Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 656

Санаи амалкуни: 01.07.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2024, № 656
тасдиқ шудааст

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2026 № 647)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стандарт) маҷмуи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон муқаррар намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо дарназардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2026 № 647).

2. Дар Стандарт мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- буҷети вақт - тақсимоти фонди вақти донишҷӯро дар самтҳои истифодаи он ифода менамояд, ки он сарфи вақтро барои иҷрои намудҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ муайян менамояд;

- гурӯҳи академӣ - гурӯҳи донишҷӯёне мебошад, ки бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти таълимӣ теъдоди муайянро дар бар мегирад. Шумораи ҳадди ақалли гурӯҳҳои академӣ вобаста ба интихоби фанҳои интихобӣ ва ҳаракати академии донишҷӯён на камтар аз 8 нафарро ташкил медиҳад;

- замима ба ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (минбаъд - замима) – ҷузъи ҷудонопазири ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (диплом) буда, маълумотро дар бораи дараҷаи академӣ, ихтисос, номгӯйи фанҳо бо баҳои ниҳоӣ ва ҳаҷми кредитҳои бадастомада, холи миёнаи умумӣ (GPA), натиҷаҳои корҳои курсӣ, таҷрибаомӯзиҳо, натиҷаи аттестатсияи хатм аз фанҳои тахассусӣ, мавзуъ ва натиҷаи дифои кори тахассусии хатмро дар бар мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2026 № 647);

- кредит - меъёри ягонаи арзёбии ҳаҷми сарбории донишҷӯ ва омӯзгор мебошад;

- модул - қисми стандартҳои таълимӣ аз рӯйи самт (ихтисос) буда, дар он маҷмуи фанҳо ва курсҳое омӯхта мешаванд, ки он ба ташаккули як ё якчанд салоҳияти ҳаммонанд равона карда мешавад;

...


Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2024, № 656
тасдиқ шудааст

 

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Стандарт) талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, талабот ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну муҳтавои барномаҳои асосии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва шартҳои амалисозии онҳо, аттестатсияи хатм ва сатҳи омодагии донишҷӯён аз рӯйи ҳар як касб, муҳлати аз худ намудани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳадди ниҳоии сарбории таълимии донишҷӯёнро муқаррар менамояд.

2. Дар Стандарт мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- буҷети вақт - тақсимоти фонди вақти донишҷӯро дар самтҳои истифодаи он ифода менамояд, ки он сарфи вақтро барои иҷрои намудҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ муайян менамояд;

- гурӯҳи академӣ - гурӯҳи донишҷӯёне мебошад, ки бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти таълимӣ теъдоди муайянро дар бар мегирад. Шумораи ҳадди ақалли гурӯҳҳои академӣ вобаста ба интихоби фанҳои интихобӣ ва ҳаракати академии донишҷӯён на камтар аз 8 нафарро ташкил медиҳад;

- замимаи ба ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (минбаъд - замима) – ҷузъи ҷудонопазири ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (диплом) буда, маълумотро дар бораи дараҷаи академӣ, ихтисос, номгӯйи фанҳо бо баҳои ниҳоӣ ва ҳаҷми кредитҳои бадастомада, холи миёнаи умумӣ (GPA), натиҷаҳои корҳои курсӣ, таҷрибаомӯзиҳо, натиҷаи аттестатсияи хатм аз фанҳои тахассусӣ, мавзуъ ва натиҷаи дифои кори тахассусии хатмро дар бар мегирад;

- кредит - меъёри ягонаи арзёбии ҳаҷми сарбории донишҷӯ ва омӯзгор мебошад;

- модул - қисми стандартҳои таълимӣ аз рӯйи самт (ихтисос) буда, дар он маҷмуи фанҳо ва курсҳое омӯхта мешаванд, ки он ба ташаккули як ё якчанд салоҳияти ҳаммонанд равона карда мешавад;

- муҳлати таҳсил - давраи азхудкунии стандарти таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) бо Стандарти мазкур муқарраргардида аз ҷониби хатмкунанда мебошад, ки дар асоси дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ба роҳ монда мешавад;

- муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ - муассисаи таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли моликият раванди муттасили таҳсилоти миёнаи касбиро ба роҳ монда, нақшаю барномаҳои таълимиро амалӣ менамояд;

- натиҷаи таълим - маҷмуи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки донишҷӯён дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ соҳиб мегарданд;

- стандартҳои таълимӣ - маҷмуи ҳуҷҷатҳоест, ки мутобиқи талаботи Стандарти мазкур мақсад, вазифа, натиҷаҳои банақшагирифташуда, мазмуну муҳтавои таҳсилотро аз рӯйи самт (ихтисос)-и зинаи алоҳидаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян менамоянд;

- таҳсилоти миёнаи касбӣ – зинаи таҳсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти донишҷӯ, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо шаҳрвандон метавонанд баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дохил шаванд;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ - ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки аз тарафи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ё муассисаи таълимие, ки мутахассисони таҳсилоти миёнаи касбиро омода менамояд, бо тасдиқи он дода мешавад, ки соҳиби ҳуҷҷат барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро бомуваффақият хатм намуда, барои идомаи таҳсил дар зинаи дигари таҳсилот ё анҷом додани фаъолияти меҳнатии касбӣ мутобиқи дараҷаи ихтисоси соҳибшуда ҳуқуқ дорад.

3. Стандарт нисбат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакли моликият, ки аз рӯйи самтҳои таълим аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, татбиқ мегардад.

4. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ натиҷаи таълими ҳатмиро аз рӯйи стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ вобаста ба самт (ихтисос) бо дарназардошти салоҳиятҳои касбӣ, дониш, маҳорат ва малака муайян менамояд. Натиҷаи дарёфти таҳсилоти миёнаи касбиро талаботи ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну муҳтавои стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи самт (ихтисос) муайян менамояд.

5. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки литсензияи ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатномаи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ доранд, уҳдадоранд дар раванди таҳияи стандартҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисос (касб) талаботи Стандарти мазкурро риоя намоянд.

6. Барои таҳия ва мавриди истифода қарор додани стандартҳои таълимӣ аз рӯйи самт (ихтисос) муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие, ки дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд.

2. СОХТОРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ВА ҲУҶҶАТҲО ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

7. Сохтори муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз шуъба, филиал, намояндагиҳо, паркҳои технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ иборат мебошад.

8. Ҳуҷҷатҳои барномаи таҳсилоти миёнаи касбиро стандартҳои таълимӣ, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳо ташкил медиҳанд. Барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд фанҳои гуманитарӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, табиию риёзӣ, умумитахассусӣ, тахассусӣ ва таҷрибаомӯзиҳоро дар бар гирад.

9. Таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад дар заминаи зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ амалӣ гардад.

10. Барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо аттестатсияи хатм ҷамъбаст гардида, ба хатмкунанда ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дода мешавад.

11. Ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

12. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шаҳрвандон дар асоси ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти дуюми миёнаи касбиро доранд.

13. Шахсоне, ки ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом)-и таҳсилоти миёнаи касбиро доранд, метавонанд таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои мувофиқ идома диҳанд.

14. Нақшаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дуюм бахши фанҳои тахассусӣ, интихобӣ, таҷрибаомӯзӣ ва аттестатсияи хатмро, ки дорои аҳаммияти касбӣ мебошанд, дар бар мегирад.

15. Стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и таҳсилоти миёнаи касбии дуюм баъд аз гузаштани хатмкунанда аз аттестатсияи хатм бо супурдани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом ва замимаи он) ба ӯ ба анҷом мерасад.

3. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ВА ШАРОИТИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ОНҲО

16. Барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд аз инҳо иборат бошанд:

- фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ;

- фанҳои таббию риёзӣ;

- фанҳои тахассусӣ;

- таълими истеҳсолӣ;

- таҷрибаомӯзӣ;

- аттестатсияи хатм.

17. Барои ихтисосҳои мансуб ба гурӯҳҳои гуманитарию иҷтимоӣ, омӯзгорӣ, тиббӣ, санъат ва фарҳанг, иқтисод ва идоракунӣ, техникию технологӣ шакли омӯзиши фанҳои бахши 1-2 бо талаботи давлатӣ ба мазмуну муҳтавои ҳадди ақал ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон тибқи ихтисосҳои дахлдор муқаррар карда мешавад.

18. Муайян намудани ҳадди ақалли ҳатмии азхудкунии мазмуну мундариҷаи стандарти таълимии ҳар як самт (ихтисос) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси Стандарти мазкур, ки талаботи давлатиро нисбат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну муҳтаво ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.

19. Муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 3 сол, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 2 сол, барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳангро мувофиқ ба хусусиятҳои тахассусҳо хатм менамоянд, барои зинаи таҳсилоти асосӣ 4 сол ва миёнаи умумӣ 3-4 сол муқаррар карда мешавад

20. Барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ омӯзиши на камтар аз 75 дарсади барномаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бар мегирад.

21. Бо дарназардошти хусусиятҳои хосси санъати балет, сирк, хореография ва хусусиятҳои физиологии кӯдакон ба таълими рӯзонаи ихтисосҳои мазкур кӯдакон баъд аз таҳсилоти ибтидоӣ қабул карда шуда, муҳлати таҳсил 8 солро ташкил медиҳад.

22. Аз рӯйи ихтисосҳои санъати балет, сирк ва хореография дар баробари омӯзиши барномаи таълимии касбӣ омӯзиши пурраи барномаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) 5 солро ташкил дода, бо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ - аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ба анҷом мерасад.

23. Муҳлати таҳсил аз руйи ихтисоси санъати балет, сирк ва хореография баъд аз таҳсилоти умумии асосӣ дар шакли таҳсили рӯзона 3 сол муқаррар карда шуда, хатмкунанда соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (дипломи таҳсилоти миёнаи касбӣ) мегардад.

24. Барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари фанҳои ҳатмӣ бояд дар худ фанҳоро бо интихоби донишҷӯён низ дар бар гиранд.

25. Ба донишҷӯён ҳуқуқи гузаштан аз як барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба дигар барномаи таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дода мешавад.

4. МЕЪЁРҲОИ УМУМӢ ВА ҲАҶМИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

26. Сарбории таълимии донишҷӯён дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо дарназардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияти таълимии он – машғулиятҳои аудиторӣ (иштирок дар машғулиятҳои дарсӣ) ва ғайриаудиторӣ (корҳои мустақилонаи донишҷӯ, таҷрибаомӯзӣ, омода ва дифоъ намудани кор (лоиҳаҳо)-и курсӣ, кори тахассусии хатм, гузаштан аз аттестатсияи хатм аз фанҳои тахассусӣ) бо кредитҳо ифода карда мешавад.

27. Барои дарёфти дараҷаи мутахассиси миёнаи касбӣ дар асоси заминаи таҳсилоти умумӣ (асосӣ) бо муҳлати таҳсил 3 сол дар ҳаҷми 180 кредит ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо муҳлати таҳсил 2 сол дар ҳаҷми 120 кредит муқаррар карда мешавад. Барои дарёфти дараҷаи мутахассиси миёнаи касбии соҳаи тиббӣ ва фарҳанг дар асоси заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо муҳлати таҳсил 3-4 сол дар ҳаҷми 180-240 кредит ва дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ бо муҳлати таҳсил 4 сол дар ҳаҷми 240 кредит муқаррар карда мешавад. Барои бомуваффақият дар муҳлати муқарраршуда хатм намудани таҳсил миқдори кредитҳо дар нақшаи таълимии фардӣ барои як соли таҳсил бояд на камтар аз 60 кредит ташкил диҳад.

28. Дар низоми кредитӣ тамоми шаклҳои корҳои таълимии аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ бо кредит нишон дода мешаванд. Ҳаҷми 1 кредит ба 24 соати академӣ баробар мебошад. Як соати академӣ дар низоми кредитии таҳсилот ба 50 дақиқа баробар аст.

29. Сарбории таълимии донишҷӯён дар низоми кредитӣ дар тамоми шаклҳои корҳои таълимии аудиторӣ ва кори мустақилона дар як ҳафта бояд аз 2 кредит зиёд набошад.

30. Сарбории донишҷӯёни шуъбаи рӯзона дар як ҳафта дар дарсҳои таълимии омӯзгорон набояд аз 1,5 кредит, дар шуъбаи шабонаи таълим аз 1 кредит, шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил 0,5 кредит зиёд бошад. Ҳаҷми умумии ҳамаи намудҳои корҳои таълимӣ ва таътилҳо барои дарёфти дараҷаи мутахассиси миёнаи касбӣ чунин муқаррар карда мешавад:

-муҳлати таҳсили 2 сола (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ);

-таълими назариявӣ ва иловагӣ – 105 кредит (2520 соат), 54 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии таълимӣ – 3 кредит (72 соат), 2 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ – 6 кредит (144 соат), 4 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ – 6 кредит (144 соат), 4 ҳафта;

-сессияи имтиҳонӣ – 12 ҳафта;

-атестатсияи хатм – 4 ҳафта;

-таътил – 24 ҳафта;

-ҳамагӣ -120 кредит (2880 соат), 104 ҳафта;

-муҳлати таҳсили 3 сола (дар заминаи таҳсилоти умуми асосӣ):

-таълими назариявӣ ва иловагӣ – 165 кредит (3960 соат), 92 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии таълимӣ – 3 кредит (72 соат), 2 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ – 6 кредит (144 соат), 4 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ – 6 кредит (144 соат), 4 ҳафта;

-сессияи имтиҳонӣ – 17 ҳафта;

-атестатсияи хатм – 6 ҳафта;

-таътил – 26 ҳафта;

-ҳамагӣ - 180 кредит (4320 соат), 151 ҳафта;

-муҳлати таҳсили 3 сола (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ), барои ихтисосҳои самти фарҳанг ва тиббӣ;

-таълими назариявӣ ва иловагӣ – 164 кредит (3936 соат), 92 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии таълимӣ - 3 кредит (72 соат), 2 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ - 3 кредит (72 соат), 2 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ – 7 кредит (168 соат), 7 ҳафта;

-сессияи имтиҳонӣ – 17 ҳафта;

-атестатсияи хатм – 3 кредит (72 соат), 3 ҳафта;

-таътил – 33 ҳафта;

-ҳмагӣ - 180 кредит (4320 соат), 156 ҳафта;

-муҳлати таҳсили 4 сола (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ), барои ихтисосҳои самти фарҳанг ва тиббӣ;

-таълими назариявӣ ва иловагӣ – 223,5 кредит (5364 соат), 125 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии таълимӣ - 3 кредит (72 соат), 2 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ - 3 кредит (72 соат), 2 ҳафта;

-таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ – 10,5 кредит (252 соат), 7 ҳафта;

-сессияи имтиҳонӣ – 24 ҳафта;

-атестатсияи хатм – 3 ҳафта;

-таътил – 46 ҳафта;

- ҳамагӣ - 240 кредит (5760 соат), 209 ҳафта.

31. Натиҷаи азхудкунии барномаи таълимии ҳар як фан аз ҷониби донишҷӯ (дониш, маҳорат ва малакаи касбии донишҷӯ дар ҳуҷҷатҳо (дафтар, варақаҳои санҷишию имтиҳонӣ, замимаи диплом ва шаҳодатнома)) дар шакли баҳогузории ҳуруфӣ бо истифода аз ҳарфҳои А (А, А-), В (В+, В, В-), С (С+, С, С-), D (D, D-) ва F (Fx, F) ифода карда мешавад.

32. Ҳадди ақалли ҳатмии ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ дар шакли таҳсили рӯзонаи зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи талаботи давлатӣ бо ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну муҳтаво ва дараҷаи омодагии хатмкунанда аз рӯйи стандарти таълимии ҳар як самт (ихтисос) муайян карда мешавад.

33. Барои донишҷӯён дар давоми соли таҳсил на камтар аз 2 маротиба бо давомнокии зиёда аз 7 ҳафта, аз ҷумла дар нимсолаи якум на камтар аз 2 ҳафта таътил, муқаррар карда мешавад.

34. Теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар як гурӯҳи академӣ аз рӯйи шакли рӯзона, ғоибона, фосилавӣ ва шабонаи таълим 24 нафар, барои ихтисосҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ 16 нафар ва барои соҳаи санъат аз фанҳои тахассусӣ 1-10 нафар муқаррар карда мешавад.

35. Ҳангоми гузаронидани корҳои лабораториву амалӣ, машғулиятҳои таълимӣ аз фанҳои забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ, технологияи меҳнат, инчунин дар дарсҳои расмкашӣ (ихтисосҳои меъморӣ ва бадеӣ) барои як қатор фанҳои дигари таълимии соҳавӣ, иҷрои корҳои курсӣ (лоиҳаҳои курсӣ) ва таълими истеҳсолӣ дар устохонаҳо (машқгоҳҳо, хоҷагиҳо) гурӯҳи таълимӣ ба зергурӯҳҳои теъдодашон на зиёдтар аз 10-12 нафар ҷудо карда мешавад.

36. Тартиби қабули санҷишҳои фосилавӣ, аттестатсияи ҷорӣ ва аттестатсияи хатм дар шакли таҳсили рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ, дуалӣ ва экстернати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян карда мешавад.

37. Даври муайяни таҳсил (даври академӣ) аз тарафи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян мегардад. Миқдори ҳафтаҳои таълими назариявӣ дар як даври академӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 16 -18 ҳафтаро дар бар мегирад.

38. Таътили зимистона пас аз ҷамъбасти нимсолаи якуми соли таҳсил ба муҳлати ду ҳафта муқаррар карда мешавад.

39. Триместр (семестри иловагии таълими назариявӣ) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои баланд намудани холи миёнаи умумӣ (GPA) ва супоридани имтиҳонҳо ҷиҳати бартараф кардани қарзи академӣ дар муддати 2 ҳафта гузаронида мешавад.

5. ТАРТИБИ ТАҲИЯ ВА ТАСДИҚ НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ДАВЛАТӢ БА ҲАДДИ АҚАЛЛИ ҲАТМИИ МАЗМУНУ МУҲТАВО ВА ДАРАҶАИ ОМОДАГИИ ХАТМКУНАНДА

40. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақалли мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯйи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

41. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақалли мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯйи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти миёнаи касбӣ стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ номида мешавад.

42. Стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) коркард карда шуда, ҷанбаҳои зеринро фаро гирад:

- соҳаи истифодабарӣ;

- тавсифи равияи омодагӣ;

- тавсифи фаъолияти касбӣ;

- ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну муҳтавои стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- талабот ба сохтори барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- талабот нисбат ба коркард ва шартҳои амалигардонии барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- муҳлати азхудкунии стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- арзёбии сифати азхудкунии барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- аттестатсияи хатм аз рӯйи ихтисос.

43. Стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур аз ҷониби муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо иштироки кордиҳанда таҳия ва аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, тасдиқ карда мешавад.

44. Мазмуну муҳтавои бахшҳо аз рӯйи ҳуҷҷати намунавии таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯйи бахшҳо ва модулҳо барои зинаҳои дахлдори таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян карда мешавад. Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо дарназардошти ҳадди ақалли ҳатмии азхудкунии мазмуну муҳтавои стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур баъди мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

45. Мавзуъ ва муҳтавои ҳар як фанни таълимӣ бояд тавре муайян карда шавад, ки дар баробари пурра аз худ намудани барномаи таълимии онҳо сатҳи салоҳиятнокӣ, қобилият, малакаю маҳорат ва донишҳои назариявии донишҷӯ ташаккул ёбад.

6. ТАЛАБОТИ ҲАДДИ АҚАЛ БА МАЗМУНУ МУҲТАВОИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАЪЛИМИЮ БАРНОМАВИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

46. Нақшаи таълимӣ як ҷузъи барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба шумор рафта, номгӯйи фанҳо, буҷети вақт, марҳилаҳои пайдарпай ва ҷудогонаи омӯзиши фанҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ, машғулиятҳои факултативӣ, модулҳои таълимӣ ва дигар намудҳои фаъолияти амалишавии таҳсилотро муайян менамояд. Нақшаи таълимӣ аз рӯйи ихтисос бандҳои зеринро фаро мегирад:

- унвон ва рамзи ихтисос, дараҷа, тахассус, муҳлат ва шакли таҳсил;

- тақвими раванди таълим (ба ҳисоби ҳафта);

- тақсимоти буҷети вақт (ба ҳисоби ҳафта);

- нақшаи раванди таълим бо нишон додани номгӯйи бахшҳо, модулҳо ва фанҳои ҳатмӣ, миқдори кредитҳо барои машғулиятҳои аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ, семестрҳо, таҷрибаомӯзӣ ва аттестатсияи хатм.

47. Нақшаи таълимӣ аз рӯйи ихтисос аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботе, ки дар Стандарти мазкур нишон дода шудааст, таҳия карда мешавад. Нақшаи таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, тасдиқ карда мешавад.

48. Нақшаи таълимии корӣ барои самт (ихтисос)-ҳои мухталифи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси нақшаи таълимӣ, нақшаи инфиродии донишҷӯ бо нишон додани талаботи ҷузъиёти ҷумҳуриявӣ ва муассисаи таълимӣ, фанҳои интихобӣ барои як соли таҳсил таҳия карда мешавад.

49. Барномаҳои таҷрибаомӯзӣ (таълимӣ, омӯзгорӣ, истеҳсолӣ, саҳроӣ, пешаздипломӣ) дар асоси Стандарти мазкур бо дарназардошти талабот ба ҳадди ақалли мазмуну муҳтаво ва дараҷаи омодагии хатмкунанда тибқи стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи самт (ихтисос) таҳия шуда, ба мустаҳкам кардани донишу малакаҳои амалӣ, такмили малака ва тарзу усулҳои кор, ҳосил намудани таҷрибаи амалӣ ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ равона мегардад.

50. Барномаи таълимии фан як ҷузъи барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ буда, дар он мақсад ва вазифаҳои фан, маълумоти мухтасар дар бораи мавзуъҳо ва маводи таълимӣ, меъёрҳои баҳодиҳӣ ба дониш ва феҳристи адабиёт дарҷ меёбад.

51. Барномаи кории фан (силлабус) аз ҷониби омӯзгор таҳия шуда, дар он тавсифи мухтасари фан, мақсад ва вазифаҳои фан, пешталабот, талаботи баъдии фан, номгӯйи мавзуъҳо ва нақшаи тақвимӣ, усули омӯзиши онҳо, супоришҳо барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, намунаи супоришҳои тестӣ ва назоратӣ, вақти машварат, ҷадвали санҷиши дониши донишҷӯён, талаботи омӯзгор, меъёр ва шаклҳои баҳодиҳӣ, феҳристи адабиёти таълимию методӣ ва илмӣ вобаста ба мазмуну мундариҷаи мавзуъҳо ҷой дода мешавад.

7. АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

52. Марҳилаи хотимавии таҳсил дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аттестатсияи хатм мебошад.

53. Аттестатсияи хатм баъд аз пурра аз худ намудани стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ва нақшаи таълимии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқшуда аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ гузаронида мешавад.

54. Раванди ташкил ва баргузории аттестатсияи хатм тибқи тартиби аттестатсияи хатми донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ шудааст, татбиқ мегардад.

55. Комиссияи аттестатсионии хатм дар муҳлате, ки дар нақшаи таълимии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқшуда муайян шудааст, фаъолият мекунад.

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

56. Барои риоя кардани талаботи Стандарти мазкур муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ масъулият доранд.