Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра аз 30 декабри соли 2015 № 802

Санаи амалкуни: 20.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015 № 802

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015 № 802

тасдиқ шудааст

Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)

1. Тартиби мазкур мутобиқи қисми 2 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" бо мақсади ташкил, гузаронидан ва танзими сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра таҳия гардида, дар ин самт Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон (минбаъд - Кумита) ҳамчун мақоми ваколатдор муқаррар карда мешавад. Барои таъмини назорат ҷиҳати муташаккилона баргузор намудани ҳаҷ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор Комиссия таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433).

2. Тибқи сарчашмаҳои мазҳаби ҳанафӣ ҳаҷ аз ду қисм - ҳаҷи фарзӣ ва умра иборат мебошад. Ҳаҷи фарзӣ соле як маротиба дар рӯзҳои муайян баргузор мегардад. Ҳаҷи умра дар давоми сол адо карда мешавад.

3. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши адои ҳаҷи фарзиро доранд, мувофиқи номгӯи аз тарафи Кумита тасдиқшуда на дертар аз се моҳ то оғози маросими ҳаҷи фарзӣ ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи квотаи барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ тасдиқшуда пешниҳод менамоянд.

4. Синну соли ҳаҷраванда аз 40-сола боло муқаррар карда мешавад. Талаботи мазкур ба гурӯҳи корӣ ҳайати табибон, роҳбаладон татбиқ намегардад.

5. Кумита дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маҳзани ҷумҳуриявии хоҳишмандони сафари ҳаҷи фарзиро омода менамояд. Шакл ва тартиби пешбурди Маҳзани ҷумҳуриявии хоҳишмандони сафари ҳаҷи фарзиро Кумита тасдиқ намуда, риояи навбати ҳаҷравандагонро мувофиқи он назорат мекунад.

6. Кумита ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиатҳои шаҳрвандонро оид ба сафари ҳаҷи фарзӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" баррасӣ менамоянд.

7. Шаҳрванде, ки адои ҳаҷи фарзӣ кардааст, тибқи муқаррарот танҳо дар сурати мавҷуд набудани дигар хоҳишманди сафари ҳаҷи фарзӣ пас аз гузаштани 5 сол ҳуқуқи такроран ҳаҷи фарзӣ намуданро пайдо мекунад.

...

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, № 802

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, № 802

Порядок поездки граждан для совершения хаджа и умры

(в редакции постановления Правительства РТ от 20.08.2018г.№433)

(в редакции постановления Правительства РТ от 20.08.2018г.№433)

1. Настоящий Порядок разработан в соответствии с частью 2 статьи 21 Закона Республики Таджикистан "О свободе совести и религиозных объединениях" с целью организации, проведения и регулирования поездки граждан для совершения хадж и умры, и Комитет по религии, упорядочения традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан определяется как уполномоченный орган (далее - Комитет) данной отрасли. Для обеспечения контроля над организованным совершением хаджа создаётся Комиссия под руководством заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан (куратора отрасли) из числа представителей соответствующих министерств и ведомств (в редакции постановления Правительства РТ от 20.08.2018г.№433).

2. Согласно источникам ханафитского вероисповедания хадж состоит из двух частей - хаджа фарз (предполагаемый) и умры. Хадж фарз совершается в год один раз в определенные дни. Хадж умра совершается в течение года.

3. Граждане, желающие совершить хадж фарз представляют необходимые документы в соответствии с квотой, установленной для Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов не позднее трех месяцев до начала обряда хаджа фарз согласно перечню, утвержденному Комитетом.

4. Возраст паломника устанавливается свыше 40 лет. Настоящее требование не применяется к рабочей группе, составу врачей и к проводникам.

5. Комитет составляет Республиканскую базу желающих совершать хаджа фарз на основании обращения граждан в местные исполнительные органы государственной власти. Форма и порядок ведения Республиканской базы желающих совершать хаджа фарз утверждается Комитетом, и осуществляет надзор за соблюдением очереди паломников согласно нему.

6. Обращения граждан для совершения хаджа, фарз и умра рассматриваются Комитетом и местными исполнительными органами государственной власти на основании Закона Республики Таджикистан "Об обращениях граждан".

...