ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 551
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.2003, №8, мод.457; с.2007, №6, мод.432; с.2008, №10, мод.824; с. 2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262; с.2014, №11, мод.672; с.2015, №3, мод.224; с.2017, №7-9, мод.575, мод.576; с.2018, №1, мод.26; с.2022, №7, мод.456; №12, мод.787) моддаи 211 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 211. Пардохти хизматрасониҳо марбут ба фаъолияти рекламавӣ
Пардохти хизматрасониҳо марбут ба фаъолияти рекламавӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О рекламе»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О рекламе» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №551
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТА
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О РЕКЛАМЕ»
Статья 1. Дополнить Закон Республики Таджикистан «О рекламе» от 1 августа 2003 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2003 г., №8, ст.457; 2007 г., №6, ст.432; 2008 г., №10, ст.824; 2011 г., №12, ст.843; 2012 г., №4, ст.262; 2014 г., №11, ст.672; 2015 г., №3, ст.224; 2017 г., №7-9, ст.575, ст.576; 2018 г., №1, ст.26; 2022 г., №7, ст.456; №12, ст.787) статьей 211 следующего содержания:
«Статья 211. Оплата услуг, связанных с рекламной деятельностью
Оплата услуг, связанных с рекламной деятельностью, предусмотренных настоящим Законом, осуществляется в безналичной форме.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан