Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2025, № 84 "Дар бораи Тартиби рақамикунонии суроғаҳои молу мулки ғайриманқул"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби рақамикунонии суроғаҳои молу мулки ғайриманқул


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби рақамикунонии суроғаҳои молу мулки ғайриманқул тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ рақамикунонии суроғаҳои молу мулки ғайриманқулро то 1 марти соли 2025 амалӣ намояд.

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми истифодаи суроға Тартиби мазкурро дастури амал қарор дода, санадҳои дахлдори худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 6 феврали соли 2025, № 84

 

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке оцифровки адресов недвижимого имущества

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:


Председатель 
Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 6 февраля 2025 года №84


...