ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2021, №270
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1. Ба Низомномаи муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2021, № 270 «Дар бораи Низомномаи муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. дар банди 9:
- сархати понздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва баррасии диссертатсияро аз ҷониби шурои диссертатсионӣ ба муҳлати муайян манъ мекунад, фаъолияти шуроро ба муҳлати муайян бозмедорад, қатъ менамояд, иҷозат медиҳад ва ба ҳайати он тағйирот ворид мекунад;»;
- сархати бисту шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- қоидаҳои бақайдгирӣ ва феҳристи маҷалла (нашрияҳо)-и илмии тақризшавандаро, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ чоп мешаванд, тасдиқ намуда, маҷаллаҳои илмиро ба феҳрист ворид месозад, хориҷ мекунад ва аз нав ба қайд мегирад;»;
- дар сархати бисту нуҳум калимаи «эксперт» ба калимаи «коршинос» иваз карда шавад;
2. банди 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«26. Шурои экспертӣ ҳамчун мақоми илмию ҷамъиятии экспертӣ аз рӯйи соҳаҳои илм ё гурӯҳи ихтисосҳои соҳаи дахлдори илм дар ҳайати на кам аз 7 нафар ба муҳлати 2 сол таъсис дода мешавад. Низомномаи шурои экспертӣ бо қарори Раёсати Комиссия тасдиқ карда мешавад.»;
- банди 27 хориҷ карда шавад;
- бандҳои 28, 29, 30, 31, 32, 33, 34 мувофиқан бандҳои 27, 28, 29, 30, 31, 32, 33 ҳисобада шаванд.
...