Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 117

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2025, № 117 

Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, рушди бозори меҳнат, тахассусҳо, низоми омодасозии мутахассисон бо дар назар доштани талаботи бозори меҳнат ва ҳунармандӣ, идоракунии марказҳои таълими калонсолон анҷом медиҳад.

2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар ба роҳ мемонад.

2. ВАКОЛАТҲО

4. Вазорат дар соҳаи муқарраргардида ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

1) лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, идоракунии марказҳои таълимии калонсолон, рушди тахассусҳо ва ҳунармандӣ, нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамо оид ба фаъолияти Вазорат тибқи талаботи қонунгузорӣ таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

2) дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи намунавӣ дар бораи шартҳои музди меҳнат ва мукофотпулиҳои кормандони роҳбарикунандаро тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ мекунад;

3) дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия меъёрҳои ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои хусусияти сайёр ва сафаридошта, иҷрои корҳои вахтавӣ, саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар сафар муқаррар месозад;

...


Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «28» февраля 2025 года, №117

Положение о Министерстве труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан (далее - Министерство) является центральным исполнительным органом государственной власти, осуществляющим продвижение единой государственной политики и нормативное правовое регулирование в области труда, улучшение уровня жизни населения миграции, занятости населения, развития рынка труда, системы подготовки специалистов с учётом потребностей рынка труда, управление центрами обучения взрослых, квалификации и ремесленничества.

2. Министерство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, актами Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Президента Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

3. Министерство осуществляет свою деятельность во взаимодействии с центральными исполнительными органами государственной власти, местными исполнительными органами государственной власти, международными, общественными организациями и другими организациями.

2. ПОЛНОМОЧИЯ

4. Министерство в установленной сфере осуществляет следующие полномочия:

1) в соответствие с требованиями законодательства разрабатывает проекты нормативных правовых актов в области труда, миграции, занятости населения, уровня жизни населения, управление центрами обучения взрослых, развития квалификации и ремесленничества, плана работы и прогнозных показателях о деятельности Министерства и представляет на рассмотрения Правительству Республики Таджикистан;

2) по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан в установленном порядке утверждает типовое положение об условиях оплаты труда и премирования руководящих работников;

3) по согласованию с уполномоченными государственными органами в сфере финансов устанавливает минимальные нормы и порядок возмещения расходов при направлении работников для выполнения монтажных, наладочных и строительных работ, на курсы повышения квалификации, а также за подвижной и разъездной характер работы, за производство работ вахтовым методом, полевых и постоянную работу в пути;

...