ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома дар бораи ташкили низоми электронии пешрафтаи мубодилаи маълумот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамлу нақли транзитии автомобилӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Лоиҳаи Созишнома дар бораи ташкили низоми электронии пешрафтаи мубодилаи маълумот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамлу нақли транзитии автомобилӣ маъқул дониста шавад.
- Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Туркия мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 609
Лоиҳа
СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ТАШКИЛИ НИЗОМИ ЭЛЕКТРОНИИ ПЕШРАФТАИ МУБОДИЛАИ МАЪЛУМОТ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ОИД БА ҲАМЛУ НАҚЛИ ТРАНЗИТИИ АВТОМОБИЛӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,
мутобиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар бораи ҳамкории гумрукӣ, ки 17 сентябри соли 1998 дар Анқара ба имзо расидааст,
муҳим будани амалиёти самарабахши ҳамлу нақлро бо мақсади сода гардонидани савдо ва нақлиёти байниҳамдигарӣ ба назар гирифта,
бо эътирофи зарурати баланд бардоштани самаранокии таҳлили хавфҳои гумрукӣ нисбат ба молҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки байни Тарафҳо ё тавассути Тарафҳо интиқол дода мешаванд,
бо дастгирии рушди тиҷорат тавассути нақлиёти эътироф намудани транзитии автомобилӣ,
бо таъкид ба ҷонибдории рушди ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии амалиёти нақлиёти ҳамлу нақл,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
МОДДАИ 1 ҲАДАФ
Ҳадафи Созишномаи мазкур баланд бардоштани иқтидори тиҷоратӣ ва кам кардани вақти интизорӣ дар сарҳадҳо тавассути рафъи монеаҳои маъмурӣ дар роҳи тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамлу нақли автомобилӣ бо мақсади коҳиш додани тамбашавӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ (НГС) тавассути мубодилаи иттилооти электронӣ мебошад.
МОДДАИ 2 ДОИРАИ АМАЛ
Созишномаи мазкур ба тамоми амалиётҳои ҳамлу нақл (транзитӣ) тавассути нақлиёти автомобилӣ, ки байни ҳудудҳои Тарафҳо анҷом дода мешаванд, татбиқ мегардад.
МОДДАИ 3 НИЗОМИ ПЕШРАФТАИ ЭЛЕКТРОНИИ МУБОДИЛАИ МАЪЛУМОТ
- Тарафҳо низоми пешрафтаи электронии мубодилаи маълумотро таъсис медиҳанд, ки ҳаракати мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои автомобилиро осон мегардад.
- Татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Туркия ҳамчун мақомоти иҷрокунанда амалӣ карда мешаванд.
МОДДАИ 4 РОҲАНДОЗӢ НАМУДАНИ МУБОДИЛАИ МАЪЛУМОТИ ЭЛЕКТРОНӢ
1. Тарафҳо мубодилаи маълумоти пешакӣ оид ба молу воситаҳои нақлиётро тавассути низоми пешрафтаи электроние, ки тибқи «Шартҳои техникии низоми пешрафтаи электронии мубодилаи маълумот байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия» сохта шудааст, амалӣ менамоянд.
2. Тарафҳо доира ва усулҳои мубодилаи электронии маълумоти пешакиро тибқи қонунгузории миллии худ муайян ва амалӣ менамоянд.
3. Истифодабарии низом аз ҷониби танзимгарони ваколатдори иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия таъмин мегардад.
4. Тарафҳо мубодилаи маълумоти пешакиро ба шарте анҷом медиҳанд, ки маълумоти ҳамлу нақл (транзит) аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ба маъмурияти мақомоти гумруки Тарафи ирсолкунанда пешниҳод шуда бошад.
5. Танзимгарони ваколатдори иқтисодие, ки маълумоти пешакӣ пешниҳод менамоянд, аз имтиёзҳои зерин бархурдор мегарданд:
a) кам кардани муоинаи гумрукӣ аз ҷониби кормандони гумрук дар роҳ ё дар ҷойи таъинот ба истиснои ҳолатҳое, ки хавфи вайрон шудани қонунгузории гумрукӣ муайян шуд;
б) барасмиятдарории содакардашудаи гумрукӣ дар роҳ ё дар маҳалли таъинот.
МОДДАИ 5 ИСТИФОДАИ МАЪЛУМОТ
Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки истифодаи маълумоти дар доираи Созишномаи мазкур гирифташударо барои содагардонӣ ва тезонидани амалиётҳои ҳамлу нақл таъмин намоянд.
МОДДАИ 6
Тарафҳо бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои Созишномаи мазкур аз меъёрҳо, стандартҳо ва тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони умумиҷаҳонии гумрук, қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, инчунин таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ оид ба мубодилаи маълумот истифода хоҳанд намуд.
МОДДАИ 7 ҲИФЗИ МАЪЛУМОТ
Тарафҳо маълумотеро, ки дар доираи низоми пешрафтаи электронии мубодилаи маълумот ба даст овардаанд, танҳо барои мақсадҳои гумрукӣ истифода бурда, бе розигии хаттии қаблии Тарафе, ки маълумотро пешниҳод намудааст, ба шахсони сеюм намедиҳанд.
МОДДАИ 8
Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Созишномаи мазкур, Тарафҳо тибқи қонунгузории миллии худ чораҳои дахлдор андешида, ҳамдигарро дар бораи чунин вайронкуниҳо, инчунин оид ба нодурустӣ ё бардурӯғ будани маълумот дар бораи молҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки дар ҷараёни мубодилаи маълумот ба даст омадаанд, огоҳ намоянд.
МОДДАИ 9 ҲАМОҲАНГСОЗОН
Дар робита ба муқаррар намудани алоқаҳои мустақим Тарафҳо рӯйхати шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти гумрукро бо мақсадҳои зерин муайян менамоянд:
а) таҳия ва мувофиқа намудани шартҳои техникии мубодилаи маълумот, технологияҳои коркард ва интиқоли маълумот, инчунин риоя намудани талаботҳои ҳифзи маълумот;
б) ҳалли мушкилоти техникие, ки ҳангоми амалӣ намудани Созишномаи мазкур ба вуҷуд омадаанд.
МОДДАИ 10 СОЗИШНОМАҲОИ ДИГАР
Муқаррароти Созишномаи мазкур ба ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки аз созишномаҳои дигари байналмилалӣ бар меоянд ва Тарафҳо иштирокдори онҳо мебошанд, дахолат намекунад.
МОДДАИ 11 ҲАЛЛИ БАҲСҲО
- Ҳама гуна баҳсҳое, ки вобаста ба тафсир ё татбиқи Созишномаи мазкур ба миён меоянд, пеш аз ҳама тавассути гуфтушунид ва машваратҳо байни мақомоти вақолатдор оид ба татбиқи Созишномаи мазкури Тарафҳо ҳал карда мешаванд. Масъалаҳое, ки истифодаи ин роҳ ҳал нашудаанд, бояд бо роҳҳои дипломатӣ ҳал карда шаванд.
- Ҳар яке аз Тарафҳо метавонад дар робита ба тафсир, татбиқ ва тағйир додани Созишномаи мазкур, ё ҳалли ҳама гуна баҳсҳои эҳтимолие, ки метавонанд ба вуҷуд оянд, аз Тарафи дигар машварат пурсад.
- Ҳама гуна гуфтушунид ё машваратҳое, ки дар доираи банди 1 ё 2 ҳамин модда байни Тарафҳо гузаронида мешаванд, дар давоми 20 рӯзи гирифтани дархости хаттӣ оғоз меёбанд, агар дар ин робита тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
МОДДАИ 12 ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
- Ба Созишномаи мазкур бо розигии Тарафҳо метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
- Чунин тағйиру иловаҳо дар шакли протоколҳои алоҳида тартиб дода шуда, қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошанд, тибқи муқаррароти моддаи 13 Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.
МОДДАИ 13 ЭЪТИБОР ПАЙДО КАРДАН, МУҲЛАТИ АМАЛ ВА ҚАТЪИ АМАЛ
1.Созишномаи мазкур пас аз сӣ рӯз аз санаи гирифтани охирин огоҳиномаи хаттӣ, ки бо он Тарафҳо якдигарро тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи анҷом додани расмиёти дохилидавлатии барои эътибор пайдо кардани Созишнома мазкур огоҳ менамоянд, эътибор пайдо мекунад.
2.Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста мешавад ва ҳар яке аз Тарафҳо метавонад амали Созишномаи мазкурро бо роҳи ирсоли огоҳиномаи хаттӣ дар бораи бекор кардани он огоҳ намояд. Дар ин ҳолат Созишномаи мазкур пас аз се (3) моҳи гирифтани чунин огоҳинома қатъ карда мешавад. Чунин огоҳинома ба амалиёти ҳамлу нақли (транзит)-и аллакай оғозшуда таъсир намерасонад. Чунин қатънамоӣ ба расмиёти ҷорие, ки дар лаҳзаи қатънамоӣ мутобиқи муқаррароти Созишномаи мазкур ба итмом мерасад, таъсир намерасонад.
3. Уҳдадориҳои Тараҳо, аз ҷумла махфияти маълумот ҳатто баъд аз қатъ кардани Созишномаи мазкур амал мекунад.
Барои тасдиқи ҳуҷҷат Тарафҳо Созишномаи мазкурро ба таври лозима ба имзо расониданд.
Созишномаи мазкур «____» ______________ соли 20___ дар шаҳри__________ дар се нусхаи аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ, туркӣ ва англисӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ихтилофот дар тафсири он, ба матни забони англисӣ бартарӣ дода мешавад.
Аз ҷониби ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | Аз ҷониби ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ |