Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ аз 26 феврали соли 2025, № 969

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2025, № 969
тасдиқ шудааст

 

Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ (минбаъд – Низомнома) раванди ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Бо мақсадиҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар сатҳи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуроҳои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таъсис дода мешаванд.

3. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти шуроҳои ҳамоҳангсозиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, инчунин Низомномаи мазкур ташкил медиҳанд.

4. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- волоияти қонун;

- ягонагии мақсаду вазифаҳо оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, муттаҳидсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ;

- афзалияти чораҳои пешгирӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;

...
Утверждено 
указом Президента 
Республики Таджикистан
от «26» февраля 2025 года, №969

Положение о координации деятельности правоохранительных органов по борьбе с преступностью

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о координации деятельности правоохранительных органов Республики Таджикистан по борьбе с преступностью (далее – Положение) определяет процесс координации деятельности правоохранительных органов в Республике Таджикистан.

2. С целью координации деятельности правоохранительных органов по борьбе с преступностью на уровне центральных органов государственной власти и местных исполнительных органов государственной власти создаются координационные советы правоохранительных органов Республики Таджикистан по борьбе с преступностью.

3. Правовые основы деятельности координационных советов составляют Конституция Республики Таджикистан, Конституционный закон Республики Таджикистан «Об органах прокуратуры Республики Таджикистан», другие нормативные правовые акты, а также настоящее Положение.

4. Координация деятельности правоохранительных органов по борьбе с преступностью осуществляется на основе следующих принципов:

- верховенство закона;

- единство целей и задач по усилению борьбы с преступностью, объединения правоохранительных органов по укреплению правопорядка;

- приоритет мер предупреждения в борьбе с преступностью;

- равноправие каждого члена координационных советов при пастановке вопросов внесении предложений и принятии решений;

- невмешательство в организационно-административную деятельность государственных органов в реализации согласованных мер и рекомендаций;

...