ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 549
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2016, №7, мод.627; с.2018, №1, мод.19; с.2019, №1, мод.20; с.2024, №3-4, мод.157) моддаи 252 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 252. Амалишавии пардохтҳои фаъолияти суғуртавӣ
Мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ), пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила дар шакли ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О страховой деятельности»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О страховой деятельности» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №549
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О СТРАХОВОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ»
Статья 1. Дополнить Закон Республики Таджикистан «О страховой деятельности» от 23 июля 2016 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2016 г., №7, ст.627; 2018 г., №1, ст.19; 2019 г., №1, ст.20; 2024 г., №3-4, ст.157) статьей 252 следующего содержания:
«Статья 252. Осуществление выплат страховой деятельности
Страховые премии (страховой взнос), страховые выплаты и страховые возмещения со стороны страховых (перестраховочных) организаций и обществ взаимного страхования осуществляются в безналичной форме.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан