Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 августи соли 2024,
№ 488тасдиқ шудааст
Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ РАСОНИДАНИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамояд;
- шакл ва намуди ҳуҷҷатҳои заруриро барои таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- барномаи электронии низоми иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ (минбаъд - портали ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ)-ро ташкил карда, онро дар тамоми расонаҳо ҷойгир менамояд;
- усулҳои муайян намудани камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандонро барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, инчунин индикаторҳои муайянкунандаи вазъи некуаҳволии аҳолӣ барои таъин кардани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ва формулаи арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандиро муайян менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки Тартиб ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пешбинӣ менамоянд, анҷом медиҳад.
5. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ):
...