ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж» таъсис дода шавад.
2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи мазкурро ҳал намояд.
3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж» бо утоқҳои корӣ чораҷӯйӣ намояд.
4. Маблағгузории Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж» аз ҳисоби гранти шарикони рушд ва маблағҳои буҷетӣ таъмин карда шавад.
5. Ба қисми ташкилотҳои ғайритиҷоратии Номгӯи ташкилотҳои низоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, № 357 «Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж»».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 августи соли 2024, № 487
...