ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси Созишнома дар бораи таҳкими алоқаи байниҳамдигарии нақлиёти рӯйизаминӣ дар Осиёи Марказӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Созишнома дар бораи таҳкими алоқаи байниҳамдигарии нақлиёти рӯйизаминӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 11 марти соли 2025, № 166
Лоиҳа
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи таҳкими алоқаи байниҳамдигарии нақлиёти рӯйизаминӣ дар Осиёи Марказӣ
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишнома дар бораи таҳкими алоқаи байниҳамдигарии нақлиёти рӯйизаминӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷонибҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар бораи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Созишнома дар бораи таҳкими алоқаи байниҳамдигарии нақлиёти рӯйизаминӣ дар Осиёи Марказӣ
Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
баҳри таҳкими боварии ҳамдигарӣ, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории баробарҳуқуқ байни давлатҳои Тарафҳо кӯшиш намуда,
муҳиммияти таъмини ҳамлу нақли байналмилалии боэътимод ва самаранокро барои рушди муносибатҳои тиҷоратии байни давлатҳои Тарафҳо эътироф намуда,
зарурати гузаронидани амалҳои муштараки Тарафҳоро бо мақсади таъмини кори устувори нақлиёт дар ҳолатҳои фавқулода эътироф намуда,
бо таъкид бар он, ки эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлатҳои Тарафҳо мавҷудияти занҷираҳои устувори таҳвили доимо бо ҳамоҳангсозии талошҳо дар соҳаи нақлиёт алоқамандро талаб менамояд,
бо нияти беҳтар намудани шароити ҳамлу нақли байналмилалии бор, мусофирон ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар асоси таҷрибаи мавҷуда ва шартномаҳои дахлдори байналмилалӣ,
муҳиммияти таъмини амнияти озуқавориро таъкид намуда,
зарурати коҳиш додани зараре, ки нақлиёт ба муҳити атроф мерасонад, имчунин қонеъ гардондани талабот ба воситаҳои ҳаракати боэътимод ва дастрасро эътироф намуда,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1 Мақсадҳои Созишнома
Мақсадҳои асосии Созишномаи мазкур иборатанд аз:
- муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ бо нақлиёти рӯйизаминӣ;
- таъмини муҳити рақобатпазир дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ;
- баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла мултимодалӣ;
- содагардонии раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти рӯйизаминӣ;
- рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётию логистикӣ;
- ҷорӣ намудан ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамикунонии раванди ҳамлу нақл бо нақлиёти рӯйизаминӣ;
- ҳавасмандгардонӣ ва рушди таҷрибаи истифодабарии намудҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза воситаҳои нақлиёт.
Моддаи 2 Фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ бо нақлиёти рӯйизаминӣ
Мутобиқи Созишномаи мазкур Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ бо нақлиёти рӯйизаминӣ шароити мусоид фароҳам меоранд, аз ҷумла бо роҳи:
- таъмини алоқаи саривақтии нақлиётӣ байни давлатҳои Тарафҳо;
- мусоидат ба ташаккули шабакаи долонҳои ҳамгироишудаи байналмилалии нақлиётӣ тавассути ҳудуди давлатҳои Тарафҳо;
- таҳия ва тасдиқи методикаи ягонаи баркашӣ ва имконияти тартиби эътирофи мутақобилаи сертификатҳои баркашии автомобилҳои боркаш;
- ҳалли масъалаҳои суғуртаи ҳатмии шахсии мусофирон, ки тавассути ҳудуди давлатҳои иштирокдори Созишномаи мазкур интиқол дода мешаванд;
- ташаккули принсипҳои ягона ва шароити иштирок дар бозори хизматрасониҳои нақлиётии кишварҳои минтақа;
- гузаронидани чорабиниҳои дахлдор бо мақсади омӯзиш ва рушди бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ;
- мусоидат ҷиҳати ташкили долони сабз бо мақсади содагардонии расмиёти убури сарҳад бо борҳои зудвайроншаванда, аз ҷумла бо роҳҳои оҳан;
- мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори гузариши гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ.
Моддаи 3 Долонҳои нави нақлиётии байналмилалӣ
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ташаккули долонҳои нави байналмилалии нақлиётӣ иқдомҳои ҳамоҳангшуда анҷом медиҳанд, бо мақсади:
- интиқоли самаранок, саривақтӣ, мунтазам ва бехатари борҳо;
- истифодаи афзалиятҳои ҳамлу нақли мултимодалӣ ва интермодалии борҳо, инчунин бо истифода аз бандарҳои баҳрии минтақаи Хазар;
- баланд бардоштани ҳаракатнокии аҳолӣ, инчунин беҳтар намудани дастрасии нақлиёт дар минтақа;
- баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон;
- такмили инфрасохтори роҳу нақлиётӣ бо истифода аз технологияҳои муосир;
- фароҳам овардани шароит ва таҳияи механизми мониторинги ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар долонҳои байналмилалӣ.
Моддаи 4 Рушди хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ чораҳои зарурӣ меандешанд, аз ҷумла бо роҳи:
- таҳия ва қабули стандартҳои умумии техникӣ барои ташкили низоми иттилоотии логистикӣ;
- таъсиси марказҳои ҳамгироишудаи иггилоотию логистикӣ ва нақлиётию логистикӣ;
- таҳияи истилоҳоти ягона ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти нақлиётию логистикиро танзим мекунанд;
- таҳия ва ҷорӣ намудани принсипҳо ва усулҳои умумӣ дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ;
- мусоидат дар таъсиси марказҳои нақлиётию логистикии таъиноти минтақавӣ;
- таъмини сатҳи баланди сифати хизматрасониҳои наклиётию логистикӣ;
- омодакунӣ ва омӯзиши мутахассисон дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ.
Моддаи 5 Рақамикунонии нақлиёти рӯйизаминӣ
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонии ҳамлу нақл бо нақлиёти рӯйизаминӣ ва амалиётҳои марбут ба нақлиётию логистикӣ густариш медиҳанд, инчунин ба ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ мусоидат менамоянд, аз он ҷумла:
- барои рақамикунонии долонҳои нақлиётӣ тадбирҳои муштарак меандешанд;
- дар соҳаи рақамикунонии амалиётҳои нақлиётию логистикӣ бо таҷрибаи пешқадам ва иттилоот мубодила менамоянд;
- ба омодакунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои комплекси нақлиётӣ мусоидат менамоянд;
- стандартҳоро барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироии мутақобилаи технологияҳои рақамӣ, ки дар нақлиёт истифода мешаванд, таҳия ва татбиқ менамоянд;
- мубодилаи электронии маълумотро дар намудҳои гуногуни нақлиёти рӯйизаминӣ дар асоси принсипҳои ҳамоҳангсозии мутақобила ва ҳамгироии технологияҳои рақамӣ рушд медиҳанд.
Моддаи 6 Рушди намудҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи нақлиёт
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд:
- ба рушди фаъолонаи намудҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза («сабз») мусоидат менамоянд;
- барои таъмини беҳтар намудани самаранокии энергия ва кам кардани хориҷшавии партовҳои СО2 дар шароити афзоиши талабот ба ҳаракатнокӣ ва ҳамлу нақли борҳо чораҳо меандешанд;
- барои воситаҳои нақлиёт ва навъҳои сузишвории истифодашаванда технологияҳои каммасрафи энергетикиро ҷорӣ менамоянд;
- технологияҳои нақлиётию логистикӣ, ки суръат ва масофаи ҳаракати воситаҳои нақлиёти холиро кам мекунанд, рушд медиҳанд;
- барои воситаҳои нақлиёт стандартҳои ҳамоҳангшудаи назорати хориҷшавии партовҳоро ҷорӣ мекунанд;
- тадбирҳои амалиро барои баланд бардоштани дастрасии сӯзишвории намудҳои камкарбон ба истеъмолкунандагон таҳия ва татбиқ менамоянд;
- таъсиси инфрасохтори ҳамгироишуда ҷиҳати нигоҳдорӣ ва таъмири навъҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамоянд.
Моддаи 7 Комиссияи муштарак
1.Тарафҳо барои амалисозии назорати муштараки иҷрои Созишномаи мазкур аз ҳисоби намояндагони мақомоти салоҳиятдори худ Комиссияи муштарак таъсис медиҳанд.
2.Комиссияи муштарак вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
а) мониторинг ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи ҳамоҳангшуда ва пайдарпайи муқаррароти Созишнома ва ҳалли масъалаҳое, ки дар ҷараёни амалисозии он ба миён меоянд;
б) мусоидат ба мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар мубодилаи иттилоот дар бораи қонунгузории амалкунандаи давлатҳои худ вобаста ба ҳамлу нақли нақлиёти рӯйизаминӣ, дар бораи тағйирот ба онҳо, инчунин иттилооти дигари марбут ба мавзӯи Созишномаи мазкур;
в) тартиб додани пешниҳодҳо ва муҳокимаи тадбирҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани шароити амалисозии ҳамлу нақли боркашонӣ бо намудҳои нақлиёти рӯйизаминӣ;
г) огоҳонидани саривақтии мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар бораи ба амал омадани ҳолати фавқулодае, ки ба фаъолияти комплекси нақлиётӣ таъсир мерасонад, инчунин таҳияи тадбирҳои ёрии ҳамдигарӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода;
д) муҳокимаи масъалаҳои дигари марбут ба Созишномаи мазкур.
3.Раисии Комиссияи муштарак ҳамасола тибқи тартиби ротатсия аз як Тараф ба Тарафи дигар аз рӯйи тартиби алифбо мувофиқи алифбои забони русӣ мегузарад.
4.Ҷаласаи Комиссияи муштарак соле як маротиба барпо мегардад.
Бо дархости яке аз Тарафҳо ва бо розигии Тарафҳои дигар метавонанд ҷаласаҳои ғайринавбатӣ гузаронида шаванд.
Қарорҳои Комиссияи муштарак дар шакли консенсус қабул мегарданд.
5.Ҷаласаҳои мунтазами ҳарсола дар ҳудуди давлати Тарафе, ки раиси Комиссияи муштарак мебошад, гузаронида мешавад. Вақт, макон ва шаклҳои гузаронидани ҷаласаҳои ғайринавбатии Комиссияи муштаракро Тарафе, ки раиси Комиссия мебошад, муайян менамояд.
Моддаи 8 Огоҳонидан оид ба сар задани ҳолатҳои фавқулода
1.Дар сурати ба амал омадани ҳолати фавқулодае, ки ба кори комплекси нақлиёт эҳтимолӣ ё амалан таъсир мерасонад ё пайдо шудани таҳдиди ба амал омадани он дар ҳудуди яке аз давлатҳои Тарафҳо, Тарафи номбурда ҳарчи зудтар ба мақомоти ваколатдори Тараф, ки айни замон раиси Комиссияи муштарак мебошад, огоҳинома мефиристад.
2.Огоҳинома метавонад, чун қоида, бандҳои зеринро дар бар гирад:
а) санаи огоҳинома;
б) номи давлати дахлдор;
в) ном ва хусусиятҳои ҳолати фавқулода;
г) тавсифи инкишофи ин вазъият ва мавқеи ҷуғрофии минтақаи фарогири он;
д) давомнокии пешбинишудаи ҳолати фавқулода;
е) тадбирҳое, ки дар сатҳи миллӣ оид ба назорат ва муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаи ба вуҷудомада, ки ба кори комплекси нақлиётӣ таъсир мерасонанд;
ж) муҳлати амали тадбирҳои дар боло зикришуда;
з) дар ҳолати зарурӣ дархост ба Тарафҳои дигар дар бораи расонидани кумак ҷиҳати баровардани (эвакуатсияи) шаҳрвандон аз ҳудуди аз вазъияти фавқулода зарардида, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад, агар Тарафи хабаркунанда чунин имконият надошта бошад;
и) дархост дар бораи даъват намудани маҷлиси ғайринавбатии Комиссияи муштарак (дар сурати зарурат);
к) маълумоти дигар дар бораи ҳолати фавқулода, ки ҷониби огоҳкунанда пешниҳоди онро муҳим мешуморад.
3.Мақоми салоҳиятдори Тарафи раиси Комиссияи муштарак бо гирифтани ҷунин огоҳинома онро ҳарчи зудтар ба Тарафҳои дигари Созишномаи мазкур мефиристад.
4.Дар ҳолате, ки агар дар огоҳиномаи мазкур дархост оид ба даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Комиссияи муштарак бинобар вазъияти фавқулода мавҷуд бошад, Тарафе, ки раисии Комиссияи муштаракро ба уҳда дорад, ҳукук дорад бо розигии Тарафҳои дигар чунин ҷаласаи ғайринавбатиро даъват намояд.
Моддаи 9 Мақомоти салоҳиятдор
Тарафҳо якдигарро дар бораи мақомоти дахлдори салоҳиятдори худ барои мақсадҳои Созишномаи мазкур дар давоми шаст рӯз аз санаи эътибор пайдо кардани он тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳ мекунанд, инчунин дар бораи тағйирот дар ҳайати мақомоти салоҳиятдор сари вақт хабар медиҳанд.
Моддаи 10 Шартномаҳои байналмилалии дигар
Созишномаи мазкур ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳоро, ки аз шартномаҳои байналмилалии дигар баимзорасида бармеоянд ва иштирокчии онҳо мебошанд, халалдор намесозад.
Моддаи 11 Тафсир ва татбиқ
Баҳсҳо байни Тарафҳо вобаста ба тафсир ё татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур тавассути машварат ва музокирот дар доираи Комиссияи муштарак ҳал карда мешаванд.
Моддаи 12 Механизми хамроҳшавии кишварҳои дигар ба Созишнома
1.Созишномаи мазкур пас аз эътибор пайдо кардани он барои ҳар давлате, ки нияти ба он шомил шуданро дорад, тавассути пешниҳоди ҳуҷҷати ҳамроҳшавӣ ба маҳфуздоранда боз аст.
2.Барои давлати ҳамроҳшаванда Созишномаи мазкур пас аз гузаштани 30 рӯз аз рӯзи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани огоҳиномаи хаттии охирини давлатҳои Созишномаи мазкур дар бораи розигӣ ба чунин ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 13 Тавзеҳот
Нисбат ба муқаррароти Созишномаи мазкур тавзеҳот иҷозат дода намешавад.
Моддаи 14 Тағйиру иловаҳо
Бо розигии мутақобилаи Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд, ки қисми ҷудонашавандаи он мебошанд ва бо тартиби пешбининамудаи моддаи 17 Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.
Моддаи 15 Баромадан аз Созишнома
1.Ҳар Тараф ҳуқуқ дорад дар ин хусус маҳфуздорандаро ба таври хаттӣ огоҳ намуда, аз Созишномаи мазкур хориҷ шавад.
2.Нисбати чунин Тараф амали Созишномаи мазкур пас аз гузаштани шаш моҳ аз рӯзи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани чунин огоҳинома қатъ мегардад.
Моддаи 16 Маҳфуздоранда
1. Маҳфуздорандаи Созишномаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба Тарафҳое, ки Созишномаи мазкурро имзо кардаанд, нусхаҳои тасдиқшудаи онро мефиристад.
2. Маҳфуздоранда Тарафҳоро дар бораи ҳамроҳ шудани давлатҳои дигар ба Созишномаи мазкур, инчунин дар бораи қатъи амали он нисбат ба ҳар яке аз Тарафҳо хабар медиҳад.
Моддаи 17 Муқаррароти хотимавӣ
Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста шуда, пас аз гузаштани 30 рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин аз ҷониби маҳфуздоранда дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро намудани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур мебошад, эътибор пайдо мекунад.
Дар шаҳри Душанбе 14 сентябри соли 2023 дар ду нусхаи аслӣ, ҳар кадом ба забонҳои тоҷикӣ, қазокӣ, қирғизӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд.
Барои тафсири муқаррароти Созишномаи мазкур матни русӣ истифода мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон _______________ Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон _______________ Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон _______________ Аз ҷониби Ҳукумати Туркманистон _______________ Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон _______________ | |