Тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2024, № 1061

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 октябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1309

Замима
ба фармоиши вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 сентябри соли 2024, № 1061

ТАРТИБИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД БА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Тартиби мазкур) тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. ТАРТИБИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД

2. Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ташкил ва гузарондани имтиҳон, бо фармоиши ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ректор (директор) мебошад.

3. Довталабон аз рӯйи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар зинаҳои бакалавр, мутахассис ва ҳамчунин барномаи таълимии идомаи таҳсил ва таҳсилоти дуюм бо риояи талаботи Тартиби мазкур ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

...
Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 18 октября 2024 года,
регистрационный номер 1309


Приложение к распоряжению
министра образования и науки
Республики Таджикистан
от 16 сентября 2024 года, №1061


Порядок приема иностранных граждан и лиц без гражданства в учреждений высшего профессионального образования Республики Таджикистан

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок приема иностранных граждан и лиц без гражданства в учреждений высшего профессионального образования Республики Таджикистан (далее- настоящий Порядок), определяет порядок обучения иностранных граждан и лиц без гражданства в учреждениях высшего профессионального образования Республики Таджикистан.

2. ПОРЯДОК ПРИЕМА ИНОСТРАННЫХ ГРАЖДАН И ЛИЦ БЕЗ ГРАЖДАНСТВА

2. В целях приема документов абитуриентов-иностранных граждан и лиц без гражданства и организации и проведения экзамена, распоряжением ректора (директора) учреждения высшего профессионального образования создается приемная комиссия. Председателем приемной комиссии профессионального учебного заведения является ректор (директор).

3. Абитуриенты зачисляются на обучение по учебным программам профессиональных учебных заведений на уровнях бакалавра, специалиста, а также по учебной программе дополнительного и второго образования с соблюдением требований настоящего Порядка.

...