Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 548 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»"

Санаи амалкуни: 30.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»

Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 548
Лоиҳа

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» аз 2 январи соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2020, №1, мод.15) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 6 калимаи «китоби» ба калимаи «феҳристи» иваз карда шавад.

2. Дар сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 12 пас аз калимаи «шудаанд» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шуда, калимаҳои «ба роҳ монад» ба калимаи «гузаронад» иваз карда шаванд.

3. Ба сархати дуюми қисми 3 моддаи 15 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «тариқи ғайринакдӣ» илова карда шавад.

4. Ба сархати ҳаштуми қисми 6 моддаи 22 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «Об ассоциации водопользователей»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении, изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «Об ассоциации водопользователей» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №548