ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи таъминоти кадрӣ ҷиҳати рушди саноат
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи таъминоти кадрӣ ҷиҳати рушди саноат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 10 январ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар сол то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 614
...