бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2024,
№ 1428тасдиқ шудааст
ПРОТОКОЛ оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораигузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
Бо дастрасии моддаҳои 6 ва 9 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002 (минбаъд - Созишнома)
ба мувофиқаи зайл омаданд:
Моддаи 1
Ба руйхати гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, ки дар замимаи Созишномаи мазкур оварда шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
«Бандҳои 11 ва 14 (минбаъд - замима) дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
11.
|
ҲАШТЯК** автомобилӣ
|
вилояти Суғд, ноғияи
Спитамен
|
БЕКОБОД** автомобилӣ
|
вилояти Тошканд, шаҳри
Бекобод
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
|
14
|
ЗАФАРОБОД автомобилӣ
|
вилояти Суғд,
НОҲИЯИ Зафаробод
|
ХАВАСАБАД
автомобилӣ
|
вилояти
Сирдарё, ноҳияи
Хаваст
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
- калимаҳои «Нов», «ноҳияи Нов», «ноҳияи Пенҷакент» ва «ноҳияи Турсунзода» мутаносибан ба калимаҳои «Спитамен», «ноҳияи Спитамен», «шаҳри Панҷакент» ва «шаҳри Турсунзода» иваз карда шаванд; - дар матни русӣ калимаи «Согдская» ба калимаи «Согдийская» иваз карда шавад;
- эзоҳи нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«**Гузаргоҳи сарҳадӣ гузариши шахсон, автомобили сабукрав, мол, бор, ҳайвонот ва дигар моликиятро амалӣ менамояд.».
Моддаи 2
Протоколи мазкур қисми ҷудонашавандаи Созишнома мебошад ва мутобиқи моддаи 11 Созишнома эътибор пайдо мекунад.
Протоколи мазкур то қатъи амали Созишнома эътибор дорад.
Дар шаҳри Душанбе, 18 апрели соли 2024 дар ду нусха, ҳар кадоме бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба имзо расидааст ва ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд.
Дар сурати ба миён омадани баҳс дар тафсири муқаррароти Протоколи мазкур, Тарафҳо матни забони русиро истифода мебаранд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
___________________ | Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон
____________________ |
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҲукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораигузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
бар идомаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон, ки 16 майи соли 2000 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст,
бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди рафтуомад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
зарурати такмили тартиби гузаронидани шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо, ҳайвонот ва анҷомҳои дигарро аз сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба асос гирифта,
бо мақсади ифшо намудан ва гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи яроқ, маводи мухаддира, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин сари вақт андешидани чораҳои муштарак оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии эпидемияҳо ва эпизоотияҳо,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Барои аз сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаштани ашхос ва инчунин гузаронидани борҳо, молҳо, ҳайвонот ва анҷомҳои дигар Тарафҳо гузаргоҳҳои сарҳади давлатии дутарафа ва байналмилалии (минбаъд гузаргоҳҳо) дар Замимаи ин Созишнома зикргардидаро, ки қисми ҷудонопазири Созишномаи мазкур мебошад, муқаррар мекунанд.
Мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳо Тарафҳо метавонанд гузаргоҳҳои убури соддаи гузаронидани шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳоро муқаррар намоянд.
Дар гузаргоҳҳои байналмилалӣ гузаронидани ашхос, воситаҳои нақлиёт борҳо, молҳо, ҳайвонот ва анҷомҳои дигар ба анҷом расонида мешавад.
Дар гузаргоҳҳои дутарафа гузаронидани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо, ҳайвонот ва анҷомҳои дигари давлатҳои Тарафҳо ба анҷом расонида мешавад.
Дар гузаргоҳҳои убури содда гузаронидани шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо, ки сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо тартиби пиёда убур мекунанд, ба анҷом расонида мешавад.
Моддаи 2
Шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо ба қаламрави (аз қаламрави) давлатҳои Тарафҳо аз тариқи гузаргоҳҳои дар Созишномаи мазкур зикргардида бо ҳуҷҷатҳои мусофиратии эътибордошта мувофиқи шартҳои дар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон, ки дар шаҳри Душанбе 16 майи соли 2000 ба имзо расидааст, ворид ва хориҷ мешаванд.
Моддаи 3
Кори (низоми кории) гузаргоҳҳо бо мувофиқати Тарафҳо ба таври шабонарӯзӣ ё ин ки дар рӯзи равшан мутобиқи Замима ба ин Созишнома ташкил карда мешавад.
Назорат аз рӯи риояи низоми корӣ, инчунин тартиби гузарнидани шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт, молҳо, борҳо, ҳайвонот ва анҷомҳои дигар бо мувофиқати идораҳои сарҳадӣ ва гумрукии Тарафҳо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 4
Назорати сарҳадӣ, гумрукӣ ва дар ҳолати зарурат дигар навъҳои назорати шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо, ҳайвонот ва анҷомҳои дигар (минбаъд - назорат) дар гузаргоҳҳо мувофиқи қонунгузории миллии давлатҳои Тарафҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тарафҳо иштирокчии онҳо мебошанд, анҷом дода мешавад.
Дар мавриди зарурат Тарафҳо барои назорати муштарак шароит муҳайё мекунанд.
Тартиби ташкил намудани назорати муштарак бо шартномаҳои алоҳидаи байни идораҳои сарҳадӣ ва гумрукии Тарафҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 5
Барои таъмини фаъолияти даркории гузаргоҳҳо ҳар яке аз Тарафҳо дар қаламрави давлати худ инфраструктураи заруриро таъсис медиҳад.
Моддаи 6
Кушодашавии гузаргоҳҳои нав, бастани гузаргоҳҳои мавҷуда (аз ҷумла гузаргоҳҳои убури содда) ё тағйир додани мақом ва низоми кории онҳо аз ҷониби Тарафҳо бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқат кунонида шуда, бо протоколҳо, ки қисмҳои ҷудонопазири Созишномаи мазкур хоҳанд буд, ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 7
Бо қарори Тарафҳо, дар ҳолатҳои алоҳида (эпидемия, эпизоотияҳо, офатҳои табиӣ ва ғайра) Тарафҳо метавонанд гузаштани шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо, ҳайвонот ва анҷомҳои дигарро муваққатан боздоранд.
Дар айни замон, Тарафе ки чунин чораҳоро меандешад, пешакӣ, вале на дертар аз 24 соат, Тарафи дигарро аз андешидан ё бекор кардани чунин чораҳо хабардор мекунад.
Моддаи 8
Созишномаи мазкур ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ бар меоянду онҳо иштирокчиашон мебошанд, дахолат намекунад.
Моддаи 9
Бо ризоияти мутақобилаи Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйирот ва иловаҳо, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонопазири ин Созишнома мегарданд, ворид намоянд.
Моддаи 10
Дар мавриди ба миён омадани баҳсу ихтилофот оид ба истифода ва тафсири муқаррароти ин Созишнома Тарафҳо онҳоро бо роҳи гуфтушунид ҳал мекунанд.
Моддаи 11
Ин Созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро намудани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои қувваи қонун пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо намуда, ба мӯҳлати 5 сол амал мекунад. Он худ аз худ ҳар дафъа ба панҷсолаи минбаъда тамдид мегардад, агар яке аз Тарафҳо 6 моҳ пеш аз ба охир расидани мӯҳлати панҷсолаи навбатӣ Тарафи дигарро дар бораи нияти худ ҷиҳати қатъ гардонидани амали он хаттӣ огоҳ накунад.
Ин Созишнома дар шаҳри Тошкент 12 феврали соли 2002 дар ду нусха, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба имзо расидааст ва ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд.
Бо мақсади тафсири муқаррароти ин Созишнома матни русӣ истифода карда мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон |
Замима
ба Созишномаи байни Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ
Номгӯи гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатӣ
№
|
Номи гузаргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Ҷойи ҷойгиршавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Номи гузаргоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон
|
Ҷойи ҷойгиршавӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
|
Мақоми гузаргоҳҳо
|
Низоми кор
|
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
6
|
7
|
1.
|
АЙВАҶ
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Хатлон, ноҳияи Шаҳритуз
|
ГУЛБАХОР
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Сурхандарьё,
ноҳияи
Термез
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
2.
|
БРАТСТВО
роҳи
автомобилӣ
|
ноҳияи Турсунзода
|
САРИОСИЕ
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Сурхандарьё,
ноҳияи
Узун
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
3.
|
ФОТЕХОБОД
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Мачоҳ
|
ОЙБЕК
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Тошканд, ноҳияи Бекобод
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
4.
|
ПАТАР
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Конибодом
|
АНДАРХОН
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Фарғона, ноҳияи Бешарик
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
5.
|
САРАЗМ
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Панҷакент
|
ЧАРТЕППА
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Самарқанд, ноҳияи Ургут
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
6.
|
КОНИБОДОМ
роҳи
оҳан
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Конибодом
|
АНДАРХОН
роҳи
оҳан
|
Вилояти
Фарғона, ноҳияи Бешарик
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
7.
|
НОВ
роҳи
оҳан
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Нов
|
БЕКОБОД
роҳи
оҳан
|
Вилояти
Тошкент, ноҳияи Бекобод
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
8.
|
ХОШАДИ
роҳи
оҳан
|
Вилояти
Хатлон, ноҳияи Шаҳритуз
|
ОМУ-ЗАНГ
роҳи
оҳан
|
Вилояти
Сурхандарьё,
ноҳияи
Термез
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
9.
|
ПАХТАОБОД
роҳи
оҳан
|
ноҳияи Турсунзода
|
УЗУН
роҳи
оҳан
|
Вилояти
Сурхандарьё,
ноҳияи
Денау
|
Байналмилалӣ
|
Шабонарӯзӣ
|
10.
|
РАВОТ
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Конибодом
|
РАВОТ
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Фарғона, ноҳияи Бешарик
|
Дутарафа
|
Дар
рӯзи равшан
|
11.
|
ХАШТЯК
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Нов
|
БЕКОБОД
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Сирдарьё, ноҳияи Хаваст
|
Дутарафа
|
Дар
рӯзи равшан
|
12.
|
НАВБУНЁД
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Ашт
|
ПОП
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Намангон, ноҳияи Поп
|
Дутарафа
|
Дар
рӯзи равшан
|
13.
|
КУШТЕ-ГИРМОН
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Нов
|
ПЛОТИНА
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Тошкент, ноҳияи Бекобод
|
Дутарафа*
|
Дар
рӯзи равшан
|
14.
|
ЗАФАРОБОД
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Зафаробод
|
ХАВАСТОБОД
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Сирдарьё, ноҳияи Хаваст
|
Дутарафа
|
Дар
рӯзи равшан
|
15.
|
ХАВАТАГ
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Зафаробод
|
УЧТУРГАН
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Чизах, ноҳияи Зоомин
|
Дутарафа
|
Дар
рӯзи равшан
|
16.
|
УРО
-ТЕППА
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Суғд,
ноҳияи
Истравшан
|
КУШКЕНТ
роҳи
автомобилӣ
|
Вилояти
Чизах, ноҳияи Зоомин
|
Дутарафа
|
Дар
рӯзи равшан
|
* Шартҳо ва тартиби
гузаронидани воситаҳои нақлиёт, борҳо молҳо, ҳайвонот ва амволи дигари ҳарду
давлат бо Протоколи алоҳидае, ки байни идораҳои сарҳадӣ аз рӯзи эътибор пайдо
кардани ин Созишнома имзо карда мешавад, муайян мегарданд.