ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, № 299
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, № 299 «Дар бораи Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) бандҳои 13 ва 14 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«13. Шаҳрвандон баъди пурра тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани маблағҳои пулии пешбинишуда ба суратҳисоби махсус тибқи навбат аз рўи санаи бақайдгирии ариза ба рўйхат ворид карда мешаванд.
14. Маълумот оид ба пардохти маблағҳои пулии пешбинишуда ва ё нусхаи расиди электронии он дар муҳлати 5 рӯзи корӣ баъд аз қабули ариза ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) тариқи худкор ирсол мегардад.»;
2) дар банди 15 калимаи «расид» ба калимаи «маълумот» иваз гардида, пас аз калимаи «пешбинишуда» калимаҳои «ва ё нусхаи расиди электронии он» илова карда шаванд;
3) ба банди 21 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
4) ба сархати чоруми банди 31 пас аз калимаи «вақт» калимаҳои «ва бо тартиби пешбининамудаи банди 13 Тартиби мазкур» илова карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 683
...