моддаи 2 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амният (минбаъд Созишнома) кафолатҳои дар бандҳои ин замима зикршударо барои интиқоли маълумоти шахсӣ ба мақомоти Тарафи дигар татбиқ менамояд. Чунин кафолатҳо барои тарафҳо ҳатмӣ мебошанд ва бар ҳама гуна уҳдадориҳои ба ҳам мухолиф дар қонунгузории онҳо бартарӣ дода мешавад.
1.Таърифҳо
Мақсади ин бандҳо:
(a)“мақомоти салоҳиятдор” маънои мақоме/шахсоне, ки дар Созишнома ҳамчун нуқтаи иртибот барои табодули иттилоот ё мақоме/шахсоне, ки барои иҷрои он салоҳият доранд, муайян шудаанд.
(b)“мақомоти дигар” маънои ҳама гуна мақомоти давлатӣ, мақомот ё субъекти дигареро дорад, ки тибқи қонунгузории миллӣ амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ ва ваколатҳои давлатӣ бо мақсади пешгирӣ, тафтиш, ошкор ва таъқиби амалҳои ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вогузор шудааст, аз ҷумла ҳифз ва пешгирии таҳдидҳо ба амнияти ҷамъиятӣ;
(c)"маълумоти шахсӣ" маънои ҳама гуна иттилооти марбут ба шахси воқеии муайяншуда ё муайяншавандаро дорад («мавзӯи маълумот»); шахси воқеии мушаххасшаванда шахсест, ки мустақиман ё ғайримустақим, аз ҷумла бо истинод ба муайянкунанда ба монанди ном, рақами мушаххас, маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ, муайянкунандаи маҷозӣ ё якчанд омилҳои хоси физикӣ, физиологӣ, генетикӣ, шахсияти равонӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ё иҷтимоии ин шахси воқеӣ муайян карда мешавад;
(d) "маълумоти мушаххас" маънои маълумоти шахсиеро, ки пайдоиши нажодӣ ё этникӣ, ақидаҳои сиёсӣ, эътиқоди динӣ ё фалсафӣ, узвият дар иттифоқи касаба, маълумоти генетикӣ ё биометрӣ, ки барои мушаххас кардани шахсияти воқеӣ инчунин маълумот дар бораи саломатӣ, ҷинси ҳаётӣ ё тамоюли ҷинсии шахс пешбинӣ шудаанд;
(е) "маълумоти судӣ" маънои маълумоти шахсии марбут ба ҳукмҳои ҷиноятӣ ва ҷиноятҳо ё чораҳои дахлдори амниятро дорад;
(f) "маълумоти умумӣ" маънои маълумоти шахсиро дорад, ки махсус ё судӣ нестанд;
(g) «коркард» маънои ҳама гуна амалиёт ё маҷмӯи амалиётҳо оид ба маълумоти шахсӣ, новобаста аз он, ки тавассути воситаҳои автоматикунонидашуда анҷом дода мешавад, ба монанди ҷамъоварӣ, сабт, ташкил, сохторбандӣ, нигоҳдорӣ, мутобиқсозӣ ё тағйир додан, ҷустуҷӯ, машварат, истифода, ифшо бо роҳи интиқол, паҳн кардан ё ба таври дигар дастрас кардан, ҳамоҳангсозӣ ё якҷоякунӣ, маҳдудкунӣ, нест кардан ё нобуд карданро дар бар мегирад;
(h) "интиқоли маълумот" маънои фиристодани маълумоти шахсӣ аз мақомоти як тараф ба мақомоти тарафи дигар бо мақсади ҳифзи хуқуқ, аз ҷумла пешгирии ҷиноятҳо, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи амният, инчунин барои вазифаҳои полиси судӣ дар риояи қонунгузории дахлдорро дорад;
(i) "муоширати минбаъда" маънои ирсоли маълумоти шахсӣ аз мақомоти қабулкунанда ба мақомоти дигари ҳамон кишварро дорад;
(j) "интиқоли минбаъда" маънои ирсоли маълумоти шахсӣ аз мақомоти қабулкунанда ба мақомоти кишвари дигар, ба истиснои Тарафҳо ё ташкилоти байналмилалиро дорад;
(к) "муайянкунӣ" маънои ҳама гуна шакли коркарди худкоркунонидашуда, ки аз истифодаи маълумоти шахсӣ барои арзёбии ҷанбаҳои шахси воқеӣ иборат мебошад;
(i) "вайронкунии маълумоти шахсӣ" маънои вайрон кардани амниятро дорад, ки боиси тасодуфан ё ғайриқонунӣ, нобудшавӣ, гум шудан, тағйирот, ифшои беиҷозат ё дастрасӣ ба маълумоти шахсии интиқолшуда, ҳифзшуда ё ба таври дигар коркардшударо дорад;
(m) "талаботи қонуни лозима" маънои чаҳорчӯбаи ҳуқуқии амалкунандаро, ки ба ҳар як мақомот, аз ҷумла ҳифзи қонунгузории итгилоотӣ татбиқ мешавад дар бар мегирад;
(n) «мақомоти назоратӣ» маънои як мақоми мустақили давлатӣ, ки дар ҳар як Тараф (Тарафи итолиёвӣ) таъсис ёфтааст, ки барои назорати татбиқи қонунгузории миллии ҳифзи қонунҳо дар масъалаҳои ҷиноӣ масъул аст (ё механизми маъмурии алтернативӣ, ки бо Тарафе, ки кодир ба субъектҳои маълумотро бо сатҳи мубодилаи муҳофизат таъмин карда метавонад, дар ҳолати бамиёномада мутобиқ карда шавад)1;
(o)"хуқуқи субъектҳои маълумот":
i.«ҳуқуқи гирифтани иттилоот» - ҳуқуқи субъекти маълумот барои гирифтани маълумот оид ба коркарди маълумоти шахсии ӯ дар шакли мухтасар, шаффоф, фаҳмо ва ба осонӣ дастрас кардан аст;
ii.«ҳуқуқи дастрасӣ» - ҳуқуқи субъекти маълумот барои гирифтани тасдиқи коркарди маълумоти шахсии ӯ ва дар ин ҳолат дастрасӣ ба маълумоти шахсии ӯ ва хусусиятҳои коркарди ҷараёниро дорад;
iii.«ҳуқуқ ба ислоҳ» маънои ҳуқуқи субъекти маълумотро барои гирифтани маълумоти нодуруст дар бораи ӯ бидуни таъхири зиёдатӣ ислоҳ ё илова кардан аст;
iv."ҳуқуқи несту нобуд кардан" маънои хуқуқи субъекти маълумот барои гирифтани несткунии маълумоти шахсиро дар бораи ӯ, вақте ки маълумот нисбат ба мақсадҳои ҷамъоварӣ ё коркарди он дигар зарур нест, ё ҳангоми ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ё ҷамъоварӣ шудани маълумот бо назардошти ин бандҳо ва талаботи қонуни амалкунанда коркард карда мешавад;
v."ҳуқуқи маҳдуд кардани коркард" маънои ҳуқуқи субъекти маълумот барои гирифтани махдудияти коркарди маълумоти шахсиро дар бораи ӯ вақте, ки он нодуруст аст, коркард ғайриқонунӣ аст мақомот дигар ба маълумоти шахсии ӯ ниёз надошта, нисбат ба ӯ маълумотҳо нигоҳдорӣ намегардад;
vi."ҳуқуқ ба қабули қарорҳо дар асоси коркарди худкор, аз ҷумла пешгирӣ" маънои ҳуқуқи субъекти маълумотро барои қабули қарор танҳо дар асоси коркарди худкунонидашуда, аз ҷумла пешгирӣ, ки ба ӯ таъсири ҳуқуқӣ мерасонад ё ба ҳамин монанд ба ӯ таъсир мерасонад;
(p)"маҳдудиятҳо ба ҳуқуқҳои субъектҳои қонунӣ" маънои ҳукуқҳои субъекти маълумоти хаттиро дорад
(о) метавонад ба ҳаҷм ва замоне, ки ин тадбири зарурӣ ва мутаносибро ташкил диҳад, бо назардошти ҳуқуқ ва манфиатҳои асосии шахси воқеиро дарбар мегирад:
i. натиҷаи бомуваффақияти пешгирӣ, ошкор, тафтиш ва таъқиби ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин татбиқи чораҳои пешгирикунандаи шахсӣ ва молу мулкӣ ва чораҳои амниятӣ зери хатар нагузоранд;
ii. ҳифзи амнияти ҷамъиятӣ;
iii. ҳифзи амнияти миллӣ;
iv. ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон;
(q) «маҳдудиятҳо оид ба уҳдадориҳои мақомот» маънои онро дорад, ки иҷрои талаботи умумии мақомот оид ба ҳисоботдиҳӣ ба маҳдудиятҳои дар ҳарфи (р) овардашуда вобаста аст.
II. Доира
Ин бандҳо нисбат ба интиқоли маълумоти шахсии шахсони воқеие, ки гӯё дар амалҳои ҷиноятии дар моддаи 4, банди 4, ҳарфҳои А-D зикршудаи Созишнома иштирок доранд, татбиқ мешаванд, ки барои амалӣ намудани мақсадҳои дар моддаи 1 Созишномаи мазкур пешбинишуда заруранд.
III. Кафолатҳо барои ҳифзи маълумоти шахсӣ
1.Маҳдудияти мақсад
Маълумоти шахсӣ танҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар банди II зикршуда байни мақомот интиқол дода мешавад. Мақомот набояд маълумоти шахсиро ба ғайр аз мақсадҳои дар боло зикршуда ирсол накунанд ё интиқоли минбаъдаи маълумоти шахсиро анҷом диҳанд ва барои гирифтани кафолатҳои дахлдор ғамхорӣ намоянд, то коркарди минбаъда бо ин мақсадҳо маҳдуд карда шавад, бо назардошта он чизе, ки дар банди III.6 зикр шудааст.
2.Мутаносибӣ ва сифати маълумот
Мақоми интиқолдиҳанда танҳо маълумоти шахсиро пешниҳод мекунад, ки мувофиқ ва бо он чизе, ки барои мақсадҳои интиқол ва коркарди минбаъдаи он заруранд, маҳдуд аст.
Мақоми интиқолдиҳанда бояд то ҷое, ки медонад, дуруст будани маълумоти шахсии интиқолшавандаро таъмин кунад ва дар ҳолати зарурӣ навсозӣ шавад. Агар мақомот фаҳмад, ки маълумоти шахсии вай дар мақомоти дигар додашуда нодуруст аст, он гоҳ мақоми қабулкунандаро хабардор мекунад, ки ислоҳоти заруриро талаб менамояд.
3.Шаффофият
Ҳар як мақомот бояд ба субъектҳои маълумот ҳисоботи умумиро оид ба:
(a)шахсият ва алоқаи маълумоти ҷараёнӣ дар ҳолати мавҷуд будани нозири маълумот;
(b)мақсад ва асоси ҳуқуқии коркарди маълумоти шахсӣ, инчунин муҳлати нигоҳдории маълумот ё меъёрҳои муайянкунии он;
(c)категорияҳои гирандагони маълумоти шахсӣ, ки ба онҳо ин маълумот метавонад ҳамчун иртибот ё интиқоли минбаъда фиристода шавад;
(d) ҳуқуқҳои субъектҳои маълумот мутобиқи бандҳои мазкур ва мутобиқи талаботи қонунии амалкунанда, аз ҷумла чӣ гуна истифода бурдани ин ҳуқуқҳо;
(е) ҳуқуқи пешниҳоди шикоят ба мақомоти назоратӣ бо нишон додани маълумоти дахлдори тамос, инчунин ҳуқуқи шикоят ба мақомоти судӣ2;
(f) ҳама гуна маълумоти иловагӣ, ки барои татбиқи ҳуқуқҳои дар боло зикршуда муфид ҳисобида мешавад, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки маълумот бе огоҳии субъекти маълумот ҷамъоварӣ шудааст;
(j) маълумот дар бораи таъхирҳо, маҳдудиятҳо ё истисноҳое, ки тибқи талаботи қонунии амалкунанда оид ба татбиқи ҳуқуқҳои зикршуда пешбинӣ шудаанд.
Ҳар як мақомот ҳисоботи зикршударо дар асоси Созишнома дар сомонаи худ паҳн мекунанд. Нусхаи гузориш инчунин бояд ба муоширати инфиродӣ ба субъектҳои маълумот, инчунин истинод ба сомонаи дар боло зикршуда дохил карда шавад.
Риояи уҳдадориҳои мақомот оид ба пешниҳоди ҳисоботи умумӣ бояд ба маҳдудиятҳое, ки дар банди I, ҳарфи (р) зикр шудаанд, сурат мегирад.
4.Амният ва махфият
Ҳар як мақомот бояд чораҳои техникӣ ва ташкилиро барои ҳифзи маълумоти шахсии гирифташуда аз дастрасии тасодуфӣ ё ғайриқонунӣ, нобудшавӣ, гумшавӣ, тағйир додан ё паҳншавии бе иҷозат амалӣ намояд. Тадбирҳои зикршуда бояд чораҳои дахлдори маъмурӣ, техникӣ ва амнияти ҷисмониро дар бар гиранд. Ин тадбирҳо инчунин тасниф кардани маълумоти шахсӣ ба маълумоти умумӣ, мушаххас ва судӣ, маҳдуд кардани субъектҳои дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ, эмин нигоҳдории маълумоти шахсӣ аз рӯи намуди он ва қабули сиёсатҳоеро, ки барои таъмини амният ва махфияти маълумоти шахсӣ пешбинӣ шудаанд, бо истифода аз усулҳои тахаллускунонӣ ё рамзгузорӣ дар бар мегирад. Нисбати идоракунии маълумоти мушаххас ва судӣ, чораҳои қатьии амниятӣ бо роҳи таъмини дастрасии бештар интихобшуда ва омӯзиши мутахассисон барои шахсони бо ин маълумот сарукордошта андешида мешаванд.
Ҳангоме, ки мақомоти қабулкунанда вайронкунии маълумоти шахсиро огаҳӣ пайдо мекунанд, вай бояд дар давоми 48 соат мақоми интиқолдиҳандаро огоҳ кунад ва чорахои оқилона ва мувофиқро барои дарёфти чора ва ба ҳадди ақал расонидани таъсири манфии эҳтимолӣ ба субъектҳои маълумот, аз ҷумла тавассути ирсоли вайронкунии маълумоти шахсӣ андешад ба онҳо бе таъхири беасос, ки ин ба ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо хатари зиёд дорад нигаронида шудааст.
5.Ҷараёни татбиқи ҳуқуқҳо
Ҳар як мақомот тибқи дархости субъекти маълумот метавонад чораҳои дахлдор андешад:
(1)тасдиқ мекунад, ки оё он маълумоти шахсиро дар бораи субъекти маълумот коркард мекунад ё не ва агар ин тавр бошад, дастрасӣ ба маълумотро фароҳам оварад, инчунин маълумотро дар бораи коркарди онҳо, аз ҷумла маълумот дар бораи ҳадафи коркарди зикршуда, категорияҳои маълумоти баррасишаванда пешниҳод намояд, пайдоиш ва гирандагони маълумот, муҳлати интизории нигоҳдорӣ ва имконияти пешниҳоди шикоятҳо ё шикоятҳо;
(2)муайян кардани тамоми маълумоти шахсии субъекти дархосткунанда, ки тибқи ин бандҳо ба мақоми дигар дода шудааст;
(3)маълумоти умумиро, инчунин тавассути сайти худ, дар бораи кафолатҳое, ки барои интиқол ба мақомоти дигар татбиқ мешаванд, пешниҳод мекунад.
Ҳар як Мақомот дархости субъекти маълумотро дар бораи дастрасӣ ба маълумот, ислоҳ ё нест кардани маълумот, маҳдудиятҳо дар коркард ё татбиқи ҳуқуқ барои қабули қарорҳо дар асоси коркарди автоматикунонидашуда ба таври оқилона ва саривақт иҷро мекунад. Суроғаҳои почтаи электронӣ барои ирсоли дархостҳои дар боло зикршуда бояд дар ҳисоботи умумӣ ба субъектҳои маълумоте, ки дар банди 111.3 оид ба шаффофият зикр шудаанд, нишон дода шаванд. Мақомот метавонад чораҳои дахлдор андешад, ба монанди ситонидани боҷи мувофиқ барои пардохти хароҷоти маъмурии дархост ё даст кашидан аз иҷрои он, агар ин дархост ошкоро беасос бошад.
Ҳар як мақомот метавонад расмиёти худкоркунонидашударо барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ самараноктар истифода барад, ба шарте ки сабабҳоро баён кунад ва дар бораи асосҳои истифодашуда тавзеҳоти оқилона диҳад. Дар ин ҳолат розигии возеҳи қаблии субъектҳои маълумот гирифта мешавад ё онҳо ҳуқуқи қабули қарорҳои автоматикунонидашуда эътироф намоянд. Дар ҳар сурат, субъектҳои маълумот хуқуқ доранд маълумоти нодуруст ё нопурраро дар бораи онҳо ислоҳ кунанд ва дархост кунанд, ки қарори коркарди худкорро тавассути дахолати инсонӣ баррасӣ намояд.
Ҳуқуқҳои субъектҳои маълумот метавонанд ба андозаи зарурӣ ва мутаносиб бо мақсади ҳифзи ҳадафҳои муҳими манфиатҳои ҷамъиятие, ки Тарафҳо дар рӯҳияи мутақобилан ба ҳамкории байналмилалӣ хосанд, маҳдуд карда шаванд. Ба ин ҳифзи хуқуқ ва озодиҳои дигарон, амнияти миллӣ, дифоъ, пешгирӣ, тафтиш, ошкор ва таъқиби ҷиноятҳои ҷиноятӣ ё иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои назоратӣ, санҷишӣ ё танзими алоқаманд, хатто гоҳ- гоҳ ба фаъолияти маҷбурӣ ва назоратии Мақомотҳое, ки ваколатҳои чамъиятии ба онҳо вогузошташударо ба амал мебароранд. Маҳдудиятҳои зикршуда, ки тибқи қонун танзим карда мешаванд, танҳо то он даме, ки ба онҳо асос ёфтааст, боқӣ мемонад.
6. Муоширати минбаъда ва интиқоли маълумоти шахсӣ
6.1. Мубодилаи минбаъдаи маълумоти шахсӣ
Мақомоти қабулкунанда метавонад ба интиқоли минбаъдаи маълумоти шахсӣ ба мақомоти дигари ҳамон кишвар танҳо бо иҷозати пешакии хаттии мақоми интиқолдиҳанда ва ба шарте, ки мақоми дигар ҳамон кафолатҳои пешбининамудаи ҳамин бандҳоро пешниҳод кунад, идома диҳад. Мақоми қабулкунанда дар дархости хаттии худ дар бораи иҷозатнома бояд дар бораи намуди маълумоте, ки онро ирсол кардан мехоҳад, дар бораи мақоми дигар, инчунин дар бораи асосҳои ҳуқуқӣ, сабабҳо ва мақсади иртибот маълумот пешниҳод намояд.
Мақомоти қабулкунанда метавонад ба таври истисно, ба мақомоти дигари ҳамон кишвар бе иҷозати хаттии мақомоти супоранда танҳо дар ҳолате, ки ин барои ҳадди ақал яке аз сабабҳои зерин зарур бошад, метавонад ба ирсоли минбаъдаи маълумоти шахсиро идома диҳад:
- ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими субъекти маълумот ё дигар шахси воқеӣ;
- муайян кардан, истифода бурдан ё ҳифзи ҳуқуқ дар мурофиаи судӣ ё маъмурӣ;
- гузаронидани тафтишот ё парвандаи ҷиноӣ бо фаъолияте, ки барои онҳо маълумоти шахсӣ интиқол дода шудааст, зич алоқаманд аст.
Дар ҳолатҳои дар боло зикргардида, мақоми қабулкунанда бояд ба мақоми интиқолдиҳанда дар бораи ирсоли минбаъдаи маълумот, бо пешниҳоди унсурҳои маълумоти дархостшуда, мақоми дигар ва асоси ҳуқуқии дахлдор пешакӣ хабар диҳад. Агар маълумоти қаблӣ бо уҳдадории махфият мухолифат дошта бошад, масалан, дар мавриди тафтишот, мақомоти қабулкунанда харчӣ зудтар ба мақоми интиқолдиҳанда дар бораи хабари минбаъдаи худ хабар медиҳад. Дар чунин ҳолатҳо мақомоти таҳвилдиҳанда бо дархости он хабарҳои зикршударо ба ҳисоб гирифта, ба мақомоти назоратии худ мерасонад. Мақомоти қабулкунанда таъмин менамояд, ки иртиботи минбаъдаи маълумоти шахсии мутобиқи банди мазкур гирифташуда бидуни иҷозати пешакӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи ҳамаи озодкуниҳо ва махдудиятҳои дахлдор маҳдуд карда шавад.
6.2. Интиқоли минбаъдаи маълумоти шахсӣ
Мақоми қабулкунанда метавонад ба интиқоли минбаъдаи маълумоти шахсӣ ба мақомоти дигари кишвари сеюм ё ташкилоти байналмилалӣ танҳо бо иҷозати пешакии хаттии мақоми интиқолдиҳанда, ки дархостро бо назардошти тамоми омилҳои дахлдор, аз ҷумла ҷиноят арзёбӣ мекунад, оғоз намояд. Мақоми қабулкунанда дар дархости хаттии худ оид ба иҷозатнома бояд маълумоти кофиро дар бораи намуди маълумоте, ки ба мақоми дигари дар боло зикршуда ирсол кардан мехоҳад, инчунин дар бораи асосҳои ҳуқуқӣ, сабабҳо ва мақсадҳои интиқоли минбаъда пешниҳод намояд.
7.Давомнокии нигоҳдории маълумот
Мақомот маълумоти шахсиро дар муҳлате, ки дар талаботи қонунии амалкунанда пешбинӣ шудаанд, ва муҳлатеро, ки дар ҷомеаи демократӣ зарур ва мутаносиб аст, барои мақсадҳои коркарди маълумот пешбинӣ намоянд, нигоҳ медоранд.
8.Ҳимояи маъмурӣ ва судӣ
Агар субъекти маълумот чунин мешуморад, ки мақомот кафолатҳои дар банди мазкур пешбинишударо риоя накардааст ё маълумоти шахсии ӯ ғайриқонунӣ коркард шудааст, вай ҳуқуқ дорад ба мақомоти назоратӣ шикоят намояд ва бо риояи талаботи қонуние, ки дар қаламрави қонунӣ, ки эҳтимоли вайронкунӣ содир шудааст, аз мақомоти судӣ ҳимояи судӣ гирад. Илова бар ин, субъекти маълумот ҳуқуқ дорад ҷуброни зарари расонидашударо гирад.
Дар сурати ба миён омадани ҳама гуна баҳс ё даъво аз ҷониби субъекти маълумот нисбат ба мақоми интиқолдиҳанда, мақоми қабулкунанда ё ҳарду мақомот оид ба коркарди маълумоти шахсии ӯ, мақомоти якдигарро дар бораи баҳс ё даъвои зикршуда огоҳ мекунанд ва барои сари вақт ҳал кардани баҳс ё даъво кушиш кунанд.
Агар субъекти маълумот даъво пешниҳод кунад ва мақоми интиқолдиҳанда ҳисоб кунад, ки мақомоти қабулкунанда мувофиқи кафолатҳои дар ин бандҳо пешбинишуда амал накардааст, мақоми интиқолдиҳанда интиқоли маълумоти шахсиро ба мақоми қабулкунанда то он даме, ки масъаларо ба таври каноатбахпр ҳал намояд, бозмедорад. Мақомоти интиқолдиҳанда бояд ҳам субъекти маълумот ва ҳам мақомоти назоратии худро дар бораи рушди минбаъдаи масъала огоҳ созад.
IV.Назорат
1.Назорати беруна барои таъмини иҷрои дурусти бандҳои мазкур аз ҷониби мақоми назоратӣ кафолат дода мешавад.
2.Ҳар як мақомот давра ба давра сиёсат ва расмиёти худро бо мақсади таъмини татбиқ ва самаранокии банди мазкур аз нав дида барояд. Агар дархости оқилона аз ҷониби мақомот пешниҳод карда шавад, мақоми дархостшуда сиёсат ва расмиёти худро оид ба коркарди маълумоти шахсӣ бо мақсади тафтиш ва тасдиқи самаранок иҷро шудани кафолатҳои дар ин бандҳо баррасӣ мекунад. Натиҷаи баррасӣ бояд ба мақоме, ки баррасиро дархост кардааст, хабар дода мешавад.
3.Агар мақомоти қабулкунанда бо ягон сабаб кафолатҳои дар банди мазкур пешбинишударо самаранок татбиқ карда натавонад, вай мақоми супорандаро бетаъхир хабардор мекунад ва дар ин ҳолат мақомоти қабулкунанда муваққатан додани маълумоти шахсиро ба қабулкунанда бозмедорад. Мақомот то он даме, ки охирин метавонад тасдиқ кунад, ки дубора мувофиқи кафолатҳои зикршуда амалӣ гардидааст. Мақомоти қабулкунанда ва мақоми супоранда мақомоти назоратии дахлдори худро дар ин бора хабардор мекунанд.
4.Агар мақоми интиқолдиҳанда ҳисоб кунад, ки мақоми қабулкунанда мувофиқи кафолатҳои дар ин бандҳо пешбинишуда амал накардааст, мақоми интиқолдиҳанда интиқоли маълумоти шахсиро ба мақоми қабулкунанда то он даме, ки чунин мешуморад, ки ин мақоми қабулкунанда масъаларо дар тартиби муқарраршуда ба тарзи қаноатбахш ҳал кардааст, боз медорад. Мақомоти интиқолдиҳанда бояд мақомоти назоратии худро дар ин бора огоҳ созад.
V.Баррасии бандҳо
1.Тарафҳо метавонанд бо ҳамдигар барои баррасии шарту шартҳои ин бандҳо дар сурати тағйироти ҷиддие дар талаботи қонуни амалкунанда машварат кунанд.
2.Тағйирот мутобиқи моддаи 15, банди 2-и Созишнома ворид карда мешавад.
3.Ҳамаи маълумоти шахсие, ки тибқи ин бандҳо аллакай интиқол дода шудаанд, тибқи кафолатҳои пешбининамудаи онҳо пешбинигардида, коркард карда мешаванд.
______________________________
1Дар Италия Мақоми назоратӣ мақомоти ҳифзи маълумоти шахсӣ мебошад, ки фаъолияти он бо бахшҳои 37-42-и Қарори қонунгузории №51/2018 танзим карда мешавад.
__________________________________
(Дар робита ба ҳамтои худ, истинодҳои ҳуқуқии мақоми назоратӣ ё истинод ба механизми маъмурии алтернативӣ, ки метавонад ба субъектҳои маълумоти сатҳи баробари ҳифзи маълумоти шахсиро таъмин кунад механизми маъмурии алтернативӣ бояд қаблан аз ҷониби мақоми назоратӣ тасдиқ карда шавад)
_________________________________
2Дар Италия Мақоми салоҳиятдори судӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ судяи оддӣ мебошад, ки мувофиқи боби 39-и Қарори қонунгузорӣ 51/2018 (барои истинодҳои ҳуқуқии мақомоти салоҳиятдори судии ҳамто).