Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 майи соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1282
Замима
ба фармоиши вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 майи соли 2024,
№ 57 ТАРТИБ ВА ҚОИДАҲОИ АМАЛИСОЗИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиб ва қоидаҳои амалисозии фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ (минбаъд - Тартиб), мутобиқи сархати чоруми қисми 1 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» таҳия карда шуда, мақсади он ба танзим даровардани фаъолият дар соҳаи парандапарварӣ мебошад.
2. Талаботи Тартиби мазкур ба корхонаҳои парандапарварӣ - субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ба истеҳсоли гӯшти паранда, тухми озуқавӣ, инкубатсионӣ, чӯҷабарорӣ, инчунин нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти соҳаи парандапарварии кишоварзӣ машғул мебошанд, пешбинӣ мегардад.
2. ФАЪОЛИЯТИ САНИТАРИЮ БЕҲДОШТӢ ДАР КОРХОНАҲОИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
3. Ба ҳудуди корхона кормандони корхонаи парандапарварӣ тавассути гузаргоҳи байторӣ-санитарӣ ва воситаҳои нақлиёт тавассути нуқтаҳои доимии дезинфексиякунӣ ва шустан ворид мегардад.
4. Пеш аз даромадан ба минтақаҳои истеҳсолии корхона кормандон бояд дар нуқтаҳои санитарию беҳдоштӣ либосу пойафзоли худро ба либосу пойафзоли махсуси тозаи корӣ иваз намоянд. Ҳангоми вазъияти фавқулода (эпидемия, эпизоотия) бо дастури сардухтур ҳама кормандони корхона пеш аз кор ва баъд аз кор бояд оббозӣ намоянд. Бо либоси махсус ва пойафзоли махсус баромадан, инчунин берун бурдани он аз минтақаи корхона манъ аст.
5. Ба дохили корхона, ҷойгоҳҳои парандапарварӣ, минтақаҳои истеҳсолӣ даромадани шахсони бегона танҳо бо иҷозати сардухтури корхона иҷозат дода мешавад. Чунин шахсон дар гузаргоҳи байторӣ-санитарӣ аз коркарди санитарӣ гузашта, либос ва пойафзоли махсус пӯшида, пасон вориди корхона мегарданд.
6. Ба ҳамаи шахсоне, ки ба ҳудуди корхона ворид мешаванд, ба истиснои коркунони корхона, алоқа кардан бо парандаю хӯроки он, маҳсулоти парандапарварӣ ва чӯҷаҳо манъ аст.
7. Дар ҳар як ҳуҷраи парандапарварӣ сехи тайёркунии хӯроки паранда, анбори хӯрокворӣ, анбори ғалла ва дигар объектҳо тирезаҳо, дарҳо, сӯрохиҳои шамолдиҳӣ бо рамаҳои муҳофизати барои пешгирӣ кардани парвози парандаи ваҳшӣ бояд муҷаҳҳаз карда шаванд. Дар корхона чораҳои безараргардонӣ бар зидди ҳашаротҳои зараррасон бояд доимӣ ба роҳ монда шавад.
8. Тухм ва парандаи инкубатсионӣ аз ҷониби корхона дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи беҳдоштию санитарӣ бо нишон додани санаи муоинаи паранда аз касалиҳои сил ва дигар касалиҳои сироятӣ, инчунин сана ва давраи эмкунӣ қабул карда мешавад.
9. Зарфҳо ва воситаҳои дигари интиқоли паранда, чӯҷа, тухм ва гӯшт бо нишон (трафарет)-и корхона аломатгузорӣ карда мешаванд. Таҷҳизот, либосҳои махсус, пойафзол ва дигар ашё тамғагузорӣ карда шуда, ба кадом корхона дахл доштани он мушаххас карда мешаванд. Интиқоли чунин ашё аз як корхона ба дигар манъ аст. Воситаҳои гардишӣ (зарфҳо, қуттиҳо)-и ба корхона воридшаванда ҳатман шуста ва дезинфексия карда шуда, танҳо пас аз он ба ҳудуди истеҳсолии хоҷагӣ барои истифода роҳ дода мешавад.
10. Дар корхона барои хизматрасонии парандагон, маҳсулоти паранда кормандони доимии аз муоинаи тиббӣ гузашта ва ба талаботҳои зоотехникӣ ва байторӣ мувофиқ таъмин карда мешаванд.
11. Бо мақсади ташкили минтақаи иммунии атрофи хоҷагиҳои парандапарварӣ парандаи ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо дар масофаи на камтар аз 5 км тибқи нақшаи чорабиниҳои зиддиэпизоотикии хоҷагии мазкур эмкунӣ ва коркард карда мешавад.
12. Барои ҳар як коргоҳи корхона бояд нақшаи тақвимии чорабиниҳои байторию санитарӣ ва реҷаи нигоҳубини паранда таҳия ва овезон карда шавад.
13. Ҳудуди корхонаи парандапарварӣ доимо тоза нигоҳ дошта мешавад. Дар назди ҳар як бино (парандахона) зарфҳои мувофиқ барои партов муҷаҳҳаз карда мешаванд ва бо нақлиёти махсус, ки дар ин минтақа вобаста карда шудааст, ҳар рӯз ба сехи коркард ва ё партовгоҳ барои безарарсозӣ интиқол дода мешавад.
14. Дар корхона обҳои дар парандахонаҳо ва минтақаҳои байторию санитарӣ истифодашуда ва ифлосшуда дар ҷойҳои махсуси санитарӣ-тозакунӣ безарар карда мешаванд.
15. Дар ҳуҷраҳои паранда фаршҳо, гунбазҳо, поддонҳо, қафасҳо, таҷҳизотҳои ғизодиҳӣ, нӯшиданиҳо, зарфҳои тайёр кардану тақсим кардани хӯроки паранда ва дигар воситаҳои нигоҳдорию парвариши паранда мунтазам тоза карда шуда, дар ҳолати зарурӣ дезинфексия карда мешаванд. Корхона барои пешгирии пайдоиш, паҳншавӣ ё барҳам додани касалиҳои паранда, безараргардонӣ ва нобудсозии парандаҳои ба касалиҳои сироятии барои ҳайвоноту инсон хатарнок гирифторшуда сари вақт тадбирҳои санитарию байторӣ бояд андешад.
3. РАВАНДИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР КОРХОНАҲОИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
16. Раванди истеҳсолӣ (технологӣ) дар корхона тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда, регламентҳои технологӣ (қоидаҳои истеҳсоли корҳо, технологияҳои амалиётӣ, дастурҳои технологӣ) ва бо дар назар доштани талаботи Тартиби мазкур амалӣ карда мешаванд.
17. Тарҳрезӣ ва иҷрои раванди технологӣ аз инҳо иборатанд:
- риояи технологияҳои бехатарии нигоҳдории паранда ва коркарди маҳсулоти парандапарварӣ;
- аз байн бурдани тамоси бевоситаи кормандон бо паранда бо роҳи иваз кардани меҳнати дастӣ ба корҳои механикӣ;
- истифодаи равандҳо ва амалиётҳои технологӣ, ки дар онҳо омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ мавҷуд нестанд ва (ё) миқдори моддаҳои зараровар аз ҳадди имконпазири консентратсия ва сатҳҳо зиёд нест. Дар сурати имконнопазирии истифодаи шартҳои зикршуда идоракунии фосилавии равандҳои технологӣ ё истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ зарур аст;
- риояи қоидаҳои истифодабарӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои техникӣ барои таҷҳизотҳо пешбинӣ шудаанд;
- системаи назорат ва идоракунии равандҳои технологӣ, ки ҳифзи кормандон ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба таври худкор қатъ намудани кори таҷҳизоти истеҳсолиро таъмин мекунанд;
- истифодаи дастгоҳҳои сигналӣ, рангҳо ва аломатҳои бехатарӣ;
- сари вақт тоза кардан ва безараргардонии партовҳои истеҳсолӣ, ки манбаи омилҳои зараровари истеҳсолӣ мебошанд;
- истифодаи реҷаҳои оқилонаи меҳнат ва истироҳат бо мақсади пешгирии сарбории ҷисмонӣ ва асабонию равонӣ.
18. Таҷҳизоти технологӣ ва мошинҳо дар корхона бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошад:
- мутобиқат ва эътимоднокии фаъолияти раванди истеҳсолотро таъмин намояд;
- манбаи хатар ва зарарро надошта бошад;
- қатъкунии садамавӣ ё боздоштани фавриро пешбинӣ намояд.
19. Раванди технологӣ, мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ бояд ба талаботи бехатарии сӯхтор ҷавобгӯ бошанд.
20. Дар ҳолатҳои бемориҳои сироятии паранда, партовҳо бояд бо усули химиявӣ безарар карда шаванд ё сӯзонда шаванд.
21. Дар корхона барои таъмини бехатарии меҳнат ҳангоми корҳои боркунӣ ва борфарорӣ бояд механикакунонӣ ва автоматикунонии корҳои боркунӣ ва борфарорӣ истифода бурда шавад.
22. Дар вақти гирифтан, аз як ҷой ба ҷойи дигар таҳвил додани паранда, коргарон бояд эҳтиёткории махсус дошта бошанд, дастҳо, рӯй ва чашмонашонро муҳофизат кунанд.
23. Коргароне, ки дар дар корхона ба корҳои забҳи паранда (бо корд ва дигар воситаҳои забҳ) машғуланд, бояд ба усулҳои бехатари иҷрои ҳаракатҳои корӣ омӯзонида шаванд. Дар наздикии ҷойҳои корӣ, ки паранда забҳ карда мешавад, бояд зарфҳо бо оби гарм ва хунук муҷаҳҳаз карда шаванд.
24. Дар наздикии ҷойҳои корӣ бояд зарфҳо бо маҳлули дезинфексионӣ барои коркарди даврии дастҳо ва асбобҳо насб карда шавад.
25. Ҳангоми бастабандии қисмҳои парандаи забҳшуда қисмҳои дарунии паранда (меъда, дил, ҷигар, гурда) ва дигар қисмҳои паранда (пой, қафаси сина, қанот) дар халтаҳо ва дигар воситаҳои бастубанд бояд мувофиқи талаботи дастурҳои технологии бо тартиби муқарраршуда дар корхона тасдиқшуда ба таври дастӣ ва (ё) худкор анҷом дода шавад.
4. ҚОИДАҲОИ ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТ ВА ХОҶАГИДОРӢ ДАР КОРХОНАҲОИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
26. Корхона ҷиҳати гузарондани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба муайян намудани зотҳо, офаридани кроссҳо ва парандаҳои дурагаи сермаҳсул, такмили хусусиятҳои ирсии зотҳои мавҷуда ва истеҳсоли хӯроки серғизои омехтаи паранда, ташкил ва баргузории семинар, машварат ва конференсияҳо оид ба масъалаҳои муҳимми рушди соҳаи парандапарварӣ бо мақоми ваколатдор дар соҳаи парандапарварӣ ҳамкорӣ менамояд.
27. Воридот ва содироти маҳсулоти соҳаро корхона бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
28. Корхона ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва пешбурди хоҷагидорӣ қоидаҳои ташкил ва амалисозии ҷараёнҳои технологии муқарраргардидаи соҳа, тартиб ва қоидаҳои парвариш, хӯрокдиҳӣ, таъмини афзоиши саршумори паранда, стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талаботи санитарӣ, санитарию байторӣ, экологӣ ва бехатарии маҳсулоти соҳаро риоя карда, чораҳо оид ба таъмини бақайдгирии миқдору сифати маҳсулоти соҳаро таҳия ва амалӣ намояд.
5. МЕЪЁРҲОИ ИСТИФОДАИ НАМУДҲОИ ҒИЗО ДАР ХӮРОКИ ПАРАНДАҲОИ КИШОВАРЗӢ
29. Дар корхона барои афзоиш, истеҳсоли гӯшти паранда, тухми озуқавӣ, инкубатсионӣ, чӯҷабарорӣ ва таъмини афзоиши саршумори паранда меъёрҳои истифодаи намудҳои ғизо дар хӯроки парандаҳои кишоварзӣ истифода бурда мешаванд.
30. Ба намудҳои хӯроки парандаҳои кишоварзӣ хӯрокҳое (ғалладонагиҳо, сабӯс, кунҷораҳо, хӯрокиҳои маҳсули чорво, иловаҳои витамину маъдандор, равғанҳо) шомил мебошанд, ки барои парвариш ва маҳсулнокии парандаҳо истифода бурда мешаванд.
31. Меъёрҳои истифодаи намудҳои ғизо дар хӯроки парандаҳои кишоварзӣ вобаста ба намудҳои парандаҳои кишоварзӣ ва синну соли онҳо бо омилҳои зерин муайян карда мешаванд:
- намуд, зот ва кросси парандаҳои кишоварзӣ;
- синну соли парандаҳои кишоварзӣ;
- дараҷаи маҳсулнокии парандаҳои кишоварзӣ;
- муҳлати истифодаи парандаҳои кишоварзӣ;
- технологияи парвариши паранда;
- саршумори паранда.
32. Хӯрокҳои парандаҳои кишоварзӣ бояд ба меъёр дароварда шуда, серғизо ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок бошанд (замима мегардад). Корхона истифодабарии меъёрҳои намудҳои ғизоро дар хӯроки парандаҳои кишоварзӣ вобаста ба саршумор, намуд, зот ва кросси паранда, синну соли онҳо, дараҷаи маҳсулнокӣ, муҳлати истифодаи паранда ва технологияи парвариш амалӣ менамояд.
33. Риояи меъёрҳои истифодаи намудҳои хӯроки парандаҳои кишоварзӣ дар хӯроки парандаҳои кишоварзӣ дар ғизои парандаҳо пешгирии касалиҳо ва талафи саршумори паранда, таъмини маҳсулнокии соҳаи парандапарварӣ, паст гардидани арзиши аслии маҳсулоти соҳаро таъмин менамояд.
34. Ҳангоми ба миён омадани баҳс ва ё зарурати муайян намудани тартиби истифодабарии меъёрҳои намудҳои ғизо дар хӯроки парандаҳои кишоварзӣ бо ҷалби мутахассисон бо дар назар доштани талаботи Тартиби мазкур муайян карда мешавад.
35. Дуруст муқаррар намудан ва истифодаи меъёрҳои намудҳои ғизои хӯроки парандаҳои кишоварзӣ дар корхонаҳои парандапарварӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ таҳти мониторинг ва таҳлил қарор дода мешавад.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
36. Муқаррароти Тартиби мазкур ба корхонаҳои парандапарварӣ новобаста ба шакли моликият татбиқ мегардад.
37. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замима
ба Тартиб ва қоидаҳои амалисозии фаъолият
дар соҳаи парандапарварӣ
МЕЪЁРҲОИ ИСТИФОДАИ НАМУДҲОИ ҒИЗО ДАР ХӮРОКИ ПАРАНДАҲОИ КИШОВАРЗӢ
Ҷадвал
|
Синну соли
паран-даҳо (ҳафта)
|
Ғалладона
ва лӯбиёдонагиҳо
|
Сабӯси
гандум
|
Кунҷора
шрот
|
Хӯроки
маҳсули
чорво
|
Хамир туруш
|
Ордиалаф
|
Хӯроки
маъдандор
|
Рав-
ған
|
|
Ҳамагӣ
|
аз ҷумла
|
|
Гандум то
|
Ҷувори-макка, то
|
|
Мурғони
кросси сертухм
|
|
1-7
|
60-70
|
50
|
60
|
-
|
10-20
|
4-7
|
0-3
|
0-3
|
1-2
|
0-5
|
|
8-14
|
70-80
|
50
|
60
|
0-10
|
5-10
|
0-3
|
0-5
|
0-10
|
2-3
|
0-5
|
|
15-21
|
60-70
|
50
|
60
|
0-5
|
8-15
|
2-4
|
0-4
|
0-5
|
2-4
|
0-2
|
|
22 ва аз он боло
|
60-75
|
60
|
60
|
0-7
|
8-20
|
2-6
|
0-5
|
0-10
|
7-9
|
0-4
|
|
Мурғони
кросси сергӯшт
|
|
1-7
|
60-70
|
50
|
60
|
-
|
10-20
|
4-7
|
0-3
|
0-3
|
1-2
|
0-2
|
|
8-13
|
70-80
|
50
|
60
|
0-5
|
5-10
|
0-3
|
0-5
|
0-7
|
1-2
|
0-2
|
|
14-18
|
70-80
|
50
|
60
|
0-10
|
5-10
|
0-2
|
0-5
|
0-10
|
2-3
|
0-1
|
|
19-23
|
60-70
|
50
|
60
|
0-5
|
5-10
|
2-4
|
0-4
|
0-15
|
2-4
|
0-2
|
|
24 ва аз он боло
|
60-75
|
60
|
60
|
0-7
|
8-20
|
2-6
|
0-5
|
0-10
|
7-9
|
0-4
|
|
Чӯҷаҳои
бройлерӣ
|
|
1-4
|
55-65
|
50
|
60
|
-
|
15-25
|
4-8
|
0-3
|
-
|
0,5
|
0-6
|
|
5-7
|
60-70
|
60
|
60
|
-
|
10-20
|
4-5
|
0-5
|
0-3
|
0,-2
|
0-8
|
|
Мурғобиҳо
|
|
1-3
|
65-75
|
50
|
60
|
-
|
10-20
|
4-7
|
0-5
|
0-5
|
1-2
|
0-2
|
|
4-8
|
70-80
|
60
|
60
|
-
|
5-15
|
2-5
|
-5
|
0-10
|
1-2
|
0-5
|
|
9-21
|
65-70
|
60
|
60
|
5-10
|
15
|
0-2
|
0-5
|
0-10
|
2-3
|
0-1
|
|
22 ва аз он боло
|
60-75
|
60
|
60
|
0-7
|
6-12
|
2-4
|
0-5
|
0-15
|
4-6
|
0-6
|
|
Мурғи
марҷон
|
|
1-3
|
65-75
|
50
|
60
|
0-5
|
10-20
|
2-3
|
0-5
|
0-5
|
1-2
|
-
|
|
4-8
|
70-80
|
50
|
60
|
0-5
|
5-15
|
2-5
|
0-5
|
0-10
|
1-2
|
-
|
|
9-26
|
65-70
|
60
|
60
|
5-10
|
0-5
|
2-5
|
0-5
|
0-10
|
2-3
|
-
|
|
27 ва аз он боло
|
60-75
|
60
|
60
|
0-7
|
5-10
|
3-4
|
0-5
|
то 30
|
4-5
|
0-6
|
|
Қозҳо
|
|
1-4
|
45-50
|
50
|
50
|
-
|
20-30
|
10-15
|
0-8
|
3-5
|
0,5-1
|
0-2
|
|
5-17
|
50-55
|
50
|
50
|
-
|
10-20
|
4-8
|
0-8
|
5-6
|
1-2
|
0-5
|
|
18-30
|
75-80
|
60
|
60
|
-
|
5-10
|
0-4
|
0-6
|
6-8
|
2-4
|
0-1
|
|
31 ва аз он боло
|
60-75
|
60
|
60
|
-
|
8-15
|
2-6
|
0-5
|
то 30
|
5-6
|
0-1
|
|
Бедона
|
|
1-4
|
40-60
|
50
|
60
|
-
|
20-45
|
7-15
|
0-3
|
3-5
|
1-2
|
0-2
|
|
5-6
|
50-60
|
60
|
60
|
-
|
15-30
|
5-12
|
0-3
|
3-5
|
1-2
|
0-5
|
|
7 ва аз он боло
|
65-70
|
60
|
60
|
-
|
10-25
|
2-6
|
0-5
|
0-12
|
2-3
|
-
|
Эзоҳ: меъёрҳои истифодаи намудҳои ғизо дар хӯроки парандаҳои кишоварзӣ дар ҷадвал бо дарсад дар таркиби 100 грамм хӯроки омехтаи парандаҳои кишоварзӣ муайян карда шудааст.
Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 27 мая 2024 года, регистрационный номер 1282
Приложение
к Распоряжению
министра сельского хозяйства
Республики Таджикистан
ПОРЯДОК И ПРАВИЛА ОСУЩЕСТВЛЕНИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ В ПТИЦЕВОДЧЕСКОЙ ОТРАСЛИ
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок и правила осуществления деятельности в птицеводческой отрасли (далее – настоящий Порядок) разработан в соответствии с четвёртым абзацем части 1 статьи 8 Закона Республики Таджикистан «О птицеводстве» и направлены на регулирование осуществления деятельности в птицеводческой отрасли.
2. Требования настоящего Порядка применяются к птицеводческим предприятиям - хозяйствующим субъектам, занимающимся производством мяса птицы, пищевых яиц, инкубационным, деревообрабатывающим, а также хранением и реализацией продукции отрасли сельскохозяйственного птицеводства.
2. САНИТАРНО-ОЗДОРОВИТЕЛЬНЫЕ МЕРОПРИЯТИЯ НА ПТИЦЕФАБРИКАХ
3. Работники птицеводческого предприятия допускаются на территорию предприятия через ветеринарно-санитарный переход, а транспортные средства через стационарные пункты дезинфекции и мойки.
4. Перед входом в производственные зоны предприятия работники должны переодеться в специальную чистую рабочую одежду и обувь в санитарно-гигиенических пунктах. В чрезвычайной ситуации (эпидемии, эпизоотии) по указанию главного врача все работники предприятия должны принимать душ до и после работы. Запрещается выходить на улицу в специальной одежде и обуви, а также выносить ее за пределы территории предприятия.
5. Допуск посторонних лиц на территорию предприятия, птицефабрики, производственных зон допускается только с разрешения главного врача предприятия. Такие лица проходят санитарную обработку по ветеринарно-санитарному пропуску, а затем входят на предприятие в специальной одежде и обуви.
6. Всем лицам, входящим на территорию предприятия, кроме работников предприятия, запрещается контакт с птицей и ее кормом, птичьими продуктами и цыплятами.
7. В каждой птицефабрике, цехе по приготовлению кормов для птиц, продовольственном складе, зернохранилище и других объектах окна, двери, вентиляционные отверстия оборудуются защитными ставнями для предотвращения полета диких птиц. На предприятии постоянно проводятся мероприятия по обеззараживанию от насекомых.
8. Яйца и инкубационная птица принимаются предприятием на основании санитарно-гигиенических документов об инфекционных заболеваниях с указанием даты обследования птицы на туберкулез и другие инфекционные заболевания, а также даты и периода вакцинации.
9. Посуда и другие средства перевозки птицы, цыплят, яиц и мяса маркируются заводской эмблемой (трафаретом). Оборудование, специальная одежда, обувь и другие предметы маркируются и уточняются, к какому предприятию оно относятся. Передача таких предметов из одного предприятия в другой запрещается. Поступающие на предприятие оборотные средства (емкости, ящики) обязательно промываются и дезинфицируются и только после этого допускаются на производственную территорию хозяйства для использования.
10. На предприятии для обслуживания птиц продукция птицеводства обеспечивается постоянным персоналом, прошедшим медицинский осмотр и соответствующим требованиям зоотехнии и ветеринарии.
11. С целью создания защитной зоны вокруг птицефабрик вакцинируется и обрабатывается птица всех категорий хозяйств в радиусе не менее 5 км в соответствии с планом противоэпизоотических мероприятий данного хозяйства.
12. Для каждого цеха предприятия должен быть разработан и вывешен календарный план ветеринарно-санитарных мероприятий и режим ухода за птицей.
13. Территория птицефабрики будет постоянно содержаться в чистоте. Возле каждого здания (птицефабрики) оборудуются соответствующие контейнеры для отходов и транспортируются специальным транспортом, прикрепленным к этому участку, ежедневно в перерабатывающий цех или на свалку для дезинфекции.
14. На предприятии обеззараживаются воды, используемые в птицефабриках и ветеринарно-санитарных зонах, и загрязненные в специальных санитарно-очистных сооружениях.
15. В птичниках полы, купола, поддоны, клетки, оборудование для кормления, поения, емкости для приготовления и распределения корма и другие средства хранения птицы, регулярно очищаются и при необходимости дезинфицируются. Предприятию необходимо своевременно принимать санитарно-ветеринарные меры для предотвращения возникновения, распространения или ликвидации птичьих болезней, дезинфекции и уничтожения птиц, пораженных инфекционными заболеваниями, опасными для животных и человека.
3. ПРОИЗВОДСТВЕННЫЙ ПРОЦЕСС В ПТИЦЕВОДЧЕСКИХ ПРЕДПРИЯТИЙ
16. Производственный (технологические) процесс на предприятии осуществляются в соответствии с утвержденными проектами, технологическими регламентами (правилами производства работ, технологиями эксплуатации, технологическими инструкциями) и с учетом требований настоящего Порядка.
17. Проектирование и реализация технологического процесса включают в себя:
- соблюдение безопасных технологий содержания птицы и переработки продукции птицеводства;
- устранение прямого контакта работников с птицей путем замены ручного труда механическим;
- использование технологических процессов и операций, в которых отсутствуют опасные и вредные производственные факторы и (или) количество вредных веществ не превышает допустимых пределов концентраций и уровней. В случае невозможности применения указанных условий необходимо дистанционное управление технологическими процессами или использование средств индивидуальной защиты;
- соблюдение правил эксплуатации, предусмотренных в технической документации на оборудование;
- система контроля и управления технологическими процессами, обеспечивающая защиту работников и автоматическое прекращение работы производственного оборудования в случае необходимости;
- использование сигнальных устройств, цветов и знаков безопасности;
- своевременная очистка и дезинфекция производственных отходов, являющихся источником вредных производственных факторов;
- использование разумного режима труда и отдыха для предотвращения физической нагрузки и нервозности.
18. Технологическое оборудование и машины на предприятии должны соответствовать следующим требованиям:
- обеспечить согласованность и надежность работы производственного процесса;
- не быть источником опасности или вреда;
- предусматривать аварийное прекращение или немедленное приостановление.
19. Технологический процесс, машины, механизмы и другое производственное оборудование должны соответствовать требованиям пожарной безопасности.
20. В случае инфекционных заболеваний птиц отходы необходимо обезвредить химическим путем или сжечь.
21. На предприятии для обеспечения безопасности труда при погрузочно-разгрузочных работах следует применять механизацию и автоматизацию погрузочно-разгрузочных работ.
22. При получении, перемещении птицы с одного места на другое рабочие должны проявлять особую осторожность, защищать руки, лицо и глаза.
23. Рабочие, занятые на предприятии работами по убою птицы (ножами и другими средствами убоя), должны быть обучены безопасным методам выполнения рабочих движений. Вблизи рабочих мест, где забивается птица, должны быть оборудованы емкости с горячей и холодной водой.
24. Вблизи рабочих мест следует устанавливать емкости с дезинфицирующим раствором для периодической обработки рук и инструментов.
25. При упаковке частей забитой птицы внутренние части птицы (желудок, сердце, печень, почки) и другие части птицы (ноги, грудная клетка, плавники) в мешки и другие упаковочные средства должны выполняться вручную и (или) автоматически в соответствии с требованиями технологической инструкции, утвержденной на предприятии в установленном порядке.
4. ПРАВИЛА ВЕДЕНИЯ ХОЗЯЙСТВЕННОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ НА ПТИЦЕФАБРИКАХ
26. Предприятие отвечает за проведение научно-исследовательских работ по выявлению пород, созданию высокопродуктивных помесей и гибридов птиц, совершенствованию генетических характеристик существующих пород и производству высокопитательного смешанного корма для птиц, организацию и проведение семинаров, консультаций и конференций по важнейшим вопросам сотрудничает с уполномоченным органом в области птицеводства.
27. Импорт и экспорт продукции отрасли должны осуществляться предприятием в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан.
28. Предприятие при осуществлении хозяйственной деятельности и ведения хозяйства соблюдает правила организации и осуществления установленных технологических процессов отрасли, порядок и правила выращивания, кормления, обеспечения роста поголовья птицы, стандарты и технические регламенты, санитарные, санитарно-ветеринарные, экологические требования и требования безопасности продукции отрасли и принимает меры по обеспечению регистрации количества и качества продукции отрасли разработка и реализация.
5.НОРМЫ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ВИДОВ ПИЩИ КОРМ ДЛЯ СЕЛЬСКОХОЗЯЙСТВЕННЫХ ПТИЦ
29. На предприятии для роста, производства мяса птицы, пищевых яиц, инкубационного и обеспечения роста численности птицы применяются нормы использования пищевых видов в кормах для сельскохозяйственной птицы.
30. К кормовым видам сельскохозяйственной птицы относятся корма (крупы, перхоть, ракушки, корма для животных, витаминно-минеральные добавки, жиры), используемые для выращивания и повышения продуктивности птицы.
31. Критерии использования видов питательных веществ в кормах для сельскохозяйственных птиц в зависимости от вида сельскохозяйственных птиц и их возраста определяются следующими факторами:
- вид, порода и помесь сельскохозяйственных птиц;
- возраст сельскохозяйственных птиц;
- уровень продуктивности сельскохозяйственной птицы;
- сроки использования сельскохозяйственной птицы;
- Технология выращивания птицы;
- численность птицы.
32. Корма для сельскохозяйственных птиц должны быть нормированными, питательными и экономически эффективными (прилагается). Предприятие осуществляет использование норм видов питания в кормах для сельскохозяйственных птиц в зависимости от численности, вида, породы и помеси птицы, их возраста, уровня продуктивности, срока использования птицы и технологии выращивания.
33. Соблюдение норм использования видов кормов для сельскохозяйственной птицы в кормах для сельскохозяйственной птицы в рационе птицы обеспечивает профилактику заболеваний и потери численности птицы, обеспечение продуктивности птицеводческой отрасли, снижение себестоимости продукции отрасли.
34. При возникновении спора или необходимости определения порядка использования норм видов питания в кормах для сельскохозяйственной птицы, определяется с привлечением специалистов с учетом требований данного порядка.
35. Надлежащее установление и применение норм по видам кормов для сельскохозяйственной птицы на птицефабриках осуществляется уполномоченным государственным органом в области птицеводства под мониторингом и анализом.
6. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
36. Положения настоящего Порядка распространяются на птицеводческие предприятия независимо от форм собственности.
37. Физические и юридические лица за нарушение Порядка привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Приложение
к Порядку и правила осуществления
деятельности в птицеводческой отрасли
НОРМЫ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ВИДОВ ПИТАНИЯ В КОРМАХ ДЛЯ СЕЛЬСКОХОЗЯЙСТВЕННЫХ ПТИЦ
Таблица
|
Возраст птицы, нед.
|
Злаковые и бобовые
|
От-руби пше- ничные
|
Жмых
шрот
|
Корма животного проис-хож-дения
|
Дрож-жи
|
Травяная мука
|
Минеральные корма
|
Жир
|
|
всего
|
в том числе
|
|
пшеница до
|
кукурузадо
|
|
Куры яичного кросса
|
|
1-7
|
60-70
|
50
|
60
|
-
|
10-20
|
4-7
|
0-3
|
0-3
|
1-2
|
0-5
|
|
8-14
|
70-80
|
50
|
60
|
0-10
|
5-10
|
0-3
|
0-5
|
0-10
|
2-3
|
0-5
|
|
15-21
|
60-70
|
50
|
60
|
0-5
|
8-15
|
2-4
|
0-4
|
0-5
|
2-4
|
0-2
|
|
22 и старше
|
60-75
|
60
|
60
|
0-7
|
8-20
|
2-6
|
0-5
|
0-10
|
7-9
|
0-4
|
|
Куры мясного кросса
|
|
1-7
|
60-70
|
50
|
60
|
-
|
10-20
|
4-7
|
0-3
|
0-3
|
1-2
|
0-2
|
|
8-13
|
70-80
|
50
|
60
|
0-5
|
5-10
|
0-3
|
0-5
|
0-7
|
1-2
|
0-2
|
|
14-18
|
70-80
|
50
|
60
|
0-10
|
5-10
|
0-2
|
0-5
|
0-10
|
2-3
|
0-1
|
|
19-23
|
60-70
|
50
|
60
|
0-5
|
5-10
|
2-4
|
0-4
|
0-15
|
2-4
|
0-2
|
|
24 и старше
|
60-75
|
60
|
60
|
0-7
|
8-20
|
2-6
|
0-5
|
0-10
|
7-9
|
0-4
|
|
Бройлеры
|
|
1-4
|
55-65
|
50
|
60
|
-
|
15-25
|
4-8
|
0-3
|
-
|
0,5
|
0-6
|
|
5-7
|
60-70
|
60
|
60
|
-
|
10-20
|
4-5
|
0-5
|
0-3
|
0,-2
|
0-8
|
|
Утки
|
|
1-3
|
65-75
|
50
|
60
|
-
|
10-20
|
4-7
|
0-5
|
0-5
|
1-2
|
0-2
|
|
4-8
|
70-80
|
60
|
60
|
-
|
5-15
|
2-5
|
-5
|
0-10
|
1-2
|
0-5
|
|
9-21
|
65-70
|
60
|
60
|
5-10
|
15
|
0-2
|
0-5
|
0-10
|
2-3
|
0-1
|
|
22 и старше
|
60-75
|
60
|
60
|
0-7
|
6-12
|
2-4
|
0-5
|
0-15
|
4-6
|
0-6
|
|
Индейки
|
|
1-3
|
65-75
|
50
|
60
|
0-5
|
10-20
|
2-3
|
0-5
|
0-5
|
1-2
|
-
|
|
4-8
|
70-80
|
50
|
60
|
0-5
|
5-15
|
2-5
|
0-5
|
0-10
|
1-2
|
-
|
|
9-26
|
65-70
|
60
|
60
|
5-10
|
0-5
|
2-5
|
0-5
|
0-10
|
2-3
|
-
|
|
27 и старше
|
60-75
|
60
|
60
|
0-7
|
5-10
|
3-4
|
0-5
|
то 30
|
4-5
|
0-6
|
|
Гуси
|
|
1-4
|
45-50
|
50
|
50
|
-
|
20-30
|
10-15
|
0-8
|
3-5
|
0,5-1
|
0-2
|
|
5-17
|
50-55
|
50
|
50
|
-
|
10-20
|
4-8
|
0-8
|
5-6
|
1-2
|
0-5
|
|
18-30
|
75-80
|
60
|
60
|
-
|
5-10
|
0-4
|
0-6
|
6-8
|
2-4
|
0-1
|
|
31 и старше
|
60-75
|
60
|
60
|
-
|
8-15
|
2-6
|
0-5
|
то 30
|
5-6
|
0-1
|
|
Перепела
|
|
1-4
|
40-60
|
50
|
60
|
-
|
20-45
|
7-15
|
0-3
|
3-5
|
1-2
|
0-2
|
|
5-6
|
50-60
|
60
|
60
|
-
|
15-30
|
5-12
|
0-3
|
3-5
|
1-2
|
0-5
|
|
7 и старше
|
65-70
|
60
|
60
|
-
|
10-25
|
2-6
|
0-5
|
0-12
|
2-3
|
-
|
Примечание: нормы использования видов питательных веществ в кормах для сельскохозяйственных птиц определены в таблице в процентах на 100 г комбикорма для сельскохозяйственных птиц.