Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 аз 1 октябри соли 2024, № 521

Санаи амалкуни: 01.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1 
ба қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 1 октябри соли 2024, № 521

  

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ

3. Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ 3 маротиба барномаҳо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 апрели соли 2007, №194 «Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015, № 793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуданд.

4. Дар ҷумҳурӣ бо амалишавии барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар даҳсолаи дуюми соҳибистиқлолии кишвар майдони боғу токзор 57193 гектар, аз ҷумла майдони боғ 54606 гектар ва токзор 2587 гектар зиёд гардид. Дар баробари зиёдшавии майдони боғот (соли 2010) дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мева 286745 тонна ё 2,2 маротиба ва ангур 176 813 тонна ё 2,4 маротиба зиёд гардид. Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 масоҳати боғу токзор ба 206535 гектар (боғҳои интенсивӣ зиёда аз 1000 гектар) расонида шуд, ки аз ин 155503 гектар ё 75,3 дарсади он мевадиҳанда мебошад. Аз ин миқдор 117,7 ҳазор гектар боғ ва 35,7 ҳазор гектар токзори мевадиҳандаро ташкил медиҳад.

5. Мушкилиҳои асосии соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ ин дар давраи нашъунамои боғу токзорҳо инкишофёбӣ ва паҳншавии зараррасонҳо ва касалиҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ба миқдори муайян ҳосили боғу токзорҳо аз ин ҳисоб зарар дида, ҳатто дар баъзе мавридҳо ба нобудшавии дарахтони мевадиҳанда оварда мерасонад.

6. Мушкилии дигари соҳа ҳамасола дигаргуншавӣ ва тағйирёбии иқлим ба назар мерасад, ки бинобар сабаби дар мавсими гулкунии дарахтон фаромадани сардиҳо, кам гардидани боришот ва баъзан гармиҳои пешгўйинашаванда дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда таъсири манфии худро расонида истодааст.

7. Ҳамзамон мушкилии дигари соҳа ин маблағталаб будани бунёди боғҳои муосири суперинтенсивӣ ва интенсивӣ бо истифода аз низоми обёрии қатрагӣ мебошад. Дар робита ба ин зарур аст, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағҳои зарурии хориҷӣ ҷалб гардида, майдони боғҳои муосири замонавӣ ва интенсивӣ дар ҷумҳурӣ зиёд карда шавад.

...


Приложение 1 
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан 
от 1 октября 2024 года, №521

Программа развития отраслей садоводства, виноградарства и цитрусоводства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития отраслей садоводства, виноградарства и цитрусоводства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы (далее – Программа) разработана в целях развития отраслей садоводства, виноградарства и цитрусоводства, обеспечения населения продуктами питания, перерабатывающих предприятий сырьем, развития экспорта страны, снижения зависимости потребительского рынка от импортной продукции.

2. Программа проводит анализ текущей ситуации и основных проблем, целей, задач и путей развития отраслей садоводства, виноградарства и цитрусоводства в период 2025-2029 годов и определяет пути и методы обеспечения населения продуктами питания, создания новых рабочих мест, внедрения «зеленой экономики», озеленения, решения экологических проблем, предотвращения потепления климата и деградации сельскохозяйственных угодий, сокращения выбросов парниковых газов в атмосферу.

 

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕЙ СИТУАЦИИ И ОСНОВНЫХ ПРОБЛЕМ

3. В целях развития отраслей садоводства и виноградарства 3 раза были приняты программы, в том числе постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 апреля 2007 года, №194 «О целевой Государственной программе развития отрасли садоводства, виноградарства, постепенного увеличения производства плодов и винограда, выращивания саженцев плодовых и вечнозеленых насаждений в Республике Таджикистан на 2007-2010» годы, указом Президента Республики Таджикистан от 27 августа 2009 года, №683 «О дополнительных мерах по развитию отрасли садоводства и виноградарства в Республике Таджикистан на 2010-2014 годы» и постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 октября 2015 года, №793 «О Программе развития садоводства и виноградарства в Республике Таджикистан на 2016-2020 годы».

4. В республике с осуществлением программ развития отрасли садоводства и виноградарства во втором десятилетии независимости страны увеличились площади садов и виноградников на 57 193 гектаров, в том числе садов на 54 606 гектаров и виноградников на 2 587 гектаров. Наряду с расширением садов (в 2010 г.), в республике увеличилось производство фруктов на 286 745 тонн или в 2,2 раза, а винограда на 176 813 тонн или в 2,4 раза. В республике по состоянию на 1 января 2024 года площади садов и виноградников доведены до 206535 гектаров (интенсивные сады до более 1000 гектаров), из которых 155503 гектаров или 75,3% процентов составляет плодоносные сады. Из этого количества сады составляют 117,7 тыс. гектаров, а плодоносные виноградники – 35,7 тыс. гектаров.

5. Основными проблемами отрасли садоводства, виноградарства и цитрусоводства является развитие и распространение вредителей и различных болезней в период вегетации садов и виноградников. Ежегодно наносится вред определенной части урожая садов и виноградников, а в некоторых случаях это приводит к уничтожению фруктовых деревьев.

...