Низомномаи Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 116

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2025, № 116

 

Низомномаи Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шуро) мақоми байниидоравии машваратӣ мебошад, ки бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудааст.

2. Шуро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2.ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУРО

3. Вазифаҳои асосии Шуро аз инҳо иборатанд:

- таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба амалисозии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва расонидани кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ;

- омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳияи пешниҳодҳо доир ба дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила;

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «28» февраля 2025 года, №116

Положение О Межведомственном совете по предупреждению насилия в семье при Правительстве Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Межведомственный совет по предупреждению насилия в семье при Правительстве Республики Таджикистан (далее – Совет) является межведомственным консультативным органом, созданным с целью обеспечения координации деятельности субъектов предупреждения насилия в семье.

2. Совет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан и настоящим Положением.

2. ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ СОВЕТА

3. Основные задачи Совета заключаются в следующем:

- обеспечении координации деятельности субъектов предупреждения насилия в семье, других государственных органов и организаций, в том числе международных организаций и организаций гражданского общества;

- разработке предложений по реализации основных направлений государственной политики в области предупреждения насилия в семье и оказания помощи жертвам насилия;

- изучении и анализе правовой, экономической и социальной ситуации в направлении предупреждения насилия в семье, разработке предложений по доступу и качеству услуг для пострадавших от насилия в семье;

- проведении мониторинга и оценке состояния жертв насилия в семье;

- решении других вопросов, связанных с предупреждением насилия в семье.

...