ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 546
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» аз 20 июли соли 1994 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №15-16, мод.235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №22, мод.259; с.2008, №1, қ.2, мод.16; №12, қ.2, мод.1005; с.2010, №12, мод.822; с.2013, №12, мод.892) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 47 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
2. Моддаи 481 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 481. Тартиби пардохти маблағҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Пардохтҳо марбут ба маблағҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ки дар қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.».
Моддаи 2. қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан «О недрах»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан «О недрах» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №546