ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2024, № 1410 қабул шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 ноябри соли 2024,
№ 549ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 197) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «сӯҳбати», «Сӯҳбати», «рӯҳӣ», «ӯҳдадор», «мӯҳлати», «мӯҳлате» ва «офиятбахшии» мувофиқан ба калимаҳои «суҳбати», «Суҳбати», «руҳӣ», «уҳдадор», «муҳлати», «муҳлате» ва «тавонбахшии» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 11:
- дар сархати ёздаҳум калимаи «курсҳои» ба калимаи «машғулиятҳои» иваз карда шавад;
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- огоҳсозии комиссияи дахлдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи ҳар як ҳолати зӯроварӣ дар оила, ки кӯдак аз он зарар дидааст;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, № 2105
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ПРЕДУПРЕЖДЕНИИ НАСИЛИЯ В СЕМЬЕ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 1 октября 2024 года
№1410Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 5 ноября 2024 года
№549Статья 1. Внести в статью 11 Закона Республики Таджикистан «О предупреждении насилия в семье» от 19 марта 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №3, ст. 197) следующие изменение и дополнение:
- в абзаце одиннадцатом слово «курсов» заменить словом «занятий»;
- дополнить абзацем двенадцатым следующего содержания:
«- уведомлять соответствующую комиссию по защите прав ребёнка о каждом случае домашнего насилия, от которого пострадал ребёнок;».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 13 ноября 2024 года №2105