ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
«Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 544
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАҲОДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» аз 7 августи соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2020, №7-9, мод.626) қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад: “6. Дар мавриди баҳодиҳии ҳатмӣ пардохтҳои дар қисми 2 ва 5 моддаи мазкур пешбинишуда тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.”.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан «О оценочной деятельности»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан «О оценочной деятельности» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республик Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №544
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ОЦЕНОЧНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ»
Статья 1. Внести в статью 11 Закон Республики Таджикистан от 7 августа 2020 года «О оценочной деятельности» (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2020 г., №7-9, ст.626) следующие дополнения:
- часть 2 после слова «услуги» дополнить словами «в безналичной форме»;
- часть 5 после слова «возмещению» дополнить словами «в безналичной форме».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан