Фармоиши вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2024 №25 "Дар бораи Тартибу услуби тарҳрезии тавозуни хоҷагии об"

Санаи амалкуни: 10.07.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июни 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1286


ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартибу услуби тарҳрезии тавозуни хоҷагии об
210.030.010.

 

Мутобиқи қисми 3 моддаи 34 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва сархати дуюми банди 5 Низомномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №149 тасдиқ шудааст ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ»,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
  1. Тартибу услуби тарҳрезии тавозуни хоҷагии об тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Фармоишҳои вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, № 54 «Дар бораи тасдиқ намудани Тартибу усули таҳрезии тавозуни хоҷагии об» ва аз 1 декабри соли 2022, № 48 «Дар бораи Тартибу услуби таҳрезии тавозуни хоҷагии об» аз эътибор соқит дониста шаванд.
  4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми вазир – сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Вазири энергетика ва захираҳои оби
Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Далер Ҷумъа


ш. Душанбе, 
аз 29 майи соли 2024 №25