Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2025, № 170 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ХУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»


Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 12 марти соли 2025, № 170
Лоиҳа


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025»


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» аз 7 декабри соли 2024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024. №12. мод.786, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025, № 2156) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 13:

- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи умумии тасдиқгардида барзиёд дохил шудааст, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.»;

- қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8 мутаносибан қисмҳои 5, 6, 7, 8, 9 ҳисобида шаванд.

2. Аз моддаи 16 калимаҳои «шаҳри Душанбе,» ҳориҷ карда шуда, пас аз калимаи «ноҳияҳо» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои шаҳри Душанбе» илова карда шаванд.

3. Ба банди 1) қисми 1 моддаи 20 пас аз калимаи «маҳаллӣ» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои шаҳри Душанбе» илова карда шаванд.


Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Закона Республики Таджикистан О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2025 год»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2025 год» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 12 марта 2025 года №170
Проект

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2025 ГОД»

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2025 год» от 7 декабря 2024 года следующие изменение и дополнения:

1.Статью 13:

дополнить частью 4 следующего содержания:

«4. Поступление регулирующих налогов, поступивших в республиканский бюджет сверх утвержденного общего плана по городу Душанбе, перечисляются в бюджет города Душанбе.».

- части 4,5,6,7,8 соответственно считать частями 5,6,7,8,9.

2. Из статьи 16 исключить слова «города Душанбе,» и после слова «районов» дополнить знаком и словом «, за исключением города Душанбе».

3. Пункт 1) части 1 статьи 20 после слова «бюджетов» дополнить знаком и словом «, за исключением города Душанбе»

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2025 года.


Президент
Республики Таджикистан