ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 158
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» аз 15 марти соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2023, №1-3. мод.26) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1.Дар банди 12) моддаи 1 калимаҳои «грантҳо, ба истиснои грантҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» ба калимаҳои «инчунин грантҳо» иваз карда шаванд.
2.Дар қисми 1 моддаи 5:
- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1) ташкилотҳои харидор;»;
- банди 2) хориҷ карда шавад;
- бандҳои 3) ва 4) мувофиқан бандҳои 2) ва 3) ҳисобида шаванд.
3.Банди 6) моддаи 6 хориҷ карда шуда, банди 7) банди 6) ҳисобида шавад.
4.Дар моддаи 7:
- банди 7) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7) тасдиқ намудани натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва муайян намудани ғолиби озмун;»;
- дар банди 8) калимаҳои «харидори соҳибтахассус» ба калимаи «харидор» иваз карда шаванд.
5.Аз қисми 1 моддаи 8 калимаҳои «ташкилоти харидори соҳибтахассус ё» хориҷ карда шаванд.
6.Моддаҳои 10 ва 11 хориҷ карда шаванд.
7.Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Таҳкими иқтидори захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ
1.Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад барои таҳкими захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони харид ва такмили ихтисоси онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
2.Агар вобаста ба ҳаҷми умумӣ ва хусусиятҳои харид мувофиқи мақсад бошад, ташкилоти харидор метавонад вазифаҳоро оид ба ташкил ва анҷом додани расмиёти харид ба зиммаи шахс(он)-и мансабдори дорои сертификати мутахассиси харид вогузор намояд ё воҳиди сохтории харидро, ки дар он ҳадди ақал яке аз кормандон дорои сертификати мутахассиси харид мебошад, ташкил намояд. Барои гирифтани сертификати мутахассиси харид шахс(он)-и мансабдор ё корманд(он)-и воҳиди сохтории харид бояд мутобиқи барномаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ё барномаҳои бо мақоми ваколатдори давлатӣ муштарак омӯзонида шавад. Сертификати мутахассиси харид аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси иатиҷаҳои имтиҳонҳо барои гирифтани сертификат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ мегузаронад, дода мешавад.
3.Мутахассисони харид уҳдадоранд дар барномаҳои такмили ихтисос, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ ва гузаронида мешаванд, бо минбаъд супоридани имтиҳон, ки барои нигоҳ доштани эътибори амали сертификати мутахассиси харид асос мебошад, иштирок намоянд.».
8.Дар қисми 1 моддаи 30 калимаи «дорои» ба калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё» иваз карда шаваид.
9.Қисми 4 моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Ташкилотҳои харидор ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои тасдиқ натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва муайян намудани ғолибро пешниҳод менамоянд.».
10.Дар моддаи 49:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ташкилоти харидор метавонад дархости нархномаро мутобиқи қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 моддаи мазкур барои хариди молҳо, ки дастрас буда, барои онҳо бозори ташаккулёфта мавҷуд аст, инчунин барои хариди кор ва хизматрасонии ғайримашваратӣ мутобиқи номгӯй, ки дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ тасдиқ шудааст, истифода намояд, ба шарте ки арзиши тахминии шартномаи харид аз ҳадди нишондиҳандаи арзишии дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраргардида камтар бошад.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «ё хизматрасонӣ» ба калимаҳои «, кор ё хизматрасонии ғайримашваратӣ» иваз карда шаванд.
11.Дар қисми 3 моддаи 71:
- банди 1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«1) банақшагирии харид, аз ҷумла таҳияи тавсифоти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ;»;
- бандҳои 1), 2), 3) ва 4) мувофиқан бандҳои 2), 3), 4) ва 5) ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан «О государственных закупках»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан «О государственных закупках» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраль 2025 года №158
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННЫХ ЗАКУПКАХ»
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О государственных закупках» от 15 марта 2023 года (Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2023 г., №1-3, ст.26) следующие изменения и дополнения:
1.В пункте 12) статьи 1 слова «грантов, за исключением грантов в рамках государственных инвестиционных проектов» заменить словами «также грантов».
2.В части 1 статье 5:
- пункт 1) изложить в следующей редакции:
«1) закупающие организации;»;
- пункт 2) исключить;
- пункты 3) и 4) соответственно считать пунктами 2) и 3).
3. Пункт 6) статьи 6 исключить и пункт 7) считать пунктом 6).
4. В статье 7:
- пункт 7) изложить в следующей редакции:
«7) утверждение итогов оценки конкурсных предложений и определения победителя;»;
- в пункте 8) слова «специализированный покупатель» заменить словом «покупатель».
5. Из части 1 статьи 8 слова «квалифицированными закупающими организациями или» исключить.
6. Статьи 10 и 11 исключить.
7. Статью 15 изложить в следующей редакции:
«Статья 15. Укрепление кадрового потенциала в сфере государственных закупок
1. Уполномоченный государственный орган для укрепления потенциала кадровых ресурсов в области государственных закупок может принимать необходимые меры по подготовке специалистов по закупкам и совершенствованию их квалификации.
2. Если это целесообразно в зависимости от общего объема и характера закупок, закупающая организация может возложить задачи по организации и осуществлению процедур закупок на должностное(ые) лицо(а), обладающее сертификатом специалиста по закупкам или создать структурное подразделение по закупкам, в котором как минимум один из сотрудников обладает сертификатом специалиста по закупкам. Для получения сертификата специалиста по закупкам должностное(ые) лицо(а) или сотрудник(и) структурного подразделения по закупкам должен пройти обучение по программам уполномоченного государственного органа или совместным с уполномоченным государственным органом программам. Сертификат специалиста по закупкам выдается государственным уполномоченным органом по результатам экзаменов для получения сертификата, проведенных государственным уполномоченным органом.
3. Специалисты по закупкам обязаны участвовать в программах повышения квалификации, утверждаемых и проводимых уполномоченным государственным органом, путем дальнейшей сдачи экзамена, который является основанием для сохранения действия сертификата специалиста по закупкам.».
8. Часть 1 статьи 30 после слова «быть» дополнить словами «в письменной форме или».
9. Часть 4 статьи 35 изложить в следующей редакции:
«4. Закупающие организации представляют результаты оценки конкурсных предложений и определения победителя для утверждения уполномоченному государственному органу.».
10. В статье 49:
- часть 1 изложить в следующей редакции:
«1. Закупающая организация может применять метод запроса котировок в соответствии с частями 2, 3, 4 и 5 настоящей статьи для закупки товаров, которые имеются в наличии и для которых существует сформированный рынок, а также для закупки работ и неконсультационных услуг в соответствии с перечнем, утвержденным в правилах по процедурам государственных закупок, при условии, что ориентировочная стоимость договора закупки меньше стоимостного порогового показателя, установленного в правилах по процедурам государственных закупок.»;
- в части 2 слова «или услуг» заменить словами «, работ или неконсультационных услуг».
11. В части 3 статьи 71:
- дополнить пунктом 1) следующего содержания:
«1) планирование закупок, в том числе разработка технических спецификаций и конкурсной документации;»;
- пункты 1), 2), 3) и 4) считать соответственно пунктами 2), 3), 4) и 5).
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан