ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 552
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ»
Моддаи 1. Ба моддаи 61 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» аз 3 январи соли 2024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2024, №1-2, мод.18) қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Пардохтҳо марбут ба фаъолияти пулакии муассисаҳои соҳаи фарҳанг тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О культуре»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О культуре» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №552
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О КУЛЬТУРЕ»
Статья 1. Статью 61 Закона Республики Таджикистан «О культуре» от 3 январи соли 2024 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2024 г., №1-2, ст.18) дополнить частью 3 следующие содержания:
«3. Платежи, связанные с платной деятельностью учреждений сферы культуры, осуществляются в безналичной форме.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан