Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2025, № 204 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2024, №2501 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 204
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 марти соли 2025, № 204

Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2024, №2501 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, мувофиқи мақсад мешуморад, ки ҷумлаи сеюми ба қисми 5 моддаи 293 Кодекси мазкур иловашаванда хориҷ карда шуда, муқаррароти он дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешбинӣ карда шавад.


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнения в Гражданский кодекс Республики Таджикистан»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 23 декабря 2024 года, №2501 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнения в Гражданский кодекс Республики Таджикистан», Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнения в Гражданский кодекс Республики Таджикистан».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 марта 2025 года №204

Прилагается на тадж.яз