Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 1996
№ 403тасдиқ щудааст
НИЗОМНОМАИ Нишони сарисинагии "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025
№ 129)
1.Бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони тибби дигар вазорату идораҳо, ки собиқаи на камтар аз 10 солаи кори бенуқсон дошта, дар меҳнат намудани ибрат нишон медиҳанд, вазифаи хешро оид ба расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ содиқона анҷом медиҳанд, дар гузаронидани корҳои санитарию зиддиэпидемиологӣ ва таъмини аҳолӣ бо доруворӣ саҳми босазо мегузоранд, дараҷаи тахассусии хешро мунтазам баланд мебардоранд ва таҷрибаи худро ба дигарон меомӯзонанд, инчунин ашхосе, ки ба рушди тандурустӣ мусоидат намуда, дар ҳифз ва идораи тандурустии аҳолӣ, тадбирҳои доирменамудаи мақомот ва муассисаҳои тандурустӣ фаъолият нишон медиҳанд, сарфароз гардонида мешаванд.
2.Дархост оид ба сарфарозгардонӣ чун қоида аз тарафи коллективи меҳнатӣ, ки ба мукофот пешниҳодгардида дар он кор мекунад, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад (№ 129).
Дархостро дар мавриди ашхоси дар банди I Низомномаи мазкур муайянгардида маъмурият якҷоя бо ташкилоти иттифоқи касаба ё муассисаҳои тандурустии ноҳия, шаҳр ё вилоят пешниҳод менамояд (№ 129).
3.хориҷ карда шуд (№ 129).
4.Сарфарозгардонӣ бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, супоридани он чун қоида, ба санаҳои гузаронидани конференцияҳо, таҷлили ҷашнҳо, маҷлисҳои ботантана, идҳои умумидавлатӣ ва ғайра мутобиқ гардонида мешавад (№ 129).
Бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" метавонанд пас аз марг низ мукофотонида шаванд.
5.Нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар тарафи рости сари сина овехта мешавад.
6.Онҳое, ки бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мукофотонида шудаанд, ба қайди шахсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд (№ 129).
7.Ашхоси бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфарозгашта ҳуқуқ доранд:
-ба таври имтиёзнок ихтисоси худро такмил диҳанд, дар семинар ва дигар чорабиниҳои доирменамудаи ташкилоти байналхалқии тандурустӣ /ТВТ/ ширкат варзанд, ба ординатураи клиникӣ дохил шаванд, дар муассисаҳои соҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон касбҳои озмуниро ишғол намоянд (№ 129).
-пас аз ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ гузаштан ва ё ба нафақа баромадан низ нишонро овезанд.
8.Маҳрум сохтан аз нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ҳолатҳои зайл сурат мегирад:
- бо пешниҳоди суд дар асос ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ҳангоми содир намудани аъмоли касбӣ.
9.Дубликати нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба таври истисно, ҳангоми гум кардани он дар вазъияти чангӣ ва ё офати табиӣ дода мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 1996
№ 403тасдиқ щудааст
НИЗОМНОМАИ Нишони сарисинагии "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
1.Бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони тибби дигар вазорату идораҳо, ки собиқаи на камтар аз 10 солаи кори бенуқсон дошта, дар меҳнат намудани ибрат нишон медиҳанд, вазифаи хешро оид ба расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ содиқона анҷом медиҳанд, дар гузаронидани корҳои санитарию зиддиэпидемиологӣ ва таъмини аҳолӣ бо доруворӣ саҳми босазо мегузоранд, дараҷаи тахассусии хешро мунтазам баланд мебардоранд ва таҷрибаи худро ба дигарон меомӯзонанд, инчунин ашхосе, ки ба рушди тандурустӣ мусоидат намуда, дар ҳифз ва идораи тандурустии аҳолӣ, тадбирҳои доирменамудаи мақомот ва муассисаҳои тандурустӣ фаъолият нишон медиҳанд, сарфароз гардонида мешаванд.
2.Дархост оид ба сарфарозгардонӣ чун қоида аз тарафи коллективи меҳнатӣ, ки ба мукофот пешниҳодгардида дар он кор мекунад, ба роҳбарияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
Дархостро дар мавриди ашхоси дар банди I Низомномаи мазкур муайянгардида маъмурият якҷоя бо ташкилоти иттифоқи касаба ё ҳукуматҳои ноҳия, шаҳр ё вилоят пешниҳод менамояд.
3.Мукофотонии шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бе табаа, ки дар хориҷ иқомат мекунанд, бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
4.Сарфарозгардонӣ бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, супоридани он чун қоида, ба санаҳои гузаронидани конференцияҳо, таҷлили ҷашнҳо, маҷлисҳои ботантана, идҳои умумидавлатӣ ва ғайра мутобиқ гардонида мешавад.
Бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" метавонанд пас аз марг низ мукофотонида шаванд.
5.Нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар тарафи рости сари сина овехта мешавад.
6.Онҳое, ки бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мукофотонида шудаанд, ба қайди шахсии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд.
7.Ашхоси бо нишони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфарозгашта ҳуқуқ доранд:
-ба таври имтиёзнок ихтисоси худро такмил диҳанд, дар семинар ва дигар чорабиниҳои доирменамудаи ташкилоти байналхалқии тандурустӣ /ТВТ/ ширкат варзанд, ба ординатураи клиникӣ дохил шаванд, дар муассисаҳои соҳаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон касбҳои озмуниро ишғол намоянд.