Низомномаи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, № 436

Санаи амалкуни: 31.07.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024, № 436

Низомномаи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 №510)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ таъмин менамояд.

2. Кумита фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомномаи мазкур) амалӣ менамояд.

3. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА

4. Кумита дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи коммуналӣ, идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов (канализатсия), беҳдошт, баровардану безарар намудани партовҳо, ободонӣ, нигоҳдошти фонди манзил ва сабзазоркунӣ;

- муайян намудани самаранокӣ, мутобиқат ва имконпазирии фаъолияти объектҳои экспертизашаванда ба талаботи қонунгузории соҳавӣ, пешгирии омилҳои ба иншооти коммуналӣ таъсиррасонанда;

- тасдиқи барномаҳои мақсадноки минтақавӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти дигари коммуналӣ;

- ташкил ва гузаронидани мониторинги соҳа, пешгӯйӣ ва омӯзиши мунтазами вазъи таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналӣ, таҳлили пайдоиш ва ҷараёни омилҳои ба соҳа таъсиррасонанда;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронидани санҷишҳои техникӣ ва аудити технологии шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти дигари коммуналӣ;

- гузаронидани таҳқиқот ва омӯзиши масъалаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, низоми таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ;

- ташкил ва пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи лоиҳаҳои консепсия, стратегия, барнома ва нақшаҳои амал дар самти таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои дигари коммуналӣ, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати хизматрасониҳои коммуналӣ, нақшаи маҷмуии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ, иштирок ва назорат дар амалисозии онҳо;

- таҳия ва амалисозии механизмҳои нави иқтисодии истифодабарии иншооти коммуналӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои методӣ ва тавсияҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ташкил, идоракунӣ ва ташаккули манбаъҳои маблағгузории махсуси соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷиҳати ба роҳ мондани барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ, ҳавасмандгардонии кормандони соҳа ва таъминоти онҳо бо воситаҳои махсус;

- ташкил ва пешбурди фаъолияти фонди манзилию коммуналӣ, таъмин ва назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳои он;

- назорати истифодаи самараноки маблағҳои барои лоиҳаҳои таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов сармоягузоришаванда;

- мусоидат барои ҷалби маблағҳои грантӣ, сармоягузорӣ ҷиҳати амалигардонии консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ оид ба хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов, кашонидану безарар намудани партовҳо, беҳдошт ва сабзазоркунӣ;

- таъмини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилоот дар бораи хизматрасониҳои коммуналӣ;

- назорати пайваст ва насб намудани асбобҳои баҳисобгирии оби ошомиданӣ мутобиқи стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаткунанда дар шоҳқубурҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва биноҳо;

- танзими меъёрҳои истифодабарии оби ошомиданӣ аз ҷониби истеъмолкунандагон, инчунин ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбасти маълумот оид ба истифодаи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;

- таъсис ва истифодаи махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ дар бораи шабака ва манбаъҳои таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов;

- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини амалисозии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои соҳавии байнидавлатӣ ва минтақавӣ;

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ташаккули тарбияи дуруст оид ба истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, хизматрасонии рафъи обҳои партов, беҳдошт ва гигиена тавассути воситаҳои ахбори омма, гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотию таблиғотӣ доир ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;

- баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бозбинӣ намудани тарифҳои ҳаққи хизматрасонии корхонаҳои соҳа;

- тасдиқ намудани талабот ба сохтмони иншоот дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодабарии иншооти инфрасохтори он, номгӯйи иншооте, ки вобаста ба онҳо асоснокии техникию иқтисодӣ таҳия гардидааст, лоиҳаҳои қолабӣ ва хуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷотӣ;

- иштирок дар танзими давлатии раванди сармоягузории соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорон, инчунин ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ вобаста ба маблағгузории Кумита.

5. Кумита дорои ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КУМИТА

6. Кумита дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқҳои зерин дорад:

- амалӣ намудани санҷиш ва назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста ба тобеият ва шакли моликият оид ба таъмини оби нӯшокӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналии дигар;

- назорати давлатӣ оид ба муҳофизати манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва объектҳои дигар;

- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардани кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ;

- гузаронидани таҳқиқоти таҳлилӣ, инструменталӣ ва лаборатории ҳолати оби ошомиданӣ;

- додани хулоса ва шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои магистралии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тибқи қоидаҳои истифодабарии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба субъектҳои хоҷагидор, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ;

- таҳия ва тасдиқи механизмҳои муосири иқтисодии истифодабарии самараноки ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои корҳои ҷустуҷӯйӣ, таҷрибавию конструкторӣ, бунёди технологияҳои нави пешқадам дар соҳа;

- таҳия ва нашри гузоришҳои миллӣ, ҳисоботҳо оид ба вазъи мавҷудаи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ташкил намудани захираи давлатии иттилоотӣ оид ба вазъи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, инчунин феҳристи шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ;

- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ ва бастани шартномаҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- таҳия ва тасдиқи дастурҳои методӣ ва меъёрӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- пешниҳоди даъво ба суд оид ба ҷуброни зараре, ки дар самти таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналии дигар расонида шудааст;

- амалӣ намудани ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил, таъмини низоми маҷмуии мониторинги вазъи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи ваколатҳои худ;

- баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ташкили феҳристи шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби ошомиданию рафъи обҳои партов ва иншооти дигари коммуналӣ;

- интишори иттилоот оид ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- таҳия ва тасдиқи намуди сару либоси дорои аломати фарқкунандаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- таъсиси шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои машваратию экспертии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ҷалби ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисон ба ҳалли масъалаҳои ҳалталаби соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, махсусан таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба ҷаласаҳои худ даъват намудани роҳбарони дахлдори вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- анҷом додани фаъолияти нашрӣ, полиграфӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- дар доираи ваколатҳои худ бастани шартномаҳо бо вазорату идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;

- баргузор намудани конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои дигари коммуналӣ.

7. Кумита дар доираи ваколатҳои худ уҳдадориҳои зерин дорад:

- риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар сатҳи байналмилалӣ;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати амалисозии санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди гузориш оид ба ҳолати амалисозии онҳо;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, риояи талаботи беҳдошту гигиенӣ, инчунин пешниҳоди маводди иттилоотӣ ва илмию методӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки бо фаъолият дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ машғуланд;

- амалӣ намудани уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.

4. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

8. Ба Кумита раис роҳбарӣ менамояд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

9. Раиси Кумита се муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Муовинон дар назди раис ҳисоботдиҳанда мебошанд ва ӯ назорати фаъолияти хизматии онҳоро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 №510).

10. Ваколатҳои раиси Кумита:

- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро таъмин намуда, кори онро ташкил менамояд;

- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;

- доираи ваколатҳои муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро муайян менамояд;

- аз номи Кумита баромад намуда, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар масъалаҳои ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандон, гузаронидани аттестатсия, озмун, ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ, такмил ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар ва муовинони роҳбари ташкилотҳои низоми Кумитаро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд ва барои таъин ва озод намудани роҳбарони корхонаҳои фаръии низоми Кумита розигии хаттӣ медиҳад;

- шурои илмию техникиро дар Кумита таъсис ва ҳайати онро тасдиқ менамояд;

- рӯйхати маълумоти дорои сирри давлатиро муайян менамояд;

- фонди музди меҳнат, басти воҳидҳои корӣ, сметаи ягонаи даромад ва хароҷот, оинномаҳо, низомномаҳо ва нақшаҳои кории воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Кумитаро тасдиқ менамояд, инчунин ҳисоботи онҳоро мешунавад;

- доир ба нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии воҳиди кормандон ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- комиссияҳои муваққатӣ ва доимоамалкунандаро таъсис медиҳад ва тартиби фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;

- ҷаласаҳои истеҳсолӣ ва назоратиро ташкил медиҳад;

- тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии кормандони Кумита ва ташкилотҳои тобеи онро ташкил менамояд;

- масъалаҳои хизмати давлатиро дар Кумита баррасӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва сохторҳои онро барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ пешниҳод менамояд;

- кормандонро ҳавасманд менамояд, инчунин ба онҳо ҷазои интизомӣ медиҳад;

- фармоишҳо, қарорҳо, дастурамалҳо, тавсияҳои методӣ қабул намуда, иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил намуда, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳоро дар муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом медиҳад ва ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳоро таъмин менамояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, ба курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои дорои хусусияти сайёр ва сафарҳои хизматӣ, корҳои саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар маҳалро муқаррар месозад;

- фармоишу супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони Кумита ва ташкилотҳои низоми Кумита ҳатмӣ мебошад;

- бо хизматчиёни давлатӣ ва гражданӣ (ҳайати хизматрасон ва техникӣ) тибқи тартиби муқаррарнамуда шартномаҳо (қарордодҳо)-и меҳнатӣ мебандад, ба онҳо тағйирот медарорад ва онҳоро бекор мекунад;

- нақшаҳои кор барои ҳар нимсола ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои нақшаи идоракунии Кумита ва ҳисоботи иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;

- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд.

11. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита мувофиқи самти асосии фаъолияти худ аз раёсат, шуъба ва бахшҳо иборат мебошанд.

12. Дар Кумита ҳайати мушовара дар ҳайати раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовини якум ва муовинони раис, инчунин аз ҳисоби кормандони дигари роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 №510).

13. Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои шахсоне, ки ба он аз рӯйи мансаб дохил мешаванд, бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз ҳайати мушовара хориҷ карда мешаванд.

14. Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара масъалаҳои фаъолияти кории воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита баррасӣ мегарданд.

15. Ҷаласаи ҳайати мушовара ҳангоми иштирок доштани аксарияти аъзои он гузаронида мешавад.

16. Қарорҳои ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд.

17. Кумита дар доираи ваколатҳои худ фармоиш қабул менамояд. Ҳангоми набудани раис, ваколатҳои ӯ ба муовини якуми раис вогузор карда мешаванд. Дар сурати набудани муовини якуми раис, ваколатҳои ӯ ба яке аз муовинони раис вогузор карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025№510).

18. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва манбаъҳои маблағгузории дигар мувофиқи тартиби муқарраргардида тавассути суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

19. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, рамз, бланк ва штамп мебошад.

20. Кумита дорои молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, тавозуни мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартнома бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ё ҷавобгар баромад намояд.

21. Маҳалли ҷойгиршавии Кумита - шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, 56.

Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024, № 436

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати назорати таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 №510)

Раёсати фонди манзил (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 №510)

Шуъбаи идоракунии хизматрасониҳои коммуналӣ, ободонӣ ва кабудизоркунӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 №510)

Шуъбаи молия, иқтисод ва баҳисобгирии муҳосиби

Шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсус

Бахши рақамикунонӣ, таъминоти низоми биллингӣ ва робита бо ҷомеа

Бахши муносибатҳои байналмилалӣ

Бахши котибот, коргузорӣ ва назорат

Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024, № 436

Номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони асосӣ ва таъмир»

Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар самти таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024, № 436

Низомномаи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ таъмин менамояд.

2. Кумита фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомномаи мазкур) амалӣ менамояд.

3. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА

4. Кумита дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи коммуналӣ, идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов (канализатсия), беҳдошт, баровардану безарар намудани партовҳо, ободонӣ, нигоҳдошти фонди манзил ва сабзазоркунӣ;

- муайян намудани самаранокӣ, мутобиқат ва имконпазирии фаъолияти объектҳои экспертизашаванда ба талаботи қонунгузории соҳавӣ, пешгирии омилҳои ба иншооти коммуналӣ таъсиррасонанда;

- тасдиқи барномаҳои мақсадноки минтақавӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти дигари коммуналӣ;

- ташкил ва гузаронидани мониторинги соҳа, пешгӯйӣ ва омӯзиши мунтазами вазъи таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналӣ, таҳлили пайдоиш ва ҷараёни омилҳои ба соҳа таъсиррасонанда;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронидани санҷишҳои техникӣ ва аудити технологии шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти дигари коммуналӣ;

- гузаронидани таҳқиқот ва омӯзиши масъалаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, низоми таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ;

- ташкил ва пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи лоиҳаҳои консепсия, стратегия, барнома ва нақшаҳои амал дар самти таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои дигари коммуналӣ, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати хизматрасониҳои коммуналӣ, нақшаи маҷмуии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ, иштирок ва назорат дар амалисозии онҳо;

- таҳия ва амалисозии механизмҳои нави иқтисодии истифодабарии иншооти коммуналӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои методӣ ва тавсияҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ташкил, идоракунӣ ва ташаккули манбаъҳои маблағгузории махсуси соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷиҳати ба роҳ мондани барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ, ҳавасмандгардонии кормандони соҳа ва таъминоти онҳо бо воситаҳои махсус;

- ташкил ва пешбурди фаъолияти фонди манзилию коммуналӣ, таъмин ва назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳои он;

- назорати истифодаи самараноки маблағҳои барои лоиҳаҳои таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов сармоягузоришаванда;

- мусоидат барои ҷалби маблағҳои грантӣ, сармоягузорӣ ҷиҳати амалигардонии консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ оид ба хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов, кашонидану безарар намудани партовҳо, беҳдошт ва сабзазоркунӣ;

- таъмини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилоот дар бораи хизматрасониҳои коммуналӣ;

- назорати пайваст ва насб намудани асбобҳои баҳисобгирии оби ошомиданӣ мутобиқи стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаткунанда дар шоҳқубурҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва биноҳо;

- танзими меъёрҳои истифодабарии оби ошомиданӣ аз ҷониби истеъмолкунандагон, инчунин ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбасти маълумот оид ба истифодаи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;

- таъсис ва истифодаи махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ дар бораи шабака ва манбаъҳои таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов;

- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини амалисозии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои соҳавии байнидавлатӣ ва минтақавӣ;

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ташаккули тарбияи дуруст оид ба истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, хизматрасонии рафъи обҳои партов, беҳдошт ва гигиена тавассути воситаҳои ахбори омма, гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотию таблиғотӣ доир ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;

- баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бозбинӣ намудани тарифҳои ҳаққи хизматрасонии корхонаҳои соҳа;

- тасдиқ намудани талабот ба сохтмони иншоот дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодабарии иншооти инфрасохтори он, номгӯйи иншооте, ки вобаста ба онҳо асоснокии техникию иқтисодӣ таҳия гардидааст, лоиҳаҳои қолабӣ ва хуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷотӣ;

- иштирок дар танзими давлатии раванди сармоягузории соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорон, инчунин ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ вобаста ба маблағгузории Кумита.

5. Кумита дорои ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КУМИТА

6. Кумита дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқҳои зерин дорад:

- амалӣ намудани санҷиш ва назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста ба тобеият ва шакли моликият оид ба таъмини оби нӯшокӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналии дигар;

- назорати давлатӣ оид ба муҳофизати манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва объектҳои дигар;

- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардани кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ;

- гузаронидани таҳқиқоти таҳлилӣ, инструменталӣ ва лаборатории ҳолати оби ошомиданӣ;

- додани хулоса ва шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои магистралии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тибқи қоидаҳои истифодабарии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба субъектҳои хоҷагидор, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ;

- таҳия ва тасдиқи механизмҳои муосири иқтисодии истифодабарии самараноки ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои корҳои ҷустуҷӯйӣ, таҷрибавию конструкторӣ, бунёди технологияҳои нави пешқадам дар соҳа;

- таҳия ва нашри гузоришҳои миллӣ, ҳисоботҳо оид ба вазъи мавҷудаи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ташкил намудани захираи давлатии иттилоотӣ оид ба вазъи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, инчунин феҳристи шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншооти коммуналӣ;

- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ ва бастани шартномаҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- таҳия ва тасдиқи дастурҳои методӣ ва меъёрӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- пешниҳоди даъво ба суд оид ба ҷуброни зараре, ки дар самти таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналии дигар расонида шудааст;

- амалӣ намудани ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил, таъмини низоми маҷмуии мониторинги вазъи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи ваколатҳои худ;

- баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ташкили феҳристи шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби ошомиданию рафъи обҳои партов ва иншооти дигари коммуналӣ;

- интишори иттилоот оид ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- таҳия ва тасдиқи намуди сару либоси дорои аломати фарқкунандаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- таъсиси шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои машваратию экспертии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ҷалби ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисон ба ҳалли масъалаҳои ҳалталаби соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, махсусан таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба ҷаласаҳои худ даъват намудани роҳбарони дахлдори вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- анҷом додани фаъолияти нашрӣ, полиграфӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- дар доираи ваколатҳои худ бастани шартномаҳо бо вазорату идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;

- баргузор намудани конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои дигари коммуналӣ.

7. Кумита дар доираи ваколатҳои худ уҳдадориҳои зерин дорад:

- риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар сатҳи байналмилалӣ;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати амалисозии санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди гузориш оид ба ҳолати амалисозии онҳо;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, риояи талаботи беҳдошту гигиенӣ, инчунин пешниҳоди маводди иттилоотӣ ва илмию методӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки бо фаъолият дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ машғуланд;

- амалӣ намудани уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.

4. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

8. Ба Кумита раис роҳбарӣ менамояд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

9. Раиси Кумита ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Муовинон дар назди раис ҳисоботдиҳанда мебошанд ва ӯ назорати фаъолияти хизматии онҳоро амалӣ менамояд.

10. Ваколатҳои раиси Кумита:

- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро таъмин намуда, кори онро ташкил менамояд;

- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;

- доираи ваколатҳои муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро муайян менамояд;

- аз номи Кумита баромад намуда, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар масъалаҳои ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандон, гузаронидани аттестатсия, озмун, ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ, такмил ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар ва муовинони роҳбари ташкилотҳои низоми Кумитаро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд ва барои таъин ва озод намудани роҳбарони корхонаҳои фаръии низоми Кумита розигии хаттӣ медиҳад;

- шурои илмию техникиро дар Кумита таъсис ва ҳайати онро тасдиқ менамояд;

- рӯйхати маълумоти дорои сирри давлатиро муайян менамояд;

- фонди музди меҳнат, басти воҳидҳои корӣ, сметаи ягонаи даромад ва хароҷот, оинномаҳо, низомномаҳо ва нақшаҳои кории воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Кумитаро тасдиқ менамояд, инчунин ҳисоботи онҳоро мешунавад;

- доир ба нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии воҳиди кормандон ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- комиссияҳои муваққатӣ ва доимоамалкунандаро таъсис медиҳад ва тартиби фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;

- ҷаласаҳои истеҳсолӣ ва назоратиро ташкил медиҳад;

- тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии кормандони Кумита ва ташкилотҳои тобеи онро ташкил менамояд;

- масъалаҳои хизмати давлатиро дар Кумита баррасӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва сохторҳои онро барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ пешниҳод менамояд;

- кормандонро ҳавасманд менамояд, инчунин ба онҳо ҷазои интизомӣ медиҳад;

- фармоишҳо, қарорҳо, дастурамалҳо, тавсияҳои методӣ қабул намуда, иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил намуда, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳоро дар муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом медиҳад ва ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳоро таъмин менамояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, ба курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои дорои хусусияти сайёр ва сафарҳои хизматӣ, корҳои саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар маҳалро муқаррар месозад;

- фармоишу супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони Кумита ва ташкилотҳои низоми Кумита ҳатмӣ мебошад;

- бо хизматчиёни давлатӣ ва гражданӣ (ҳайати хизматрасон ва техникӣ) тибқи тартиби муқаррарнамуда шартномаҳо (қарордодҳо)-и меҳнатӣ мебандад, ба онҳо тағйирот медарорад ва онҳоро бекор мекунад;

- нақшаҳои кор барои ҳар нимсола ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои нақшаи идоракунии Кумита ва ҳисоботи иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;

- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд.

11. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита мувофиқи самти асосии фаъолияти худ аз раёсат, шуъба ва бахшҳо иборат мебошанд.

12. Дар Кумита ҳайати мушовара дар ҳайати раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовини якум ва муовини раис, инчунин аз ҳисоби кормандони дигари роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита таъсис дода мешавад.

13. Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои шахсоне, ки ба он аз рӯйи мансаб дохил мешаванд, бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз ҳайати мушовара хориҷ карда мешаванд.

14. Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара масъалаҳои фаъолияти кории воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита баррасӣ мегарданд.

15. Ҷаласаи ҳайати мушовара ҳангоми иштирок доштани аксарияти аъзои он гузаронида мешавад.

16. Қарорҳои ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд.

17. Кумита дар доираи ваколатҳои худ фармоиш қабул менамояд. Ҳангоми набудани раис, ваколатҳои ӯ ба муовини якуми раис вогузор карда мешаванд. Дар сурати набудани муовини якуми раис, ваколатҳои ӯ ба муовини раис вогузор карда мешаванд.

18. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва манбаъҳои маблағгузории дигар мувофиқи тартиби муқарраргардида тавассути суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

19. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, рамз, бланк ва штамп мебошад.

20. Кумита дорои молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, тавозуни мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартнома бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ё ҷавобгар баромад намояд.

21. Маҳалли ҷойгиршавии Кумита - шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, 56.

Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2024, № 436

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати назорати таъмини оби ошомиданӣ

Шуъбаи рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналӣ