Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 547 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»"

Санаи амалкуни: 30.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР 

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»

Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 547

Лоиҳа

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТУХМИПАРВАРӢ»

Моддаи 1. Ба моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ.2, мод.20; с. 2015, №11, мод.959; с.2024, №1-2, мод.14) ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Пардохти маблағи ҳаққи хизматҳои расонидашуда тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

 О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О семеноводстве»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О семеноводстве» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №547
Проект

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О СЕМЕНОВОДСТВЕ»

Статья 1. Статью 32 Закона Республики Таджикистан «О семеноводстве» от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч.2, ст.20; 2015 г., №11, ст.959; 2024 г., №1-2, ст.14) дополнить вторым предложением следующего содержания:

«Оплата средств за оказанные услуги осуществляется в безналичной форме.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.


 Президент Республики Таджикистан