ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019, № 489
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба сархати сеюми банди 23 ва сархати сеюми банди 30 Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019, №489 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда» тасдиқ шудааст, пас аз калимаи «пешниҳодшударо» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 681
...