ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тақсими даромадҳо аз ҳисоби фурӯши неруи барқ (дохилӣ ва содиротӣ)-и дар неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати дар маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо тартиби муқарраргардида қабул намудани қарор «Дар бораи тартиби тақсими даромадҳо аз ҳисоби фурӯши неруи барқ (дохилӣ ва содиротӣ)-и дар неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда» чораҷӯйӣ намояд;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» иҷрои қарори маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун»-ро мунтазам таъмин намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 202
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О распределении доходов за счет продажи электроэнергии (внутренней и экспортной), производимой на Рогунской гидроэлектростанции
В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан:
- принять меры по принятию в установленном порядке постановления «О распределении доходов за счет продажи электроэнергии (внутренней и экспортной), производимой на Рогунской гидроэлектростанции» на общем собрании акционеров Открытого акционерного общества «Рогунская ГЭС»;
- совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, наблюдательным советом Открытого акционерного общества «Рогунская ГЭС», Открытым акционерным обществом «Рогунская ГЭС» обеспечить регулярное выполнение постановления общего собрания акционеров Открытого акционерного общества «Рогунская ГЭС».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 марта 2025 года №202