Низомномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, № 471

Санаи амалкуни: 28.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 августи соли 2024, № 471

Низомномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026 № 301)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодабарии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истеҳсоли маводди тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбудро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ назорати бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истеҳсоли маводди тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, мероси хаттӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбудро таъмин карда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои зертобеи худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди моликият амалӣ месозад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Муносибатҳои мутақобилаи Агентӣ бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

2. ВАКОЛАТҲОИ АГЕНТӢ

5. Ваколатҳои Агентӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд, аз ҷумла дар мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии соҳавӣ, ташкилотҳои тармиму барқарорсозӣ, осорхонаҳо, пойгоҳҳои илмию бостоншиносӣ, муҷтамаъҳо, марказҳои мероси хаттӣ ва бостонӣ, марказҳои табиию таърихӣ, хона-осорхонаҳо ва ташкилотњои мансуб ба таъриху фарҳанги миллӣ ва миллатҳои дигари муқим;

- таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи мероси таърихию фарҳангӣ, мероси моддӣ ва ғайримоддӣ;

...
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 августи соли 2024, № 471

Низомномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодабарии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истеҳсоли маводди тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбудро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

2. Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ назорати бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истеҳсоли маводди тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, мероси хаттӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбудро таъмин карда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои зертобеи худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди моликият амалӣ месозад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Муносибатҳои мутақобилаи Агентӣ бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

2. ВАКОЛАТҲОИ АГЕНТӢ

5. Ваколатҳои Агентӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд, аз ҷумла дар мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии соҳавӣ, ташкилотҳои тармиму барқарорсозӣ, осорхонаҳо, пойгоҳҳои илмию бостоншиносӣ, муҷтамаъҳо, марказҳои мероси хаттӣ ва бостонӣ, марказҳои табиию таърихӣ, хона-осорхонаҳо ва ташкилотњои мансуб ба таъриху фарҳанги миллӣ ва миллатҳои дигари муқим;

- таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи мероси таърихию фарҳангӣ, мероси моддӣ ва ғайримоддӣ;

- муайян намудани њолати воќеии мероси таърихию фарњангї ва манзур намудани пешниҳоду таклифҳо оид ба идоракунии онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омода намудани рӯйхати муқаддамотӣ оид ба пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии миллӣ, шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва санаҳои муҳимми таърихии миллӣ ба ЮНЕСКО;

- назорати раванди пешбурди фаъолияти мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии соҳавӣ, ташкилотҳои тармиму барқарорсозӣ, осорхонаҳо, пойгоҳҳои илмию бостоншиносӣ, муҷтамаъҳо, марказҳои бостонӣ, марказҳои мероси хаттӣ ва табиию таърихӣ, хона-осорхонаҳо, муассисаҳои мансуб ба таъриху фарҳанги миллӣ, ки дар тобеияти Агентӣ қарор доранд ва муассисаҳои мансуб ба таъриху фарҳанги миллатҳои дигари муқим;

- ба имзо расонидани созишнома ва санадҳои дигар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ;

- мусоидат ба омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷаҳои тахассусии илмӣ ва таъмини бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа;

- ташкил ва гузаронидани корҳои илмию методӣ, лоиҳавӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ;

- амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ;

- таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои соҳавии ташкилотҳои зерсохтор дар самти бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд;

- таъмини риояи талаботи махсуси нигоҳдории объектҳои мероси манқул ва ғайриманқул, сарватҳои мероси ғайримоддӣ;

- ҷалб намудани иттифоқҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба корҳои тарғиботӣ оид ба бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкал, муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд;

- дар доираи ваколат таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкал, муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд;

- нашри адабиёти илмӣ, ихтисосӣ, маводди методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии соҳавӣ;

- таъсиси муассисаҳои истеҳсоли маводди тармиму барқарорсозии воридотивазкунанда: хиштҳои навъ ва шаклашон гуногун, рӯйкашҳои сафолӣ, қошинҳо, шишаҳои ранга, бомпӯшҳо ва ниёзҳои дигари соҳавӣ;

- таъсиси портали ягонаи давлатӣ, махзани маълумоти иттилооти соҳавӣ, таъмини рақамикунии соҳа, низомҳои иттилоотии ташкилотҳои зертобеъ ва ҳамоҳангсозии онҳо, ҳуҷҷатгузории электронӣ;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намудани санадҳои ҳуқуқӣ оид ба таъмини заминаи моддию техникӣ, низоми молиявӣ, меъёрҳои маблағгузорӣ, меъёри музди меҳнат ва маоши вазифавии кормандони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо;

- дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор амалӣ намудани таҳсили кормандони соҳавӣ ҷиҳати такмили тахассус дар хориҷи кишвар;

- тибқи тартиби муқарраргардида назорати пешбурди фаъолияти касбӣ ва молиявии ташкилотҳои зерсохтор;

- таҳкимбахшии заминаи моддӣ ва техникии ташкилотҳои зерсохтор;

- тасдиқи оинномаҳои ташкилотҳои дахлдори зерсохтор;

- иштирок дар кори шуроҳои илмӣ ва комиссияҳои илмию методӣ;

- мусоидат ба пешбурди фаъолияти илмию истеҳсолӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмии кормандон дар ташкилотҳои зерсохтор;

- амалисозии ҳамкориҳои соҳавӣ бо ташкилотҳои касбии илмии ватанӣ ва байналмилалӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мавриди бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи ваколати худ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. ҲУҚУҚҲОИ АГЕНТӢ

6. Агентӣ тибқи ваколатҳои дар доираи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

- механизми муосири идоракунӣ ва маблағгузории ташкилотҳои соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва истеҳсоли маводди тармиму барқарорсозиро ба роҳ монад;

- муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддиро ба ЮНЕСКО амалӣ намояд;

- берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбудро назорат намояд;

- истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, маҳаллӣ ва сармоягузории дохилию хориҷиро таъмин намояд;

- ба рушди муассисаҳои соҳавӣ мусоидат кунад;

- фаъолияти ташкилотҳои соҳаи бақайдгирӣ, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд, мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии соҳавӣ, ташкилотҳои тармиму барқарорсозӣ, осорхонаҳо, пойгоҳҳои илмию бостоншиносӣ, муҷтамаъҳо, марказҳои бостонӣ, марказҳои табиию таърихӣ, хона-осорхонаҳо ва ташкилотҳои мансуб ба таъриху фарҳанги миллӣ ва миллатҳои дигари муқимро ҳамоҳанг созад;

- бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд ҳамкорӣ намуда, ба онҳо кумаки илмӣ ва методӣ расонад;

- бо тартиби муқарраргардида оид ба масъалаҳои бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд, конференсия, семинар, симпозиум, анҷуман ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар намоишгоҳ ва озмунҳои илмию оммавии байналмилалӣ ширкат варзад;

- ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро дар самти рушди бақайдгирӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, тармиму барқарорсозӣ, бостоншиносӣ ва осорхонашиносӣ таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд;

- маълумоти омориро оид ба бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифзу тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд, мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии соҳавӣ, ташкилотҳои тармиму барқарорсозӣ, осорхонаҳо, пойгоҳҳои илмию бостоншиносӣ, муҷтамаъҳо, марказҳои бостонӣ, марказҳои табиию таърихӣ, хона-осорхонаҳо ва ташкилотҳои мансуб ба таъриху фарҳанги миллӣ ва миллатҳои дигари муқимро таҳлил карда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- иттилоотикунонӣ ва тарғиби соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, тармиму барқарорсозӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангиро таъмин ва корҳои табъу нашриявиро ба роҳ монад;

- оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирӣ, ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, тармиму барқарорсозӣ, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

- оид ба масъалаҳои бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд, мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии соҳавӣ, ташкилотҳои тармиму барқарорсозӣ, осорхонаҳо, пойгоҳҳои илмию бостоншиносӣ, муҷтамаъҳо, марказҳои мероси хаттӣ ва бостонӣ, марказҳои табиию таърихӣ, хона-осорхонаҳо ва ташкилотҳои мансуб ба таъриху фарҳанги миллӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намояд ва шартнома ба имзо расонад;

- бо тартиби муқарраргардида пешбурди фаъолияти мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шуро ва комиссия)-ро таъмин намояд;

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои дигарро амалӣ намояд.

4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ

7. Агентиро директор роҳбарӣ мекунад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

8. Директори Агентӣ дорои ду муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.

9. Директор дар доираи ваколатҳои худ:

- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда дар самти амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бақайдгирӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, тармим ва истифодабарии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат ва санаҳои бузурги таърихӣ, пешниҳоди ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО, осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои мероси таърихию фарҳангӣ, эъмори ҳайкалу муҷассама ва лавҳаҳои ёдбуд, марказҳои мероси хаттӣ ва бостонӣ, ташкилотҳои мансуб ба таъриху фарҳанги миллӣ масъул мебошад;

- роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро амалӣ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ фармоиш қабул менамояд;

- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои низоми Агентӣ ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Агентиро тасдиқ менамояд;

- уҳдадориҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;

- сохтор ва ҷадвали басти вазифаҳои Агентиро тибқи тартиби муқарраршуда дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва харҷномаи ягонаи даромад ва хароҷоти Агентиро дар доираи маблағгузории барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Агентӣ ва роҳбарону муовинони роҳбарони ташкилотҳои зертобеъро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои зерсохтори Агентӣ пешниҳод манзур месозад;

- ба роҳбарони ташкилотҳои зертобеи Агентӣ дастуру супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргадида кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, воҳидҳои сохтории тобеъро ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои дарёфти мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ваколатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд.

10. Дар Агентӣ таҳти роҳбарии директори Агентӣ ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он муовинони директори Агентӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯйи мансаб дохил мешаванд, бо пешниҳоди директори Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

11. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо фармоиши директори Агентӣ ба расмият дароварда мешаванд.

12. Маблағгузории Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.

13. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, муҳр ва штампҳои дахлдор, тамғаи Агентӣ, бланкҳои шаклашон муқарраргардида, тавозуни мустақили аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда мебошад.

14. Суроғаи ҳуқуқии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон, 21.


Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 августи соли 2024, № 471

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати назорат ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ

Раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникӣ

Шуъбаи экспертиза ва феҳристнигорӣ

Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ

Шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва ҳуқуқ

Шуъбаи молиявию банақшагирӣ ва муҳосибот

Шуъбаи коргузорӣ

Бахши иттилоотӣ ва рақамикунонӣ

Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 августи соли 2024, № 471


Номгӯйи ташкилотҳои низоми Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»

2. Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор»

3. Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук»

4. Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара»

5. Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ»

6. Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм ва осорхонаи 5500-солагии Саразм»

7. Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии Бибихонум»

8. Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Тегузак»

9. Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Қубодиён»

10. Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносӣ ва мардумшиносии Истаравшан»

11. Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан»