Тартиби истифода намудани таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 566

Санаи амалкуни: 01.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

аз 1 декабри соли 2024 мавриди амал қарор дода мешавад

Замима 
ба қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 30 октябри соли 2024, № 566

 

Тартиби истифода намудани таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Тартиби истифода намудани таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) қоидаҳо ва талаботи истифодабарии таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ»-ро дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» бо мақсади содагардонии гузаштани назорати сарҳадӣ дар толорҳои омад ва рафт аз парвози терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад.

3. Бо мақсади кам намудани вақти бақайдгирии пешазпарвозӣ (пасазпарвозии) мусофирон ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, инчунин зиёд намудани иқтидори гузаришии нуқтаҳои назорати сарҳадӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалии авиатсионӣ, дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалӣ таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» насб карда мешаванд.

4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд тавассути таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» аз назорати сарҳадӣ гузаранд.

5. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарури метавонанд гузаштани назорати сарҳадиро тавассути «Дарвозаҳои электронӣ» маҳдуд ё муваққатан манъ намоянд.

6. Мусофирони синни аз 18 боло метавонанд ҳангоми убури сарҳади давлатӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» истифода баранд.

...


Приложение к
постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «30» октября 2024 года, №566

Порядок использования технического устройства «Электронные ворота» в терминалах международных аэропортов Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ 

1. Порядок использования технического устройства «Электронные ворота» в терминалах международных аэропортов Республики Таджикистан (далее - Порядок) определяет правила и требования к использованию технического устройства «Электронные ворота» в терминалах международных аэропортов Республики Таджикистан.

2. Техническое устройство «Электронные ворота» используется с целью упрощения прохождения пограничного контроля в залах вылета и прилета терминалов международных аэропортов Республики Таджикистан.

3. С целью уменьшения времени предполетной (послеполетной) регистрации пассажиров при пересечении государственной границы, повышения качества и уровня обслуживания пассажиров, а также увеличения пропускной способности в пунктах пограничного контроля в соответствии международными авиационными стандартами в терминалах международных аэропортов устанавливается техническое устройство «Электронные ворота».

4. Граждане Республики Таджикистан, иностранные граждане и лица без гражданства имеют право пройти пограничный контроль посредством технического устройства «Электронные ворота».

5. Пограничные войска Государственного комитета национальной безопасности в необходимых случаях могут ограничить или временно приостановить прохождение пограничного контроля посредством технического устройства «Электронные ворота».

6. Пассажиры старше 18 лет могут при пересечении государственной границы в международных аэропортах Республики Таджикистан пользоваться техническим устройством «Электронные ворота».

7. Администрации аэропортов, в терминалах которых установлено техническое устройство «Электронные ворота», обязаны поддерживать его в хорошем техническом состоянии и обеспечить его бесперебойное функционирование.


...