Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, № 675 "Оиди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»"

Санаи амалкуни: 13.11.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995 «Дар бораи ветеранҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 7-8, мод.67; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, № 3, мод.48) тағйироти зайл ворид карда шавад:

Қисми дуюми моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«Статуси нишони сарисинагӣ тавассути Қонун муайян карда мешавад ва тавсифи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 1998, № 675