Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июли соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1293
Замимаи 2
ба фармоиши вазири энергетика
ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 июли соли 2024,
№ 33
ТАРТИБИ ҚАТЪ НАМУДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР КОРХОНАЮ МУАССИСАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИГАРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ФАЪОЛИЯТИ МУНАЗЗАМАШОН МАХСУСАН МУҲИМ БА ҲИСОБ МЕРАВАД
1. Тартиби қатъ намудани қувваи барқ дар корхонаю муассисаҳои стратегӣ ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муназзамашон махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд (минбаъд - Тартиби мазкур), ҳолатҳои қатъ намудани қувваи барқро дар корхонаю муассисаҳои стратегӣ ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муштариён), ки дар рӯйхати корхонаю муассисаҳои стратегӣ ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муназзамашон махсусан муҳим ба ҳисоб меравад ва бо фармоиши вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми июли соли 2024-ум, №33 тасдиқ гардида, дар замимаи 1 пешбинӣ шудааст (минбаъд - рӯйхати дар замимаи 1 фармоиши мазкур пешбинишуда) ва сари вақт маблағи истифодаи қувваи барқро пардохт наменамоянд, муайян менамояд.
2. Таъминоти қувваи барқ ба Муштариёни дар банди 1 рӯйхати замимаи 1 фармоиши мазкур пешбинишуда, новобаста ба напардохтани маблағи истифодаи қувваи барқ, қатъ карда намешавад.
3. Дар сурати аз 2 (ду) моҳ зиёд ба таъхир афтодани пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ба Муштариён дар бораи қарздории онҳо, зарурати пардохт намудани қарз ва қатъ гардидани таъминоти барқ огоҳиномаҳоро бо нишон додани муҳлати пардохт, ки он аз 10 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад, ирсол менамояд.
4. Огоҳинома ба муштарии қарздор тавассути мактуб ба суроғааш ирсол ё шахсан ба намояндаи муштарӣ бо гирифтани имзо ва нишон додани сана ва вақти қабули пардохти он супорида мешавад.
5. Дар сурати имконнопазирии пардохти қарз дар муҳлати дар огоҳинома пешбинишуда, Муштарӣ ҳуқуқ дорад бо ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи тамдид намудани пардохти қарз ба муҳлати 3 (се) моҳ ва ба қисмҳои баробар ҷудо намудани қарз бо пардохти ҳатмии маблағҳои ҷории ҳаққи истифодаи неруи барқ шартнома ба имзо расонад. Дар сурати риоя накардани яке аз шартҳои шартнома вобаста ба пардохти қарзи қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ба Муштарӣ огоҳиномаи иловагӣ пешниҳод карда, таъминоти қувваи барқи Муштариро қатъ менамояд.
...