ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби воридот, хариду фурӯши сару либоси ҳарбӣ ва махсуси сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби воридот, хариду фурӯши сару либоси ҳарбӣ ва махсуси сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати риояи талаботи Тартиби мазкур тадбирҳои мушаххас андешад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 617
...