ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 545
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2023, №4-6, мод.162) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 11 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2. Ба банди 3) моддаи 33 пас аз калимаи «пешниҳодгардидаро» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «Об электрической связи»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «Об электрической связи» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №545
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «ОБ ЭЛЕКТРИЧЕСКОЙ СВЯЗИ»
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об электрической связи» от 22 июня 2023 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2023 г., №4-6, ст.162) следующие дополнения:
1. Часть 3 статьи 11 после слова «Таджикистан» дополнить словами «в безналичной форме».
2. Пункт 3) статьи 33 после слова «оплату» дополнить словами «в безналичной форме»
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан