бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2025,
№ 104 тасдиқ шудааст
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байни ҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср, ки минбаъд «Тарафҳои аҳдкунанда» номида мешаванд;
бо дар назар доштани пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории гумрукӣ ба манфиатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои Тарафҳои аҳдкунанда;
бо дар назар доштани зарурати таъмини баҳисобгирии амиқ, ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳо ва хироҷҳо ҳангоми воридоту содироти молҳо, инчунин, татбиқи қоидаҳо дар бораи мамнуият, маҳдудият ва назорат,
бо дар назар доштани фаъолияти самаранок оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории гумрукӣ, тавассути ҳамкориҳо байни мақомоти гумрук;
бо дар назар доштани вусъат ва афзоиш додани пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки ба саломатии инсон ва ҷомеа хатари ҷиддӣ мерасонанд;
ва бо дар назар доштани он, ки конвенсияҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Тарафҳои аҳдкунанда дар заминаи ёрии байниҳамдигарӣ, тибқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии гумрук амалӣ карда мешаванд,
ба мувофиқаи зерин расиданд.
Моддаи 1 Мафҳумҳо
Барои ҳадафҳои Созишномаи мазкур, мафҳумҳо дорои мазмуни зерин мебошанд:
а) мақомоти гумрук - барои Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои Ҷумҳурии Арабии Миср маънои Мақомоти гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Арабии Миср;
б) «қонунгузории гумрукӣ» - муқаррароти дар қонун ва санадҳои зерқонунии муқарраргардида вобаста ба воридот, содирот, интиқоли молҳо ё дигар расмиёти гумрукие, ки ба боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва ё ҳама гуна хироҷҳои гумрукии аз ҷониби маъмуриятҳои гумрук ситонидашаванда, инчунин, чораҳо оид ба мамнуият, маҳдудият ва назорати аз ҷониби хадамотҳои гумрук амалишаванда, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар молҳо;
в) пардохтҳои гумрукӣ - боҷҳо, андозҳо, хироҷҳо ва ё дигар пардохтҳое, ки аз Тарафи мақомоти гумруки Тарафҳои аҳдкунанда ҳангоми воридот, содирот, инчунин, дар дохил ва берун аз ҳудуди Тарафҳои аҳдкунанда тибқи қонунгузории гумрукӣ ситонида мешаванд;
г) ҳукуқвайронкуниҳои гумрукӣ - ҳама гуна вайронкунӣ ва ё кӯшиши вайрон кардани қонунгузории гумрукӣ;
ғ) тарафи дархосткунанда - мақоми гумрукие, ки дархости мусоидат намудааст;
д) тарафи дархостшаванда - мақоми гумрукие, ки аз ӯ дархости мусоидат намудаанд;
е) воситаҳои нашъадор - маводи табиӣ ё синтетикие, ки ба ҷадвали I ва II-и Конвенсияи ягона дар бораи воситаҳои нашъадор, аз соли 1961, бо дарназардошти Протокол дар бораи тағйирот ба Конвенсияи ягона дар бораи воситаҳои нашъадор аз соли 1972 ва бандҳои (n) ва (r)-и моддаи 1-и Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз 20-уми декабри соли 1988 дохил карда шудааст;
ё) шахси мансабдор - шахси мансабдори мақомоти гумрук ва ё дигар мақомоти давлатие, ки барои татбиқи қонунгузории гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумруки Тарафҳо таъин шудааст;
ж) моддаҳои психотропӣ - ҳама гуна моддаҳои табиӣ ва синтетикие, ки ба Рӯйхати I, II, III ва IV Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи моддаҳои психотропӣ аз соли 1971 ва бандҳои (n) ва (r)-и моддаи 1-и Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз 20 декабри соли 1988 дохил карда шудааст;
з) прекурсор - моддаҳои химиявии назоратшавандаи дар истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва психотропӣ истифодашавандае, ки ба Рӯйхати I ва II Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз соли 1988 дохил карда шудаанд;
и) молҳои таъсирбахш - маводҳое, ки дар моддаи 4-и Созишномаи мазкур дарҷ гардидаанд;
й) маълумот - ҳама гуна маълумоти коркардшуда, коркарднашуда ва ё таҳқиқшуда, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ё дигар иттилоот дар ҳама гуна шакл аз ҷумла, нусхаи электронии маълумот ё ҳама гуна нусхаҳон тасдиқшудаи он;
й) шахс - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, агар дар муқаррароти матн маънои дигар пешбинӣ нашуда бошад;
к) маълумот дар бораи шахс - ҳама гуна маълумот оид ба шахси воқеии муайянгардида ё муайяншаванда;
қ) таҳвили назоратшаванда - маънои усулеро дорад, ки тибқи он молҳои ғайриқонунӣ интиқолдодашуда ё эҳтимолияти ғайриқонунии интиқолро доранд, бо огоҳӣ ё таҳти назорати мақомоти салоҳиятдори кишварҳо ва бо мақсади муайян кардани ҷинояткорон ё шахсоне, ки онҳоро ёрӣ мерасонанд ба ҳудуди Тарафи дигари аҳдкунанда содир ва ё ворид карда мешаванд.
Моддаи 2 Доираи амали Созишнома
1. Тарафҳои аҳдкунанда бо мақсади татбиқи қонунгузории гумрукӣ ва мавриди амал қарор додани муқаррароти Созишномаи мазкур, ба андешидани чораҳои зерин кӯшиш менамоянд:
а) суръат бахшидан ба гардиши мол дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои пешрафта;
б) ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар пешгирӣ, тафтиш ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои қонунгузории гумрукӣ;
в) аз рӯйи дархост пешниҳод намудани ҳама гуна маълумоте, ки барои татбиқи қонунгузории гумрукӣ заруранд;
г) роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ дар самтҳои тадқиқот, рушд ва ҷорӣ намудани тартиботҳои нави гумрукӣ дар омӯзиши мутахассисон, табодули таҷриба ва дигар корҳои мавриди манфиатҳои мутақобила қарордошта;
ғ) бо созиши Тарафҳои аҳдкунанда ба роҳ мондани мубодилаи маълумоти электронӣ вобаста ба воридот ва содироти мол аз ҳудуд/ва ё ба ҳудуди якдигар;
д) тибқи дархост пешниҳоди маълумоти пешакӣ нисбат ба мусофироне, ки байни Тарафҳои аҳдкунанда сафар мекунанд манзур гардад, агар чунин маълумот дар ихтиёри маъмурияти гумрукӣ бошад.
2. Ёрии байниҳамдигарӣ дар доираи Созишномаи мазкур мутобиқи қонунгузории гумрукӣ дар доираи салоҳият ва имкониятҳои мақомоти гумруки он расонида мешавад.
3. Созишномаи мазкур дар ҳудуди давлатҳои Тарафҳои аҳдкунанда дар доираи салоҳият ва захираҳои давлатӣ татбиқ мегардад.
Моддаи 3 Мушоҳида намудани шахсон, мол ва воситаҳои нақлиёт
1.Мақомоти гумрук тибқи дархост назоратро нисбат ба масъалаҳои зерин ба роҳ мемонад:
а) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки вайронкунии қонунгузории гумрукиро содир кардааст ё дар содир намудани он гумонбар дониста мешавад ва ё дар гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ширкат варзидааст;
б) молҳое, ки ҳамчун ашёи содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ аз ҷумла, дар гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропй ва прекурсорҳои онҳо маълуманд ё зери шубҳа қарор дода шудаанд;
в) ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, ки дар содир кардани ҳукуқвайронкуниҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо истифода шудаанд, ё зери шубҳаи истифодабарӣ қарор гирифтаанд;
г) бастаҳои почта ва хаткашоне, ки зери шубҳаи истифодаи ғайриқонунӣ қарор гирифтаанд.
2. Мақомоти гумрук метавонад усули назоратшавандаро дар асоси қонунгузории гумрукӣ иҷозат ва интиқол намояд.
3. Нисбат ба ҳар як таҳвили назоратшаванда байни мақомоти гумрук дар асоси созишномаҳо оид ба масъалаҳои молиявии дахлдор бо дарназардошти ҳолати ҷойдошта, қарор қабул карда мешавад.
Моддаи 4 Чораҳо ба муқобили гардиши ғайриқонунии молҳои таъсирбахш
Мақомоти гумрук аз рӯйи дархост дар хусуси ба ҳамдигар пешниҳод намудани маълумоти дахлдор оид ба ҳама гуна амалҳои муташаккили омодашуда ё содиршудае, ки қонунгузории гумруки давлатҳои Тарафҳои аҳдкунандаро вайрон мекунад, ё метавонад вайрон намояд, тамоми чораҳоро меандешад аз ҷумла, вобаста ба гардиши:
а) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
б) силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва ядроӣ, инчунин, дигар моддаҳое, ки барои муҳити зист ва саломатии аҳолӣ хатар доранд;
в) ашёи санъат, ки арзиши таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносӣ дорад;
г) молҳои воридотӣ ва содиротие, ки таҳти меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо қарор доранд;
ғ) филизот ва сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо ифодаёфта;
д) пул, тангаҳо ва хуҷҷатҳои қарзиву пулии дар гардишбуда;
е) адабиёте, ки хусусияти динӣ, экстремистӣ, террористӣ ва ҳарзанигорию фитнаангезанда дорад;
ё) молҳои қалбакие, ки зери риояи ҳуқуки моликияти зеҳнӣ қарор доранд;
ж) мавзеъҳои олами набототу ҳайвонот, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.
Моддаи 5 Мубодилаи иттилоот
1. Мақомоти гумрукӣ тибқи дархост бояд кӯшиш намоянд, ки ба ҳамдигар ҳама гуна маълумот ё нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дахлдореро пешниҳод намоянд, ки боиси татбиқи расмиётҳои самаранок мегарданд аз ҷумла, тавассути истифодаи почтаи электронии маҳфузгардида дар робита ба масъалаҳои зерин:
а) муайян намудани арзиши гумрукӣ;
б) таснифоти мол мутобиқи тарифи гумрукӣ;
в) муайян намудани давлати истеҳсолкунандаи мол.
2. Мақомоти гумрук метавонанд ба таври худкор ҳама гуна маълумотро мутобиқи Созишномаи мазкур мубодила намоянд. Мундариҷа, сохтор ва шакли чунин маълумот, инчунин шартҳои мубодилаи он бо протоколҳои алоҳидаи байни мақомоти гумрукӣ басташуда муайян карда мешаванд.
Моддаи 6 Мусоидат ҳангомн назорат
Мақомоти гумрук аз рӯйи дархост ба ҳамдигар маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:
а) дар бораи ба таври қонунӣ аз ҳудуди яке аз давлатҳои Тарафи аҳдкунанда содир шудани моле, ки ба ҳудуди давлати Тарафи дигари аҳдкунанда ворид шудааст;
б) дар бораи ба таври қонунӣ ба ҳудуди яке аз давлатҳои Тарафи аҳдкунанда ворид шудани моле, кн аз ҳудуди давлати Тарафи дигари аҳдкунанда содир шудааст;
в) аз рӯйи дархост, мақомоти дархостшаванда бо мақсади татбиқи дурусти қонунгузории гумрукӣ ё пешгирии қаллобӣ дар соҳаи гумрук, ба ҷониби мақомоти дархосткунанда, ки дорои далелҳои шаҳодатдиҳандаи дуруст ё дақик набудани эъломияи гумрукӣ мебошанд, маълумотро пешниҳод менамояд, агар чунин дархост ба моддаи 18 Созишномаи мазкур мухолифат накунад.
Моддаи 7 Маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ
Мақомоти гумрук аз рӯйи дархост ба ҳамдигар ҳама гуна маълумотро вобаста ба вайронкунии қонунгузории гумрукие, ки дар ҳудуди ҳар ду давлат ба қайд гирифта шудаанд, пешниҳод менамоянд, хусусан, маълумотро вобаста ба:
а) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҳамчун содиркунандагон, ё дар содир намудани вайронкунии қонунгузории гумрукӣ гумонбар ё маълум шудаанд, инчунин, дар гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ҷалб гардидаанд;
б) молҳое, ки бо мақсади вайронкунии қонунгузории гумрукӣ ё гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо истифода шудаанд ё зери эҳтимолияти истифодабарӣ қарор доранд;
в) воситаҳои нақлиёте, ки бо мақсадҳои вайронкунии қонунгузории гумрукӣ ё гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо истифода шудаанд ё зери эҳтимолияти истифодабарӣ қарор доранд.
г) мақомоти гумрук бо дархост, ё бо ташаббуси худ ба ҳамдигар маълумот оид ба фаъолиятҳои банақшагирифта, ҷорӣ ё анҷомёфта, ки ҳуқуқвайронкунии гумрукиро ташкил медиҳанд ё имконияти ташкил доданро доранд, пешниҳод менамоянд.
ғ) дар ҳолатҳое, ки масъалаи мазкур метавонад ба иқтисодиёт, тандурустӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ё дигар манфиатҳои ҳаётан муҳими Тарафҳои аҳдкунанда зарари ҷиддӣ расонад, мақомоти гумруки ҳар як Тарафи аҳдкунанда бояд бо ташаббуси худ ва аз рӯйи имконият фавран, мусоидат намояд.
Моддаи 8 Иҷрои дархост
Дар ҳолате, ки агар мақомоти гумруки Тарафи дархостшаванда маълумоти дархостшударо дар ихтиёр надошта бошад, он бояд барои дастрас намудани чунин маълумот тибқи қонунгузории гумрукӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Моддаи 9 Шакл ва мазмуни дархостҳо оид ба мусоидат
1.Дархостҳое, ки дар асоси Созишномаи мазкур амалӣ мешаванд, дар шакли хаттӣ пешниҳод мегарданд. Дархостҳо бояд бо тамоми хуҷҷатҳои барои иҷрои он зарурӣ ҳамроҳ карда шаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, дархостҳо метавонанд шифоҳӣ омода карда шуда, фавран, дар шакли хаттӣ бояд тасдиқ гарданд.
2.Дархостҳое, ки дар асоси банди 1 моддаи мазкур ирсол мегарданд, маълумоти зеринро бояд дар бар гиранд:
а) номгӯйи мақомоти гумрукии дархосткунанда;
б) чораҳои дархостшаванда;
в) мақсад ва сабабҳои дархост;
г) қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрие, ки масъалаҳои дархостро танзим менамоянд;
ғ) маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳукуқие, ки ба тафтишот ҷалб гардидаанд;
д) дарҷи мухтасари далелҳое, ки ба мавзеи тафтиш тааллуқ доранд;
е) ҳама гуна далелҳои дигаре, ки метавонанд ба иҷрои дархост ёрӣ расонанд.
3. Дархостҳо бо забони англисӣ пешниҳод мегарданд.
4. Агар дархост бо талаботи бандҳои 2 ва 3 моддаи мазкур ҷавобгӯ набошад, дар он ворид намудани ислоҳот талаб карда мешавад.
Моддаи 10 Назорати гумрукӣ
1.Бо дархости мақомоти гумрукии яке аз Тарафҳои аҳдкунанда, мақомоти гумруки Тарафи дигари аҳдкунанда нисбат ба амалиётҳое, ки қонунгузории гумрукии Тарафи дархосткунандаро вайрон кардаанд ва ё вайрон карда метавонанд, назоратро оғоз менамояд. Тарафи дархостшаванда оид ба натиҷаҳои ин тафтишот ба Тарафи дархосткунанда иттилоъ медихад.
2.Назорат мутобиқи қонунгузории гумрукии давлати Тарафи дархостшаванда ба амал бароварда мешавад. Тарафи дархостшаванда бояд ҳамон гуна амал намояд, ки гӯё барои худ ин амалиётро иҷро намуда истодааст.
3.Шахсони мансабдори мақомоти гумруки Тарафи дархосткунанда метавонанд дар ҳолатҳои махсус, бо мувофиқаи мақомоти гумруки Тарафи дархостшаванда барои гузаронидани назорат нисбат ба ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории гумрукӣ Тарафи аҳдкунандаи дахлдор, дар ҳудуди давлати Тарафи дархостшаванда қарор гиранд.
4.Шахси мансабдори мақомоти гумруки Тарафи дархосткунанда, ки дар ҳудуди давлати Тарафи дархостшаванда мутобиқи банди 3 моддаи мазкур қарор дорад, танҳо ба сифати мутахассис баромад карда метавонад ва дар ягон ҳолат дар тафтишот фаъолона иштирок намекунад, ҳамчунин, ӯ бо шахсони зери пурсиш қарордошта вонамехӯрад ва дар чорабиниҳои тафтишотӣ низ ширкат намеварзад.
Моддаи 11 Махфияти маълумот
1. Ҳама гуна маълумоте, ки тибқи Созишномаи мазкур ба даст оварда шудаанд, бояд танҳо аз ҷониби мақомоти гумрук ва танҳо бо мақсадҳои гумрукӣ ҷиҳати расонидани ёрии мутақобила дар асоси шартҳои дар Созишнома пешбинигардида истифода гарданд. Имконияти мубодилаи маълумот барои мақсадҳои дигар, танҳо бо розигии хаттии мақомоти гумруке истифода мегардад, ки чунин маълумотро додааст.
2. Мақомоти гумрук махфияти маълумоти тибқи Созишномаи мазкур гирифташударо дар асоси талаботҳои қонунгузории гумрукӣ барои маълумоти дохилӣ бо дарназардошти хусусият ва мундариҷаи шабеҳ истифода мегарданд, таъмин менамояд.
3. Мақомоти гумруки дархосткунанда тибқи талаботи Созишномаи мазкур маълумотҳоро метавонад ҳамчун далел дар шаҳодатномаҳо, ҳисоботҳо, инчунин, дар мурофиаҳои судӣ, ки дар асоси ҳамин Созишнома ба даст овардааст, истифода намояд.
Моддаи 12 Маълумоти шахсӣ
1. Маълумоти шахсие, ки тибқи Созишномаи мазкур гирифта шудааст, бояд махфӣ бошад ва набояд ба шахсони сеюм бидуни ризояти хаттии мақомоти гумрук пешниҳод гардад.
2. Тибқи дархост, мақомоти гумрукие, ки маълумоти шахсиро дастрас кардааст, дар бораи чӣ гуна истифода шудани он ва натиҷаҳои бадастомада бояд ба мақомоти гумрукие, ки ин иттилоотро пешниҳод намудааст, маълумот диҳад.
3. Мақомоти гумрукии Тарафҳои аҳдкунанда бояд маълумоти шахсиро аз нобудшавӣ, тағйирот ё мубодилаи бе иҷозат муҳофизат намоянд.
Моддаи 13 Мутахассисон ва шоҳидон
1.Тибқи дархост, мақоми гумруки Тарафи дархостшаванда метавонад шахсони мансабдори худро, бо розигии онҳо барои дар назди суди мақомоти Тарафи дархосткунанда ба ҳайси мутахассис ё шоҳид баромад намудан, ваколатдор намояд. Ин шахсони мансабдор нишондиҳандаҳоеро, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ дастрас намудаанд, пешниҳод менамоянд.
2.Мақомоти гумруки Тарафи дархосткунанда уҳдадор аст, ки барои таъмини бехатарии шахсии шахсони мансабдор дар вақти будубоши онҳо дар ҳудуди давлати худ мутобиқи банди 1 моддаи мазкур, тамоми чораҳои заруриро андешад. Хароҷоти нақлиёт ва будубоши шахсони мансабдорро мақоми гумруки Тарафи дархосткунанда ба зиммаи худ мегирад.
3.Дархост дар бораи пешниҳод бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- шахси мансабдор аз рӯйи кадом парванда, ба кадом суд ва ба сифати кӣ муаррифӣ карда мешавад.
4.Дархост дар бораи пешниҳоди шахсони мансабдори мақомоти гумрук ба сифати мутахассис ва шоҳид, тибқи талаботи қонунгузории миллии Тарафҳои аҳдкунанда амалӣ мегардад.
Моддаи 14 Истисноҳо аз уҳдадориҳои расонидани ёрӣ
1. Агар Тарафи дархостшаванда чунин шуморад, ки иҷрои дархост метавонад ба соҳибихтиёрӣ ё дигар манфиатҳои муҳими миллии давлаташ зарар расонад, он метавонад иҷрои дархостро пурра, ё қисман рад намояд, ё ёрии дархостшударо бо шартҳои муайян иҷро кунад.
2. Агар Тарафи дархосткунанда дархостро ба Тарафи аҳдкунандаи дигар расонида натавонад, Тарафи дархосткунанда бояд ин далелро дар дархост дарҷ намояд. Иҷрои чунин дархост бо ихтиёри Тарафи дархостшаванда амалӣ мегардад.
3. Агар мусоидат рад шуда бошад, дар ин хусус Тарафи дархосткунанда тариқи хаттӣ фавран, огоҳонида мешавад.
Моддаи 15 Мусоидати техникӣ
Мақомоти гумрук ба ҳамдигар метавонанд мусоидати техникиро дар самти фаъолияти гумрукӣ расонанд, аз ҷумла:
а) табодули шахсони мансабдори мақомоти гумрук бо мақсади шиносоӣ бо воситаҳои муосири назорати гумрукӣ, ки аз ҷониби мақомоти гумрук истифода мегарданд;
б) мубодилаи иттилоот ва таҷриба дар истифодаи воситаҳои техникии назоратӣ;
в) омӯзиш ва бозомӯзии кормандони мақомоти гумрук;
г) табодули мутахассисон оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ.
Моддаи 16 Мусоидат ба савдо
Мақомоти гумрук бо розигии мутақобила метавонанд дар татбиқи чораҳои мусоид ба савдо мутобиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ба ҳамдигар ёрӣ расонанд, аз ҷумла:
а) расмиёти гумрукӣ;
б) равзанаи ягона;
в) идораи таваккал;
г) танзимгари ваколатдори иқтисодӣ;
ғ) ҳама гуна чораҳои дигари мувофиқашудаи мусоидат ба савдо.
Моддаи 17 Хароҷот
Тарафҳои аҳдкунанда ҳама гуна даъвоҳои вобаста ба ҷуброни хароҷоте, ки ҳангоми истифодаи Созишномаи мазкур ба вуҷуд омадаанд, рад менамоянд, ба истиснои хароҷоти коршиносон ва шоҳидон, инчунин маблағи тарҷумонҳо ё дигар хизматрасониҳо, ба ғайр аз хизматчиёни давлатӣ.
Моддаи 18 Иҷрои Созишнома
1. Ҳамкорӣ ва ёрии мутақобила, ки дар Созишномаи мазкур дарҷ гардидаанд, аз ҷониби мақомоти гумруки Тарафҳои аҳдкунанда расонида мешавад. Мақомоти мазкур бо ҳамдигар ҳуҷҷатҳоеро, ки ба ин мақсад заруранд, ҳамоҳанг менамоянд.
2. Намояндагони мақомоти гумруки Тарафҳои аҳдкунанда ҳангоми зарурат на камтар аз як маротиба дар як сол бо интихоби ин ё он давлат бо мақсади таҳлили татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур, ё ҳалли дигар масъалаҳои таҷрибавии вобаста ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобила байни мақомоти гумруки Тарафҳои аҳдкунанда, вохӯрӣ менамоянд.
3. Мақомоти гумруки Тарафҳои аҳдкунанда якҷоя усулҳои таҷрибавии истифодаи Созишномаи мазкурро муайян менамоянд.
4. Бо мақсади иҷрои муқаррароти Созишномаи мазкур мақомоти гумрук шахсони мансабдорро, ки барои таъмини ҳамкорӣ масъуланд, таъин менамоянд ва рӯйхате, ки аз ном, насаб, нишонӣ, рақамҳои телефон, факс, нишонии электронӣ ва дигар маълумоти дахлдори шахсони мансабдор иборат мебошанд, мубодила менамоянд. Мубодилаи чунин рӯйхатҳо бо роҳи дипломатӣ сурат мегирад. Дар ҳолати ворид намудани тағйирот ба рӯйхат, тибқи тартиби муқарраргардида огоҳонида мешаванд.
Моддаи 19 Ҳалли баҳсҳо
1. Ҳамаи баҳсҳо вобаста ба тафсир ва татбиқи Созишномаи мазкур бо роҳи осоишта тавассути машваратҳо ва гуфтушунидҳо байни Тарафҳои аҳдкунанда ҳал карда мешаванд.
2. Баҳсҳо ва мушкилотҳои ҳалнашаванда тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал мегарданд.
Моддаи 20 Ворид намудани тағйиру иловаҳо
Тарафҳои аҳдкунанда метавонанд ба Созишномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур ба ҳисоб рафта, бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд ва мутобиқи моддаи 21 Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.
Моддаи 21 Эътибор пайдо кардан ва қатъи амали Созишнома
1. Созишномаи мазкур дар рӯзи 30 (си)-юм баъди бо роҳи дипломатӣ қабул намудани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳои аҳдкунанда иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани он зарур аст, мавриди амал қарор дода мешавад.
2. Созишномаи мазкур ба муҳлати 5 (панҷ) сол баста шуда, он ба таври худкор барои панҷсоли минбаъда тамдид карда мешавад.
3. Тарафҳои аҳдкунанда ҳамдигарро ба таври хаттӣ на дертар аз се моҳ то санаи пешбинишавандаи қатъи Созишномаи мазкур огоҳ намуда, ҳуқуқи қатьи амали Созишномаи мазкурро доранд.
4. Тарафҳои аҳдкунанда аз рӯйи дархост, ё бо гузаштани 5 (панҷ) сол аз рӯзи эътибор пайдо карданн Созишномаи мазкур вохӯриҳо мегузаронанд, агар онҳо ба ҳамдигар огоҳиномаи хаттӣ оид ба надоштани зарурати такмил равон накарда бошанд.
5. Муқаррароти моддаҳои марбут ба махфият ва паҳн кардани маълумот ва иттилоот пас аз қатъ гардидани Созишномаи мазкур панҷ соли дигар амал менамоянд, агар Тарафҳои аҳдкунанда ба мувофиқаи дигар нарасанд.
6. Қатъшавии Созишномаи мазкур ба ҳеҷ гуна амалҳои мушатараки дар ҷараёнбуда таъсир намерасонад, агар Тарафҳои аҳдкунанда ба тартиби дигар ба мувофиқа нарасида бошанд.
Созишномаи мазкур 4 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар ду нусхаи асл, ҳар яке бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расида, ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ихтилофот дар тафсири муқаррароти Созишномаи мазкур ба матни забони англисӣ афзалият дода мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурни Тоҷикистон
Турсунзода Азим Ҳайдар Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук | Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Араби Миср
Др. Рания ал-Машат Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисод ва ҳамкориҳои байналмилалӣ |