Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1284
Бо фармоиши якҷояи сардори
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори
Агентии стандартизатсия, метрология,
сертификатсия ва нозироти савдои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 майи соли 2024 №ф-58
аз 1 майи соли 2024 №53ф/а
тасдиќ шудааст
ТАРТИБИ БА ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИД НАМУДАНИ МАҲСУЛОТИ ҲАТМАН СЕРТИФИКАТСИЯШАВАНДА
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда (минбаъд-Тартиби мазкур) дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» таҳия шуда, тартиби ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшавандаро муайян менамояд.
...