Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо дар соҳаи маориф ва дараҷаҳои илмӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 28 феврали соли 2025, № 106
тасдиқ шудааст

Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо дар соҳаи маориф ва дараҷаҳои илмӣ 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007,

Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 1 феврали соли 2002,

Протоколи иловагӣ ба Созишномаи байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 15 январи соли 2007-ро ба инобат гирифта,

дар заминаи принсип ва меъёри қонунҳои байналмилалии эътирофгардида, уҳдадориҳои байналмилалӣ ва қонунгузории ҳарду давлат,

бо хоҳиши мусоидат ба рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона дар соҳаи маориф ва илм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин,

бо мақсади эътирофи мутақобилаи дипломҳо дар соҳаи маориф ва дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Созишномаи мазкур ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо дар соҳаи маориф ва дараҷаҳои илмие, ки дар ҳар як давлати аъзо дода шудааст, бо мақсади таъмини дастрасии соҳибони онҳо барои идомаи таҳсил дар давлатҳои тарафҳо нигаронида шудааст.

Моддаи 2

Созишномаи мазкур нисбат ба аттестати хатми мактаби миёнаи ибтидоӣ, аттестат оид ба хатми мактаби миёна дараҷаи олӣ, шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи касбии махсус, шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти олӣ (аз ҷумла таҳсилоти олии касбии махсус, бакалавр, мутахассис, магистратура, докторантура) ва барои дипломҳои бакалавр, магистр, додани дараҷаҳои илмии докторӣ аз рӯи ихтисос, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Мардумии Чин дода мешавад, инчунин аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дипломҳои дараҷаи бакалавр, мутахассис, магистратура, дар бораи додани унвонҳои илмии докторӣ аз рӯи ихтисос (PhD), номзади илм ва доктори илм, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлатӣ дода мешавад, дахл дорад.

Моддаи 3

Аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, Аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда ҳамчун муқоисашаванда эътироф гардида, ба дорандагони онҳо ҳуқуқ медиҳанд, ки таҳсилоти худро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти миёнаи махсуси касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин идома диҳанд, аттестат оид ба хатми таҳсилоти ибтидоии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дода шудааст, қобили муқоиса дониста мешавад (ва ба дорандагони онҳо барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат менамояд.

Моддаи 4

Аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, қобили муқоиса дониста мешавад ва ба дорандагони онҳо ҳуқуқ медиҳанд, ки таҳсилро дар (барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии махсус ва таҳсилоти касбӣ (бакалавр) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома диҳанд.

Аттестат дар бораи хатми мактаби миёна, шаҳодатнома оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ, шаҳодатнома оид ба таҳсилоти миёнаи махсуси касбӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дода шудааст, муқоисашаванда эътироф карда мешавад, ва ба дорандагони онҳо ҳуқуқ медиҳанд, ки таҳсилро дар барномаҳои таълимии бакалаврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд.

Моддаи 5

Шаҳодатномаи таҳсилоти олии касбии махсус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин додашуда ҳамчун муқоисашаванда эътироф карда мешавад ва ба дорандагони он ҳуқуқ медиҳад, ки таҳсилро дар барномаҳои таълимии бакалаврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд.

Моддаи 6

Дипломи бакалавр, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, муқоисашаванда эътироф карда мешавад ва ба дорандагони он ҳуқуқ медиҳад, ки таҳсилро дар барномаҳои таълимии магистрӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома диҳанд.

Шаҳодатномаи дараҷаи бакалавр, диплом дар бораи додани дараҷаи бакалавр, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дода шудааст, қобили муқоиса эътироф гардида, ба дорандагони онҳо ҳуқуқ медиҳанд, ки таҳсилро дар барномаҳои таълимии магистратура ва тахассусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд.

Моддаи 7

Дипломҳои магистр, мутахассис, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, қобили муқоиса дониста мешавад ва ба дорандагони он ҳуқуқ медиҳад, ки таҳсилро дар барномаҳои таълимии докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома диҳанд.

Шаҳодатномаи дараҷаи магистрӣ, диплом дар бораи додани унвони дараҷаи магистрӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дода шудааст, қобили муқоиса дониста мешаванд ва ба дорандагони онҳо ҳуқуқ медиҳанд, ки таҳсилро дар барномаҳои таълимии аспирантура ё ин ки докторантура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд.

Моддаи 8

Шаҳодатномаи докторантура, диплом дар бораи дараҷаи илмии доктор, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дода шудааст ва дипломи номзади илм, дипломи докторӣ (PhD), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, сатҳи маълумоти якхела доранд ва ба дорандагони онҳо дар давлатҳои тарафҳо ҳуқуқҳои баробар медиҳанд.

Моддаи 9

Эътироф кардани дипломҳо дар соҳаи маориф ва дараҷаҳои илмӣ, ки дар моддаҳои 3-8-уми Созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, дорандагони онҳоро аз уҳдадории иҷрои талабот оид ба қабул ба муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои таълимии ҳар яке аз давлатҳои Тарафҳо озод намекунад.

Моддаи 10

Тарафҳо бо мақсади таъмини татбиқи бомуваффақияти Созишномаи мазкур дар бораи тағйирот дар низоми таҳсилоти худ, тағйир додани номҳои таҳсилот ва дараҷаҳои илмӣ ва ғайра тавассути роҳҳои дипломатӣ хабар медиҳанд.

Моддаи 11

Дар мавриди ба миён омадани ихтилоф ҳангоми тафсир ё татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур Тарафҳо онҳоро ба тариқи машварат ва гуфтушунид ҳал менамоянд.

Моддаи 12

Ба Созишномаи мазкур бо розигии Тарафҳо, метавон тағйиру иловаҳо ворид кард, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб мераванд ва мутобиқи моддаи 13 эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 13

Тарафҳо бояд якдигарро тавассути каналҳои дипломатӣ дар бораи анҷоми расмиёти дахлдори ҳуқуқӣ ба таври хаттӣ огоҳ созанд. Созишномаи мазкур аз рӯзи гирифтани огоҳии охирин эътибор пайдо мекунад ва муддати тӯлонӣ эътибор дорад.

Ҳар як Тараф метавонад бо ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба Тарафи дигар тавассути роҳҳои дипломатӣ Созишномаи мазкурро қатъ кунад. Созишномаи мазкур 6 моҳ пас аз гирифтани чунин огоҳинома аз ҷониби Тарафи дигар қатъ мегардад.

Қатъи амали Созишномаи мазкур ба қарорҳо оид ба эътирофи дипломҳо дар соҳаи маориф ва дараҷаҳои илмӣ, ки то қатъи он мутобиқи Созишномаи мазкур гирифта шудааст, таъсир намерасонад.

Созишномаи мазкур инчунин ба дараҷаҳои илмӣ, ки аз ҷониби Тарафҳо то эътибор пайдо кардани он дода шудаанд, дахл дорад.

Созишнома дар шаҳри Душанбе 5 июли соли 2024 дар ду нусха, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, хитоӣ ва русӣ ба имзо расидааст, ки ҳамаи матнҳо эътибори яксон доранд. Дар сурати ихтилофот матни русӣ бартарӣ дорад.


Аз номи Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


_____________________

Аз номи Вазорати маорифи

Ҷумҳурии Мардумии Чин


_____________________



Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 28 февраля 2025 года №106


Соглашение между Министерством образования и науки Республики Таджикистан и Министерством образования Китайской Народной Республики о взаимном признании дипломов в сфере образования и ученых степеней

Прилагается на тадж.яз