ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 289
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 289 «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» калимаҳои «панҷ воҳиди корӣ» ба калимаҳои «шаш воҳиди корӣ, инчунин таъмини фаъолияти онҳо» иваз карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 621
...